00:49:15 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УКРАИНА РАФТ

Рӯзи якшанбеи 1-уми июл Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ, ба Украина рафт.

/images/stories/2012/07/01_president-uk-tj-010712.jpgДар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии президент дар умури сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

То ба ҳол дар мавриди барномаи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Украина маълумоти бештаре ироа нашудааст, вале интизор меравад Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни бозии ниҳоии Евро-2012 миёни дастаҳои Испания ва Италияро, ки имрӯз дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и шаҳри Киев баргузор мешавад, аз наздик тамошо намояд.

Ҳамзамон бо даъвати Мишел Платинӣ, раиси УЕФА (Созмони футболи Аврупо),  Рустами Эмомалӣ - раиси ФФТ низ барои тамошои бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо 2012 ба Киев даъват шудааст. Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин сафар Азизбек Раҷабов, ноиби раиси ФФТ, Хуршед Мирзоев, раиси Федератсияи футболи Душанбе ва Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин дуввумин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Украина дар ҳашт моҳи ахир аст. Дар моҳи декабри соли гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз ин кишвар, тайи як изҳороти муштарак бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина таъкид намуда буданд, ки “ду кишвар на танҳо бояд имкониятҳои дастнохӯрдаи ҳамкориҳоми дуҷонибаро ба кор баранд, балки ҳузури худро дар бозорҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба таври муштарак густариш диҳанд.”

Мушовири президенти Украина, Андрей Гончарук он замон гуфта буд, тарафи украинӣ бовар дорад, ки сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба равобити байни ду кишвар такони нав хоҳад дод. Ба ғайр аз тасмимҳои рушди ҳамкорӣ дар риштаҳои маълум, ду кишвар мехоҳанд равобити байни додгоҳҳои конститутсионӣ ва кумитаҳои миллии олимпии онҳо низ густариш пайдо кунад.

Ҷониби Тоҷикистон дар бобати навсозии тавонмандиҳои иншооти энергетикаи обӣ низ бо ҷониби Украина ҳамкорӣ дорад. Дар ин росто корхонаи "Турбоатом"-и шаҳри Харкови Украина чархаҳои обиро барои нерӯгоҳи Роғун омода мекунад. Созишнома дар бораи сохтани чархаҳои нерӯгоҳи Роғун миёни Украина ва Тоҷикистон соли 2010 ба имзо расида буд. Дар замони Шӯравӣ низ чархаҳои ин нерӯгоҳ дар Украина сохта шуда буданд.

Тоҷикистон, ки дар тӯли фасли тирамоҳу зимистон ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, нерӯгоҳи Роғунро масъалаи маргу зиндагӣ барои худ хондааст. Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Дар сурати бунёд, ин нерӯгоҳ, Тоҷикистонро аз мушкили сахти бебарқӣ халос карда ва метавонад онро ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа низ табдил бидиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi