23:30:31 22-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон. «Дар гӯшаи хотирам ҳам худхоҳӣ ва рӯ овардан ба сиёсат набуд…»

Раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов бо навиштани номае ба Раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори он шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи ӯ расидагӣ кунад.

zayd-saidov 16072013Зайд Саидов дар номаи худ навиштааст, ки саломатияш хуб нест ва мехоҳад озод шавад ё зери тафтишот ҳам бошад ба муолиҷа машғул шавад. Ҳамчунин, дар номаи худ ба унвони раисиҷумҳур овардааст, ки вай ҳеҷ гоҳ мақсади мухолиф будан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё каси дигареро надошта, дар ҳеч суҳбаташ ҳам дар бораи мухолифат нагуфтааст, баръакс табиатан мухолиф ба ҷудоиандозӣ, тундгароӣ ва ҳар гуна нооромӣ мебошад. Нисбати иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда ҷавоб додааст, ки “ҳамаи он тӯҳматномае беш нест, ки ба парвандаи банда ҳеҷ часпоиш надорад. Ва як даъвогарашро умуман бори аввал мебинам. Банда ҳеҷ гоҳ ба чунин фасодкорӣ даст назадаам.”

Аммо мақсади таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро Зайд Саидов дар номааш аз таҳия ва пешниҳоди барномаи иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум ва ғайраҳо иборат дониста, афзудааст, ки  ҳеч гоҳ дар гӯшаи хотираш ҳам худхоҳӣ ва рӯ овардан ба сиёсат набуд.

«Аз сабаби он ки аз ҷониби мақомот нофаҳмиҳо зиёд шуд, ҳанӯз дар Фаронса буданам тасмим гирифтам, ки баробари бозгашт аввалин коре, ки мекунам дар Душанбе боздошти фаъолияти таъсиси ҳизб буд. Ин нуктаро аз Олмон ба ҳамроҳии раиси Душанбегии КДАМ ба раиси КДАМ иброз дошта будем. Рӯзҳое ки дар хориҷ будам ва иттиҳомоте, ки нисбати банда эълон шуда буд аз бисёр кишварҳо зангам мезаданд ва огоҳ мекарданд, ки ӯро ҳабс мекунанд. Аммо пеш аз ҳама ба хотири дар хориҷ мондан ва ҳамчун мухолифи ҳукумат қарор нагирифтан ба Ватан баргаштам. Маро аз назди ҳавопаймо ҳабс карданд.»- овардааст дар мактубаш Зайд Саидов. 

 Дар бораи вазъи имрӯзаш дар боздоштгоҳ Зайд Саидов навиштааст, ки  «мутаассифона, муносибате, ки ба банда дар ин муддат раво дида шудааст, шояд нисбат ба ягон касоне, ки ба хиёнати Ватан даст мезананд, набошад. Аз вохӯрӣ бо ҳимоятгар дар ин муддат маҳрумам. Онҳоро баъзан баъди ҳафтаҳо бо муфаттишон мебинаму халос. Наздикони худро ба ғайр аз кӯдакони хурдиям, ҳамонам бошад рӯзҳои дигар маҳрумам. Аз шунидани радио дар давоми 53 рӯз маҳрум будам, аз ташхиси духтурони касбӣ, ки вазъи саломатиям хеле бад аст, маҳрумам».

Зайд Саидов соли 1999 дар доираи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноати кишвар ҳам буд ва баъди аз вазифа рафтанаш ба соҳибкорӣ баргашт ва  соле пеш раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон интихоб гардид.

Аммо мушкилот аз онҷо сар зад, ки  ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод ва  рӯзи 11-уми май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва баъдтар боз  бо чанд ҷурми дигар парванда  боз карда шуд. Зайд Саидов рӯзи 19-уми май баъди бозгашташ дар фурудгоҳ боздошт шуда буд.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi