00:27:07 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

РАҲМОН: "ҶАҲОН БА БАШОРАТИ АХЛОҚИИ НАВРӮЗ НИЁЗ ДОРАД"

Таҷлили расмии "Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012" дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Душанбе оғоз ёфт. Нахуст Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии "Наврӯз-2012"-ро ифтитоҳ бахшида ва ин иди ҷаҳониро барои кулли мардуми дунё табрик гуфт.

/images/stories/2012/03/25_janobon-25312.jpgҶаноби Раҳмон Наврӯзро ниёзе барои ҷаҳон арзёбӣ кард ва гуфт, "эътирофи Наврӯз аз сӯи Созмони Милал ҳаргиз иқдоми тасодуфӣ нест." Ба таъкиди ӯ, ҷашни ҷаҳонии Наврӯз на танҳо дар рушди тамаддуни башарӣ саҳмгузор аст, балки ҷаҳон бештар аз ҳар вақти дигар ба башорати ахлоқии Наврӯз ниёз дорад.

Ин аст, ки ба таъкиди президенти Тоҷикистон доираи Наврӯз рӯз то рӯз васеъ мешавад. Яъне, на танҳо кишварҳои таҷлилкунанди ин ҷашн, балки дигарон низ аз он истиқбол ва ид мекунанд. Ба гуфтаи Раҳмон, миллати тоҷик дар фосилаи ҳазорсолаҳо ҷашни Наврӯзро дар баробари забони модарии худ ҳифз карданд. Зеро ба таъкиди президенти Тоҷикистон фарҳанги наврӯзӣ хислату ҷавҳари инсонсоз дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба бузургӣ ва вижагии ойину суннати Наврӯз бар ҳифзу ҳимояти хусусиятҳои наврӯз таъкид кард. Дар поёни сухани худ, президент Раҳмон, ҳама мардуми ҳавзаи Наврӯз ва ҷаҳониёнро бо ҷашни бошукӯҳи Наврӯзро табрик намуд.

Карзай: "Наврӯз решаҳои қавии таърихӣ дорад"

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон аз Наврӯз ба унвони ҷашни шукуфоии инсон ном бурд ва гуфт, "ин ид ба унвони ҷашни миллӣ ва бостонӣ решаҳои қавии таърихӣ дорад."

Вай Балхро макони аслии Наврӯз унвон кард ва гуфт, ҷашни "Гули Сурх" дар ин вилояти Афғонистон, ки мардуми тамоми манотиқи кишварро гирди ҳам меорад, омили таҳкими сулҳу ваҳдати инсон аст. Ба таъкиди ҷаноби Карзай, Наврӯз воқеан ҷашни ҷаҳонист ва осори ҳазорсола дар бораи Наврӯз далели ин аст.

Чун ба таъкиди вай  дар тӯли ҳазорсола таълифоте дар бораи иди Наврӯз тавассути шоирону нависандагон ва муаррихон эҷод шудааст, ки аз ҷашни башарӣ будани Наврӯз дарак медиҳад. Ба таъкиди раисиҷумҳури Афғонистон, имрӯз бояд Наврӯз бо тамоми суннату ойинаш ҳифз ва барои пасояндагон ба мерос гузошта шавад.

Аҳмадинажод: "Паёми Наврӯз паёми сулҳи ҷаҳонист"

Маҳмуди Аҳмадинажод, севумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанберо фурсати хубе барои густариши иртиботи фарҳангӣ, тақвияти дӯстӣ ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ арзёбӣ кард ва гуфт, "аз ин фурсат бояд гомҳои муассире бардошта шавад."

Ба таъкиди Аҳмадинажод, "Наврӯз аз мо даъват мекунад, то дар муқобили мутаҷовизон, ки ҳуқуқи башарро гирифтаанд, истодагарӣ кунем ва ҳама инсонҳо ҳақ доранд, то таровати Наврӯзро дар зиндагии худ эҳсос кунанд."

Аҳмадинажод, Наврӯзро рӯзи наве хонд, ки дар он зургӯӣ, табъиз, фақр ва таҷовуз вуҷуд нахоҳад дошт. Ба таъкиди вай Наврӯз ҷилои покиву ишқу муҳаббат аст, ки миллатҳо дар ҳама ҷо, ҳам дар қораи Осиё, ҳам дар Африқо ва Аврупо  ба он тавъам хорҳанд шуд. Вай Наврӯзро ваъдаи Худовандӣ унвон кард ва гуфт, "он рӯз дер нахоҳад буд, ки Наврӯзи Худовандӣ тавассути ҷаҳониён итоату парастиш шавад."

Ӯ ҳамчунин ҳамаи миллатҳоро мутааллиқ ба ҳавзаи Наврӯз донист ва гуфт, дар ин рӯз ҳама канори ҳам хоҳанд омад. Дар поёни суханронии худ, Маҳмуди Аҳмадинажод, паёми солонаи Наврӯзро паёми ҳамбастагии миллат ва паёми ишқу сулҳи ҷаҳонӣ номид.

Пас аз як соати баргузории Конфронси байналмилалии Наврӯз сарони кишварҳо ва ҳайати меҳмонон дар барномаи таҷлили расмии "Наврӯзи байналмилалӣ-2012", ки дар Наврӯзгоҳи пойтахти шаҳри Душанбе, доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Дар ин базмгоҳ, барномаи фарҳангӣ -театрикунонидашуда бо номи "Ошёни Наврӯз" ба марази тамошо гузошта мешавад. Наврӯз бо тасмими ЮНЕСКО ё Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ соле қабл ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Соле пеш ҷашнии расмии Наврӯзи байналмилалӣ дар Теҳрон, маркази Эрон таҷлил шуд ва имсол мизбони баргузории иди ҷаҳонии Наврӯз Тоҷикистон аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi