МИЁНАРАВОНИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН
Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ одатан аз нақши кишварҳои миёнарав дар раванди сулҳи Тоҷикистон ситоиш мешавад. Ин чӣ нақше буд? Муруре ба саҳми Эрон, Узбакистон ва давлатҳои дигар, ҳамчун таҷрибае барои корбурд дар Қирғизистони имрӯза ё низоъҳои дигар. Пас аз ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар, гурезогурези занону кӯдакон аз пайроҳаҳои хунин, муҳоҷират ва ҷиҳод, нафрат, хашм, ва андӯҳ сулҳ барои тоҷикон он қадар ширин буд, ки ҳамаи бадхоҳонро ба як бор бахшиданд ва як некии онҳоро ба сад гирифтанд.
АГАР РУСИЯ НАМЕХОСТ...
Саҳми бузурги Русия дар раванди сулҳи Тоҷикистон гӯё ҳамаи беадолатиҳои сиёсатмадорон ва тиҷорати хунини ҳарбиёни онро ҷуброн кард. "Агар Русия намехост ё маҷбур намешуд, -- мегӯяд профессор Оливер Руа, он замон намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, -- расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон бисёр мушкил ва ҳатто номумкин мешуд." Шояд ба ҳамин сабаб буд, ки мухолифони тоҷик дар оғоз хостори гуфтушунид бо Русия буданд, на бо ҳукумати Тоҷикистон.
Руа меафзояд: "Дар ибтидо Русия сулҳ намехост. Аммо бо мурури замон нафарони Вазорати умури хориҷӣ дар Маскав тарафдори оштии миллӣ шуданд, аммо ҳамзамон намехостанд, ки оппозитсия тақсими қудрат кунад."
Профессор Руа бесабаб ба Вазорати умури хориҷии Русия ишора накард. Майл ба гуфтушунид замоне ҷиддӣ шуд, ки ин вазорат умури Тоҷикистонро аз дасти ҳарбиён ба дасти худ гирифт. Дар он давра сиёсати Маскавро дар Тоҷикистон ҳарбиёни рус пиёда мекарданд. Онҳо буданд, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ эълон карданд, намехоҳанд, зери фармони ҳукумати маҳаллӣ бошанд ва дар натиҷа Тоҷикистон ягона ҷумҳурии шӯравии пешин шуд, ки аз дороии ҳарбии иттиҳод меросе нагирифт. Ҳамаи ҷумҳуриҳои дигар ҷузвутомҳо ва анборҳои аслиҳаи шӯравиро, ки дар қаламравашон буд, моликияти хеш эълон карданд.
Ба ғайр аз фирқаи 201-и шӯравӣ дар Душанбе ва ғундҳои он дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа боз нерӯҳои марзбон вуҷуд доштанд, ки ба Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ тобеъ буданд. Ҳукумати Тоҷикистон ба гирифтани онҳо низ майле нишон надод.
ДИПЛОМАТИЯИ ҲАРБӢ
Аммо ҳарбиён чӣ сиёсатеро пеш мебурданд? Анатолий Адамишин, ки ҳамчун муовини вазири умури хориҷии Русия дар мулоқоти махфӣ бо сарони оппозитсия Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар соли 1994 ба раванди сулҳ асос гузошт, сабаби пешдастии ҳарбиёнро ба нобасомониҳои дохили Русия бастагӣ медиҳад: "Он вақт, дар ҳақиқат, як хатти машши қоиме вуҷуд надошт, ки ҳамаи идора ва ниҳодҳо онро иҷро кунанд."
Таърихнигор ва сиёсатшинос Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав мегӯяд, Русия он вақт расман аз ҳимояи аҳолии русизабони Тоҷикистон шиор мезад, вале амалан аз он ҳарос дошт, ки дар давлатҳои тозаистиқлол ҳукуматҳои дилнохоҳаш ба қудрат мерасанд. Дар ҳамин ҳол раҳбари Узбакистон Ислом Каримов ҷаҳонро ҳушдор медод, ки дар Тоҷикистон бунёдгароёни исломӣ нуфуз пайдо мекунанд.
ДАХОЛАТИ УЗБАКИСТОН
Улунян мегӯяд: "Набояд фаромӯш кард, ки оппозитсия дар Тоҷикистон як тобиши муайяни динию мазҳабӣ дошт. Ва дар Маскав он вақт сахт метарсиданд, ки дар Осиёи Марказӣ баногаҳ исломи сиёсӣ бартарӣ ҳосил кунад."
Русия ва Узбакистон аз мухолифони исломи сиёсӣ пуштибонӣ карданд ва онҳоро ба қудрат расонданд. Муовини аввали раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик Ҳоҷӣ акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, Узбакистон аслан хостори гуфтугӯи Душанбе бо мухолифон набуд: "Воқеан аз рӯзи аввал мо медонистем, ки ин кор (ҷангро) Узбакистон тарҳрезӣ кард. Қариб сад танк, садҳо зиреҳпӯш, ин қадар силоҳу муҳимоту захираи тирро, ки Ҷабҳаи халқӣ дошт, кӣ дода буд? Албатта, Узбакистон. Ва ин ҳамаро бе шарту шароит надода буд. Баъдан ҳам эътироф карданд, шарт ҳамин буд, ки бояд оппозится ҷисман нобуд карда шавад. Ҳеҷ гуна музокирот нашавад."
Ба ақидаи ҷаноби Тӯраҷонзода, гуфтушунид замоне имконпазир шуд ва натиҷа дод, ки байни Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмонов сардӣ афтиду, зимоми кор бештар ба дасти Русия гузашт.
ҲАМПАЙМОНҲОИ ТАСОДУФӢ?
Маскав таъсири Тошкандро дар Тоҷикистон маҳдуд кард, зеро маълум шуд, ду ҳампаймони муваққатӣ аҳдофи мухталиферо дунбол мекунанд. Тоҷикистон барои Маскав ягона ҷои пое шуда буд, ки дар Осиёи Марказӣ боқӣ бимонад ва марзбононашро ба сарҳади Қазоқистон накӯчонад. Тошканд умедвор буд, ки Тоҷикистонро дар итоати худ нигоҳ хоҳад дошт ва пайи Русияро аз он хоҳад рӯфт, то ба нерӯи асосии минтақа табдил ёбад. Тошканд инчунин ҳарос дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба қиблаи тоҷикони Узбакистон ва Афғонистон табдил наёбад ва иддаои Самарқанду Бухороро дар миён нагузорад.
Вақте ки мухолифони рондашудаи тоҷик дар Афғонистон бо ҳам иттиҳод бастанд ва ба фаъолиятҳои сиёсиву низомӣ пардохтанд ва ба вижа пас аз қатли оми марзбонони рус дар қитъаи 12-уми марзи Тоҷикистону Афғонистон, Маскав қадами ҷиддӣ ба пайроҳаи сулҳ гузошт.
ГУФТУШУНИДИ ЗЕРИ НАЗОРАТ
Гуфтушуниди тарафҳо бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 идома кард. Дар оғоз ҳадафи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон асосан бозгардони паноҳандагон ва аз пойгоҳи иҷтимоӣ маҳрум кардани мухолифон буд. Яке аз ширкаткунандагони он, коршиноси ҳайати музокиракунандаи мухолифон Олег Панфилов мегӯяд: "Гуфтушунид хеле мураккаб буд. Ҳайати ҳукуматӣ дар паси худ нерӯро ҳис мекард. Он аз пуштибонии Русия бархӯрдор буд ва биноан сабаби ба дарозо кашидани ин гуфтушунид ба он бастагӣ дошт, ки тарафи давлат аҳёнан ба гузашт розӣ мешуд."
Ба сурати умум ҳолате ба миён омада буд, ки ҳарду ҷониб, ҳам давлат ва ҳам мухолифон маҷбур буданд, ба даҳони Русия нигаранд. Дар ин байн ҳавопаймоҳои Русия ва Узбакистон деҳоти Тоҷикистонро бо шубҳаи ҳузури мухолифон бомбаборон мекарданд. Ҳатто урдугоҳи паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон се дафъа ҳадафи бомбаборон ва як дафъа ҳадафи тӯпхона қарор гирифт. Дар кишвар паиҳам сӯиқасдҳои сиёсӣ ашхоси саршиносро аз миён мебурд.
Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар шарқи Тоҷикистон ба пирӯзиҳои ҳарбӣ ноил мегашт ва аввалин нишонаҳои ихтилоф дар урдуи ҳукумат падид меомад. Дар як даврае аз гуфтушунид Русия талош кард, дар байни гурӯҳҳое, ки Иттиҳоди оппозисюнро таркиб дода буданд, ҷудоӣ андозад ва онро ба исломгароёну демократҳо тақсим намояд.
АЗ ФОРУМ ТО КУМИССЮН
Хатти гуфтушунид гоҳ ба боло, ба сӯи рӯшанӣ ва комёбӣ ҳаракат мекард ва гоҳи дигар ба умқи шикасту нокомӣ фурӯ меафтод. Намояндаи давлат дар чандин даври музокирот, Абдулмаҷид Достиев дахолати Русияро ба тасмимгириҳои давлат рад мекунад:
Аммо намояндаи мухолифон, раиси вақти Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҷумъабой Ниёзов як моҳ пас аз поёни даври гуфтушунид дар Алмато чунин гуфта буд: "Соати 2-и шаб ба ифоқа омадем, ки фардо, дар маҷлиси умумӣ мебоист, ин чиз расман имзо мешуд аз ҳарду тараф. Лекин дар як шаб, аз Маскав ҳамон шаб муовини вазири корҳои хриҷии Русия (Чернишев) ба Алмато омад ва фардо тарафи ҳукумат аз ин чиз, аз имзо кардани ин ҳуҷҷатҳо даст кашид. Ва мо аз Алмато, гуфтан мумкин, қариб ки бе ягон дастовард баргаштем."
Ин чӣ ҳуҷҷати муҳиме буд, ки Маскав аз имзои он пешгирӣ кард? Қарордоде буд дар бораи таъсиси Форуми халқҳои Тоҷикистон, ниҳоде бо ширкати намояндагони ҳамаи маҳалҳо, созмонҳои миллию мардумӣ, андешмандону рӯшангарон ва пирони ҷомеа барои татбиқи созишҳои оштии миллӣ. Он вақт раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта буд, кишвараш омодааст, харҷи бигзор даҳсолаи кори ин форумро бипардозад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>