16:06:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Султони қалбам ту ҳастӣ, ту ҳастӣ, падарҷон!

Зиндагӣ бошитоб мегузарад,

Умр монанди об мегузарад.

s.h.a.s.2018

Дуруд ба руҳи покат, эй нури дида, эй оромиши дили фарзандон, эй қиблагоҳи азиз! Падари ба ҷону дил баробарам. Лаҳзаҳо баробари сол мегузаранд ва ҳамоно интизорам, ки ҳамин ҳоло дар боз мешавад ва бо ҳамон чеҳраи кушоди нуронӣ, бо ҳамон лутфу меҳрубонӣ вориди манзилатон мешавед ва чун ҳамеша садо мекунед: Аҳмадҷон, куҷоӣ ҷони падар... Вале сад дареғ, дар боз намешавад, ин садо ба гӯшам намерасад. Акнун садои марғубатон дар гӯшаҳои хотиротам монда, ёди ширинатон дар қалбам…

Оре, одамӣ шогирде аст, ки дард ва андуҳ ӯро таълим медиҳад ва ҳеч кас бидуни эҳсоси ин муаълим қодир ба шиносоии худ нест. Ин ҳама дарди бепадарӣ мо фарзандонро ҳам таълим дод, ҳам инсонҳоро шинохтем, ки ҷониян ё нонӣ, ин ҳама ангезаҳо дарси зиндагӣ ҳастанд дар ҳайёти мо. Он чи аз панди Падари бузургворам омӯхтам, ин буд, ки ба такрор мегуфтанд; Зиндагӣ худ як дарси ибрат аст, шумо дар он мисли наққош ҳастед, ки бо кирдору рафтори худ онро оро медиҳед, кӯшиш ба харҷ диҳед, ки нақошии шумо бидуни ягон хатпок бошад. Вақте, ки ба гузашта бармегардед, ниёз ба хатпок надошта бошед. Коре, ки тавоноии анҷомашро дорӣ ба фардо магузор, зеро имрӯз ҳамон фардое ҳаст, ки интизораш будӣ.

Падарҷони азизу меҳрубонам! Шукри Парвардигори оламиёнро мекунам, ки дар ин 68 соле, ки дар зиндагӣ бо мо будед, аз шумо бисёр чизро омӯхтем ва то ҳол сармашқи кору зиндагӣ худ кардаем. Дар ин 10-рӯзе, ки моро тарк кардед, ба дидори Дӯст шитофтед ва манзили охиратро авлотар донистед, мо фақат шуморо ҳар лаҳзаю ҳар нафас ёд меорем, бо тилловате аз сураҳои Қуръони карим рӯҳи шуморо шод мекунем ва ба ин худро тассалло медиҳем, ки ҳама мо бандаҳо мирандаем ин дунёи фонӣ ба касе вафо накардааст фақат як чиз мемондааст ин ҳам бошад, номи неку аъмоли хуб.

Имрӯз ҳама дар ғам фурӯ рафтанд аз набудани шумо. Ҳар гоҳ, ки дар кӯча касеро мебинам ҳамроҳи падараш ба ҳавас менигараму рӯзҳои гузашта бо шумо падарҷонро, ба хотир меорам, ки ҳамроҳатон дар гулгашту хиёбонҳои Душанбе сайр мекардам. Дар кадом мағозаю бозорҳое медаромадед, чизи беҳтаринро барои мо мехаридед. Ва ҳамеша ба мо фарзандону наберагон бо лафзи ширинат мегуфтед, ки хонед, омӯзед, дар зиндагӣ муҳтоҷи касею чизе нашавед.

Шукронаи Яздони пок, ки ҳамаи мо фарзандонро соҳиб маълумот кардед, аз илми дунявӣ ва охират бохабарамон сохтед, дар зиндагӣ роҳи некро нишон додед. Вале афсӯс, сад афсӯс, ки мо фарзандонро, ки бо ҳазор ноз парваридеду соҳиби ҳама чиз кардед, худ роҳати дунё надида рафтед.

Шуморо дар ин даҳ рӯз дар ҳама ҷо мековему намеёбем. Ба Худои пок қасам, падарҷон, дар даҳ рӯзе, ки рафтед, тамоми аъзои баданамон месӯзад, аммо ба хотири модарам, ки аз гавҳараки чашматон зиёдтар дӯсташ медоштед ва барои мо фарзандон аммонат гузоштеду рафтед, ин ғами бе шумо буданро фурӯ мебарем, ашкамонро пинҳон медорем, то модарам пай набараду ғамаш зиёдтар нашавад. Ба ҳамон хотире, ки каме ҳам бошад, дарди дурии шуморо ба рӯи коғаз навиштам. Медонам ман ҳеҷ гоҳ мисли қалами дасти шумо равон ва бо муҳаббат ва самимӣ натавонам навиштан. Хотироти бисёре дорем, Падарҷон аз шумо, ки соатҳо ва солҳо агар қисса кунам, тамом намешавад, вале баъзе хотираҳое ҳастанд, ки ҳамеша пеши чашмонам аст.

Ҳар соле, ки ба аёдати бибиамон дар фасли баҳор мерафтед, падарҷон, бо худ гули сияҳгӯшро аз роҳ мегирифтеду ба табрикоташон мешитобидед, баъдан ба гирифтани аксу наворҳои бибиҷонам сар мекардед ва ӯро маҷбур мекардед, ки шеъри гули сийяҳгушро қироат кунаду пасон ду дасти нозукашро бардораду дар ҳаққи фарзандон ва наберагон дуои нек кунад.

Ҳар сол чунин мекардед, аввалин шуда муждаи баҳорро бо ҳамин дастагули сияҳгӯш ба бибиҷонам мерасондед. Баъди вафоти бибиҷонам ин корро давом медодед. Аввалин баҳор бади вафоти бибиҷонам гули сийягушро гирифта рафтед, дар сари манзилашон ва дидед, ки дар сари гурашон гули қоқу баромадааст ва баробари дидан ашк резондеду шукронаи Худои покро кардед, ки бибиҷонам бароятон гуле аз биҳишт фиристод. Ин қиссаи «Гуле аз биҳишт»-ро ба хона омада навиштед ва дар рӯзномаҳову сомонаҳои интернетӣ ба чоп расондед. Баъдан ин қиссаро ман гирифта дар ҳаҷми 45 дақиқа бо аксу наворҳое, ки шумо сабт карда будед, филм сохтам ва ҳар гоҳе ба он филм менигаристед, аз чашмони зебоятон беист ашк мерехт ва акнун ин чашмои зебои ашколуди шуморо мо дигар дида наметавонем падарҷон…

Гар кунам ёди Падар, ду чашми ман гирён шавад,

Гар кунам ёди Падар, ин қалби ман бирён шавад.

У намедиҳад дигар бар ман дуою фотиҳа,

Алвидоъ, эй алвидоъ, то рӯзи дидор алвидоъ.

Ва дар охир ҳаминро гуфтаниям аз тамоми дӯстони падар, бародарон, шоирону нависандагон хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзи мусибат дар бари мо рост буданд ва шарики дарди мо шуданд, ташаккури зиёд мегӯем. Дар ҳаққи Шумо, дӯстон, ҳамкорон, шогирдони падарам ҳамеша дуо мекунем.

Сиҳатманду саломат ва аз ҳар балоҳои заминиву осмонӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад!

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi