19:12:48 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28  

ДУНЁ ҲАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ ҚОБИЛ АСТ!

 

Яке аз масъалаҳои муҳими тараққиёти ҳар кишвар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун ба шумор меравад. Самаранок истифода бурдани кадрҳои баландихтисос ҳамчун заминаи омода сохтани захираҳои муҳими масъалаҳои стратегӣ шинохта шудааст. Дар кишварҳои мутараққӣ барои дуруст ба роҳ мондани захираҳои кадрӣ ва сари вақт пур намудани соҳаҳои ниёзманди кадрӣ, бо таҳлили ҳамаҷонибаи дурнамои он аз ҷониби коршиносон, барномаҳои мушаххасе тарҳрезӣ гардида, мавриди истифода қарор мегиранд.

internet cafeДар кишвари мо низ, ҳамасола баъди ҷамъбасти солонаи фаъолияти сохторҳову идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, як қатор тағйиротҳои кадрӣ ба амал оварда мешаванд. Мақсад аз тағйироти кадрӣ, ин беҳбудии кор, ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳ мондани тарзҳои нави пешбарии фаъолият, ба замона мутобиқ сохтани соҳа, ниҳоят ба пешравии ҷомеаи кишвар ҳиссагузорӣ кардан мебошад. Албатта, саҳмгузорӣ ба пешравии ҷомеа ҳатман вазифаи баландро тақозо намекунад. Ҳар як фарди ҷомеа метавонад дар тараққиёти кишвар бо масъулияти баланд дар соҳаи худ ҳиссагузор бошад.

Аз ҷониби Президенти кишвар то ба имрӯз дар Шӯрои амният, Вазорати корҳои дохила, Вазорати маориф, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати адлия, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дигар идораву муассисаҳои давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ ворид карда шуд.

Оид ба тағйироти кадрии имсолаи сохторҳову идораҳои давлатӣ, ки ҳанӯз дар ҳоли идома аст, изҳори назарҳо гуногунанд. Аксарият, албатта тағйироти кадрии то ба имрӯз анҷомшударо хуш пазируфтаанд. Вале иддаи дигаре аз намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ноумедона назарпардозӣ мекунанд. Аз рӯи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки бояд сафи кадрҳои соҳиби вазифа аз ҷумлаи кадрҳои ҷавон пур карда шавад ва итминони комил ҳам доранд, ки дар байни ҷавонони тоҷик аллакай мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҷомеа барои кор кардан омодаанд.

Албатта, аз таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ истифода кардан ҷойи бадие надорад, вале шахсан ман фикр мекунам, ки на ҳама ҷавонони мо то ба имрӯз барои ишғоли вазифаҳои масъулиятнок тайёранд. Зеро баъди ҷанги шаҳрвандӣ системаи кадртайёркунӣ ва самаранок истифода бурдани онҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардид. Иддаи зиёди ҷавонон, барои таҳсил ба хориҷ рӯ оварда, донишгоҳҳои исломии кишварҳои Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Мисрро интихоб намуданд.

Дар натиҷа, бештари хатмкунандагони донишгоҳҳои мазкур баъди баргаштан, ба ҷуз аз риштаҳои динӣ, дар соҳаҳои дигари ҷомеа наметавонанд фаъолият кунанд. Мутаассифона, маҳз ба донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ рӯй овардани ҷавонон боиси ба майдон омадани ҳама гуна равияҳои ба мазҳаби мо бегона ва гумроҳии ҷавонони ноогоҳ гардиданд. Яъне таҳсил дар хориҷи кишвар на ҳама вақт самараи хуб медиҳад, ба ҷои манфиат овардан, баръакс ихтилофи назарҳо нисбат ба ҷомеаи имрӯза ва қабули фарҳанги бегонаро ихтиёр карданд.

Дар тафовут аз ҷавонони мазкур ба наздикӣ аз синну соли профессори донишгоҳ ва донишманди улуми ҳастаии кишвари Эрон Мустафо Аҳмади Равшан, ки ахиран мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифта буд, дар ҳайрат шудам. Мусаллам аст, ки ин олими ҷавонмарг дар кишвари исломӣ зиндагӣ карда, муқаддасоту қавоиди диниро низ риоя намуда, дар баробари он соҳаи ҳастаиро ба авҷи аъло расонида буд. Комёб шудан дар риштаи мураккаби илмӣ дар овони ҷавонӣ худ қаҳрамонист. Аммо имрӯз мо дар соҳаҳои тақдирсози ҷомеа аз лиҳози кадрӣ танқисӣ мекашем.

Ҳолатҳои дигаре, низ ҷой доранд, ки сабаби камбуди мутахассисони соҳавӣ аз байни ҷавонон гардидаанд. Дар байни ҷавонони тоҷике, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар илмҳои дунявӣ таҳсил мекунанд, ҳиссиёти ватандӯстию ватанпарастӣ коста гардида, бештари онҳо аз зиндагии бофароғати кишварҳои мутараққӣ бохабар шуда, хоҳиши ба Тоҷикистон баргаштан ва амалӣ сохтани донишҳои андӯхтаашонро надоранд. Фоизи ниҳоят ками ҷавонон баъди фориғуттаҳсил шудан аз донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ майли дар ватани хеш фаъолият кардан ва ҳадафи обод сохтани кишварро доранд.

Омили дигари ба вазифаҳои роҳбарӣ ҷалб нагардидани ҷавонон – ин гурез аз вазифаҳои бар дӯши ҷавонон вогузошта мебошад. Ҳиссаи ниҳоят ками ҷавонон довталабона ба хизмати артиш мераванд, боқимонда аз хизмат ба Ватан гурезонанд. Дар замони шӯравӣ артиш чун мактаби хаёт ҷавононро барои тамоми шароити зиндагӣ обутоб медод. Яке аз сабабҳои тангназарии ҷавонони имрӯзаи мо низ ҳамин аст, ки мактаби ҳаётро нагузашта, якбора мехоҳанд по ба арсаи сиёсат гузоранд. Дар ҳоле, ки имрӯз ҷавонони ҷаҳон бо донистани ду ё се забони хориҷӣ қаноатманд набуда, якчанд забонро аз худ мекунанд, мутаассифона, аксарияти ҷавонони кишвари мо ҳатто забони модарии худро хуб намедонанд.

Бинобар ин ҳам эроди аксари коршиносони кишвар нисбати тағйиротҳои кадрӣ оид ба «ҷавон нагардидани кадрҳо» то андозае шарҳи муфассалро тақозо менамояд. Хуб мебуд агар онҳое, ки дар ин бора изҳори ақида кардаанд, чеҳраҳои арзандаи ҷавононро ба таври мушаххас номбар мекарданд.

Имрӯз бошад, кадрҳои соҳибтаҷрибае, ки бо кордонии хеш ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта буданд, ба вазифаҳои нав таъин гардиданд, то бори дигар мутахассиси соҳа будани хешро нишон диҳанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст!».

Махфират Дадабоева - ҷомеашинос



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi