01:04:25 03-уми Июни 2025 сол

ИЗҲОРОТИ НЕРӮҲОИ МАРЗБОНИИ ТОҶИКИСТОН

Бо гузашти 17 соли баъд аз касби истиқлол, Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол хутути марзии миёни кишварҳои худро мушшахас накардаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон убури гуруӯҳи ҷиноиеро аз марзи ин кишвар бо Қирғизистон рад карданд.

 

Манобеъи Қирғизистон иддаъо доранд, ки шоми 14 октябр як гурӯҳи даҳнафарии мусаллаҳи тоҷик дар пайи таъқиби нерӯҳои интизомии Тоҷикистон аз марзи ин кишвар убур карда, ба сӯйи нерӯҳои марзбонии ин кишвар тирпарронӣ кардаанд. Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 17 октябр бо пахши як изҳорот мегӯяд, ки “чунин мавриди убури гурӯҳи ҷиноие дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон мушоҳида нашудааст.”

 

Дар н бора ба Би-би-сӣ Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод. Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, ки дар ин муддат “нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳеро таъқиб накардаанд.”

 

Бо ин вуҷуд, масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон изҳор доранд, ки бо ҳамтоёни қирғизи худ дар тамос шудаанд, вале аз онҳо низ ититлоъи комиле дар ин замина пайдо накардаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ки 14 октябр дар минтақаи “постгоҳи Қӯқтоши ин кишвар як гурӯҳи мусаллаҳ ба сӯйи марзбонон тирпаронӣ кардаанд, вале рӯшан нест, ки ин гурӯҳ аз кадом самт вориди маҳалли ин постгоҳ шудааст.”

 

Марзбонони тоҷику қирғиз тасмим гирифтаанд, ки барои ошкор сохтани ин гурӯҳ тадобире муштараке анҷом бидиҳанд ва дар ин замина табодули иттилоъ миёни марзбонони ин ду кишвар оғоз шудааст. Зимнан, рӯзи 15 октябр расонаҳои гурӯҳии Қирғизистон бо такя ба манобеъи марзбонии ин кишвар хабар дода буданд, ки ин гурӯҳи даҳнафарӣ аз қаламрави Тоҷикистон вориди Қирғизистон шудааст.

 

Манобеъи марзбонии Қирғизистон таъкид доштанд, ки “ин гурӯҳи ҷиноӣ аст ва ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ ҳеҷ рабте надорад.” Ҳамакнун тааҷуббовар ин аст, ки мақомоти марзбонии Қирғизистон дар сӯҳбат бо ҳамтоёни тоҷики худ гуфтаанд, ки “дар бораи мушшахасоти ин гурӯҳ иттилоъе дар даст надоранд.”

 

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Қирғизистон аз мавориди убури афроди мусаллаҳ аз марзи миёни ин кишвар ва Тоҷикистон пайваста гузориш медиҳанд. Гузашта аз ин, дар марзи миёни ин ду кишвар миёни сокинони маҳаллӣ ва маъмурони марзбонӣ ва гумруки ҳар ду кишвар даргириҳое рух медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон талош мекунанд сареъан аз чунин ҳаводис ҷилавгирӣ кунанд.

 

Омили аслии чунин мушкил вуҷуди масоили марзӣ миёни ин ду кишвар унвон мешавад. Бо гузашти 17 соли баъд аз касби истиқлол ҳар ду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол натавонистаанд хутути марзии миёни кишварҳои худро мушшахас созанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854