04:34:20 20-уми Майи 2025 сол

Хазина аз

ТАЪЙИНИ НАМОЯНДАИ ХОСИ ТОҶИКИСТОН ДАР УМУРИ АФҒОНИСТОН Сиёсат 31.10.2011 16:12 1429
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро намояндаи хоси ин кишвар дар умури Афғонистон таъйин кард. Оқои Зоҳидов феълан масъулияти муовинати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро низ бар уҳда дорад.
ШОҲЗОДА ОҒОХОНИ IV, ПЕШВОИ ИСМОИЛИҲО ДАР ДУШАНБЕ Хабар 31.10.2011 13:06 1632
Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз (31 октябр) Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд.
АЛМОСБЕК ОТАМБОЕВ - РАИСИҶУМҲУРИ НАВИ ҚИРҒИЗИСТОН Хабар 31.10.2011 13:04 1561
Баршумурдани баргаҳои раъй дар интихоботи президентии Қирғизистон ба охир расид. Бар пояи иттилои муқаддамотии Кумиссюни марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот аз номзадии Алмосбек Отамбоев каме бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандаҳо пуштибонӣ кардаанд.
ДЕМОКРАТИЯИ ҒАРБӢ ҲАМОН КОҒАЗИ ЧАСПОН АСТ БАРОИ ФИРЕБИ ПАШША Сиёсат 30.10.2011 19:10 1685
Саҳифаи охирини ҳаёти сиёсӣ-инқилобии Муаммар Қаззофӣ, пешвои инқилобии Либия пӯшида шуд. Фарзанди биёбон бо усули биёбонӣ ба қатл расид ва ғарбиҳое, ки аз ҳимояти арзишҳои инсонӣ, волоияти қонун, адолати судӣ ва ғайра ҳамеша дама мезананд ...
МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ – МАКТАБИ ҲАЁТ Муҳоҷират 30.10.2011 19:08 4432
Ба муҳоҷират рӯй овардани халқияту миллатҳо зуҳуроти тоза набуда, балки аз замонҳои қадим ба мерос омадааст. Муҳоҷиршавии фарде, ё гурӯҳе, ва ё сокинони шаҳре дорои ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Аз таърихи адабиёт ...
«БАРОИ ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ ВА ОДИЛОНА ДАР ТОҶИКИСТОН» Сиёсат 30.10.2011 19:05 1725
«Барои интихоботи шаффоф ва одилона дар Тоҷикистон». Таҳти ҳамин унвон изҳорот ва муроҷиатномаи  Раҳматилло Зойиров, Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дастраси расонаҳои хабарии хориҷиву дохили кишвар гардид, ки ҳамакнун матни ...
ДАР ПОКИСТОН ҲУКМИ БОЗДОШТИ ПАРВИЗ МУШАРРАФ СОДИР ШУД Хабар 30.10.2011 19:03 1648
Додгоҳи Кветта дар Покистон ҳукми боздошти генерал Парвиз Мушарраф ва Шавкат Азиз раисҷумҳур ва нахуствазири собиқи Покистонро ба ҷурми қатли Акбари Багтӣ, яке аз раҳбарони қабилае дар иёлоти Балуҷистонро содир кард.
ДИДОРИ АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО БО ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ Сиёсат 29.10.2011 20:05 1525
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки машғули дидори серӯза аз Тоҷикистон аст, пас аз зӯҳри рӯзи 29-уми октябр бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии порлумони ...
Б.ЛИБЕРТ: "МУКОЛАМА РОҲИ БЕҲТАРИНИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБӢ АСТ" Иҷтимоъ 29.10.2011 20:01 1544
Кишварҳои минтақа ин ҳафта дар Алма-ато бо мусоидати СММ ҳамкориҳо дар заминаи истифода аз захираҳои обиро баррасӣ карданд. Дар бораи ин нишаст сӯҳбате доштам бо Бо Либерт, ҳамоҳансози масоили муҳити зистии Кумиссиёни иқтисодии Созмони Милал...
РАҲМОН РАИСОНИ ДУ НОҲИЯРО АЗ КОР РОНД Хабар 29.10.2011 20:00 1772
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз раисони ду ноҳияро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.