11:34:50 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 28 29 30 31
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaustodi-buzurg111.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaustodi-buzurg111.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/25_--01-a-aaaaaaustodi-buzurg111.jpg'

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 5

Зеркомиссияи низомии КОМ чун зеркомиссияҳои дигари ин ниҳод фаъолияти худро аз таҳияи нақшаи корӣ шурӯъ кард. Дар асоси талаботи Протоколи низомӣ рӯзи 16 – уми сентябри соли 1997, яъне дар рӯзи дуввуми фаъолияти КОМ дар кишвар матни Муроҷиатнома КОМ ба дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуние, ки мансубияташон ба ин ё он тараф маълум набуд, қабул карда шуд ва он аз тариқи расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ интишор гардид.

 

Дар Муроҷиатнома аз ашхоси силоҳбадасти гурӯҳҳои мансубияташон номаълум талаб карда мешуд, ки дар зарфи ду моҳ, яъне то 16 – уми ноябри соли 1998 мансубияти хешро ба ду ҷониби сулҳкунанда, яъне ё ҳукумат ва ё ИНОТ маълум намоянд. Дар сурати таъхир дар ин кор ва ё нагузоштани силоҳ ба замин ҷониби ҳукумат ва ИНОТ дар якҷоягӣ зӯран ин дастаҳои ғайриқонуниро халъи силоҳ хоҳанд кард.

 

Зимнан бояд гуфт, ки қабл аз бозгашти расмии роҳбарияти ИНОТ ба пойтахти кишвар дар шаҳри Душанбе силсилатаркишҳое ба вуқӯъ пайваст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ангушти иттиҳомро дар содир шудани ин ҷинояткориҳо ба сӯи дастаи Ризвон Содиров равона карда буданд. Ин афроди ҷиноятпеша, ки аз сӯи роҳбарияти мухолифин ҳанӯз охирҳои соли 1994 ба хотири хиёнатҳояшон ба ИНОТ маҳкум ва аз сафҳои он хориҷ карда шуда буданд, бо роҳҳои гуногун охирҳои соли 1996 ва аввалҳои соли 1997 вориди кишвар шуда боз ҳам даст ба ҷиноятҳои мудҳиштаре заданд.

 

Аз ҷумла гаравгонгириҳои моҳи декабри 1996 ва феврали соли 1997, ки дар натиҷаи он чандин нафар аз ходимони созмонҳои байналмиллалӣ, аниқтараш нозирони низомии СММ, журналистони хабаргузориҳои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони ИНОТ дар комиссияи муштараки оиди назорат бар оташбас чандин шабонарӯз мавриди лату кӯб, таҳқиру озори ин гурӯҳ қарор гирифта буданд, ҳанӯз ҳам аз лавҳи хотираҳо зудуда нашуда буд.

 

Воқеан, аввалин ҳамкории сохторҳои қудратии ҳукумат ва нерӯҳои низомии ИНОТ ҳамон вақт қабл аз ба имзо расидани Созишномаи умумии Сулҳ ба вуқӯъ пайваста буд. Охирҳои моҳи феврали соли 1997 роҳбарони олимартабаи ду ҷониб дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тавофуқ омаданд, ки дар мубориза алайҳи терроризм аз ин ба баъд якҷоя мубориза баранд. Ҳамон буд, ки сарбозони Горди Президентӣ бо сардории генерал Ғаффор Мирзоев ва размандагони ИНОТ бо роҳбарии қумандон Абдулло Раҳимов дар як амалиёти якҷоя гурӯҳи ҷинояткори Р.Содировро торумор карданд. Вале саркарда ва чанде аз аъзои ин гурӯҳ ҷон ба саломат бурда, баъдан дар атрофу акнофи шаҳри Душанбе сафи худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ тақвият дода, даст ба ҷинояткориҳои нав заданд.

 

Ҳадафи асосии Муроҷиатномаи фавқуззикр маҳз ҳамин гурӯҳи ҷиноятпеша ва ё ба он монанд гурӯҳҳое буд, ки осоиштагиву амнияти ҷумҳуриро халалдор мекарданд. Аммо мутаассифона, ба ҷои силоҳ ба замин гузоштан ин гурӯҳи террористӣ боз даст ба як ҷинояти мудҳише зад. Рӯзи 18 ноябри соли 1997 ин гурӯҳ ду ходими созмони кӯмакрасони байналмиллалӣ, шаҳрвандони Фаронса Карен Манн ва Франк Жанве Дюбреро гаравгон гирифт. Агарчанде дар натиҷаи як амалиёти зиддитеррористӣ саркарда ва якчанд аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд, вале мутаассифона яке аз гаравгонҳо хонум Карен Манн ба ҳалокат расид ва теъдоде аз террористон ҷон ба саломат бурданд, ки дар оянда боиси ташвиши зиёди мардум ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ шуданд.

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2192--lr-5.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi