08:28:12 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ - II

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Шоҳ Амонуллоҳхон, аз рӯйи навиштаи Халилуллоҳи Халилӣ, дар он шабу рӯз аз вожгунии салтанат он қадар ғамгин набуд, ӯ ғами ислоҳот ва ояндаи Афғонистонро мехӯрд. Мехост мамлакатро дар пояи Туркия ва Эрони ҳамсоя бубинад.

habibullah kalakani 4589656Дар тӯли ҳашт соли баъдиистиқлолӣ пойдевори рушди иқтисоду фарҳанг то ҷойе гузошта шуд, фарҳангиёну зиёиён чун насли навини бедор зуҳур карда, нишонаҳои фарҳанги ғарб кам-кам дар ҳаёти иҷтимоъӣ тамаркуз ёфт. Дар шаҳри Кобул нахустин рӯзномаи бедории афғон бо номи "Сироҷ-ул-ахбор" аз ҷониби Маҳмуди Тарзӣ ба нашр расид. Аммо ин пешрафту тараққиро рӯҳониёни иртиҷоъпараст дидан намехостанд ва фатвои уламо, ки Амонуллоҳхон шоҳи бедин аст, дар он шабу рӯз ғиреви мардуми дар ҷаҳолати асримиёнагӣ қарордоштаро алайҳи ин шоҳи ислиҳотхоҳ барангехт.

Ҳалқаи муҳосираи Кобулро ҷангиёни Бачаи Сақо ва қабилаҳои паштуи шинворӣ аз сӯйи Ҷалолобод тангтар намуданд. Масири Кобул-Нангарҳор-Ҳинд баста гардид. Шоҳ Амонуллоҳхон бо маслиҳату машварати ҷосусони англис Бачаи Сақоро ба созиш даъват намуд, ба ӯ ба қавле ним миллиён рупия маблағи нақд дод, то вай аз ишғоли Кобул шаш моҳ худдорӣ намояд. Ба таваққуф гузоштани ҷанг, албатта ба фоидаи шоҳ набуд. Агарчанде теъдоде аз сарварони қабилаҳои ҷануб аз нигоҳи хунӣ бо шоҳ ҳамраъйӣ пайдо карданд, вале амвоҷи наҳзати умумиисломии кишвар ӯ ва ислоҳоташро наҷот дода натавонист.

Муаррихон дар таҳлили он айёми пуртаҳлукаи Афғонистон ба ин назаранд, ки дар барканории Амонуллоҳхон дасти мақомоти ҷосусии Англия нисбати Шӯравии коммунистӣ дарозтар будааст. Чаро? Англия дар Осиё мавқеашро бо истиқлолталабии кишварҳои дар зери тасарруфаш буда сол то сол аз даст медод, ки дар ин қарина Афғонистон истисно набуд. Аз нигоҳи дигар, ин кишвари аврупоӣ намехост афғонҳо сохтори давлатдориро тағйир бидиҳанд, чуноне ки Амонуллоҳхон сохти ҷумҳуриявиро орзу мекард. Умуман Англия ба ҳайси як кишвари ишғолгар намехост Афғонистон аз торикии ҷаҳлу ҷаҳолати асримиёнагӣ берун ояд.

Бинобар он, дар лаҳзаҳои ҳассос эмиссарҳои англис аз дастгирии Амонуллоҳхон руй тофта, ҳатто силоҳҳои харидаи ӯ дар муҳлатҳои муайян ба Кобул интиқол наёфт, ки баъдан шӯришгарон ин силоҳҳоро ба даст оварданд. "Хомӯшӣ"-и шабакаи ҷосусии минтақавии Англия дар вазъи муҳосиравии Кобул аз он шаҳодат медод, ки онҳо наҳзати иртиҷоъии Ҳабибуллоҳхони Калакониро қабул доранд, аммо боз аз ӯ тарс ҳам доштанд. Зеро шиори умумиафғонӣ ва исломии наҳзати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар он шабу рӯз мубориза алайҳи куфор ба ҳисоб мерафт.

Моҳи январи соли 1929 Амонуллоҳхон барои нигоҳдории ҳукумати Дурониҳо, ки аз соли 1747 зимоми давлатдориро дар даст доштанд, якчанд ислоҳотҳои маҷбуриро гузаронд. Пешвои рӯҳониёни кишвар Гулоқоро, ки дар ҳабс буд, озод кард. Аммо ин гузашткуниҳо ба нафъи ӯ набуд. Фишори рӯҳониён ва муҳосираи Кобул ӯро маҷбур сохт, ки 14 январи соли 1929 барои ҳифзи ислоҳот бародараш Иноятуллоро шоҳ эълон намояд. Ин тадбир ба ғазаби рӯҳониён равған рехт ва баъди се рӯз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ мувофиқи фатвои уламои бузург шоҳи Афғонистон эълон гардид ва бо ҳамин ҳукумати сулолаи баракзайӣ, ки дар саргаҳи он Дӯстмуҳаммади Дуронӣ меистод, аз сохти сиёсии кишвар барчида шуд.

Чуноне дар боло ишора кардем, замоне, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар Афғонистон ба тахту тоҷи шоҳӣ тасаллут ёфт, дар минтақа сиёсати абарқудратҳои он замон барои ояндаи Афғонистон ҳанӯз мушаххас набуд. Англия сиёсаташро нисбати Афғонистон, бахусус зидди ҳукумати тоҷикӣ дигар кард.Дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии онҳо қабилаҳои паштуи ҷанубу шарқ дар Нангарҳор Алӣ Аҳмадхонро подшоҳи нави Афғонистон эълон карданд.

Чунин ранг гирифтани вазъ дуҳукуматиро тавлид кард. Ҳамсояи шимол -Шӯравӣ на танҳо ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калакониро ба расмият нашинохт, балки интервентсияи ҳарбиро муқобили Афғонистон шурӯъ кард. Барои шикасти ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар он шабу рӯз ҳадафҳои Англия ва Шӯравӣ ба ҳам гиреҳ хӯрд, бо вуҷуде ки онҳо дар Афғонистон манофеи худро доштанд. Шӯравӣ тавассути Мазори Шариф то Чоряккор лашкар кашид, Алӣ Аҳмадхон бо артиши дувоздаҳҳазорнафара ба Кобул ҳуҷумро оғоз намуд.

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар моҳи марти соли 1929 муҳосираро рахна намуда, Алӣ Аҳмадхонро дар ҷануб бо шикаст мувоҷеҳ сохт, дар натиҷа қисми зиёди ҷанговарони қабилаҳои мухталифи паштутабор, , ки барои сарнавишти ояндаи Афғонистон нақши асосӣ доштанд ва инчунин артиши шоҳӣ ва хонаводаи Амонуллоҳхон ба ӯ пайвастанд.

Дахолати навбатии Англия ба умури дохилии кишвар шикаст хӯрд. Аммо Шӯравӣ дар муқобили Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ истодагарӣ дошт, зеро роҳбарияти кишвари шӯроҳо, бахусус Сталин аз ҳукумати тоҷикии Кобул дар ҳарос буд. Эъломияи расмии шоҳи аз сиёсати калон фарсахҳо дур ва то ҷойе ҳам мағрур Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, ки "Мо Осиёи Миёнаро аз болшевикон озод, амир Олимхонро дар Бухоро ба тахт мешинонем ва ба Маскав ҳуҷум мекунем", роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравиро аз ҳар нигоҳ такон дод.

Ин суханон аз забони Ҳабибуллоҳхон ҳангоме садо дод, ки дар марзи Афғонистон резиденсияи миллатгарои ашаддии туркпараст Закӣ Валихонови тотор ва дастаҳои босмачиёни савгандхӯрдаи Иброҳимбеки лақай, Фузайл Махсуми қаротегинӣ, Шермуҳаммад ( кӯри Шермат) ва чандин сарварони дастаҳои мусаллаҳи водии Фарғона, Тахтабозори Туркманистон ва инчунин шабакаҳои ҷосусии хориҷӣ қарор доштанд.

Онҳо борҳо марзи Шӯравиро рахна намуда, дар аксар навоҳии сарҳадӣ сохти Шӯравиро дар ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аз байн бурда, фаъолони ҳукуматро кушта ва ё дар гаравгони онҳо қарор доштанд. Масалан, моҳҳои март- апрели соли 1929 Фузайл Махсум аз Бадахшони Афғонистон ба Тоҷикистон ҳуҷум овард. Бо вуҷуде, ки кушторҳои бераҳмонро дар водии Қаротегин роҳандозӣ намуд, шармандавор шикаст хӯрд. Босмачиён барои кишвари Шӯроҳо душманони хеле хатарнок боқӣ монда буданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ бо вуҷуди бо фишори дохилии кишвар ва хориҷӣ рӯ ба рӯ шудан, ҳаракати аксулинқилобии Осиёи Миёнаро ҷонибдорӣ мекард. Дар ин бора мулоқотҳои ӯ бо амири фирорӣ Олимхони манғит шаҳодат медиҳанд. Баъди тахту тоҷро соҳиб шудан Ҳабибуллоҳхон амир Олимхонро ба ҳузур пазируфт ва ба ӯ аз ҳисоби хазинаи давлат моҳона таъин кард.

Ҳабибуллоҳхон ва амир Олимхон шиноси дерина буданд ва ҳузури подшоҳи фирории Бухорои Шариф дар Афғонистон иртиҷоъхоҳонро неру мебахшид. Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ мехост аксари масъалаҳои дохилӣ ва хориҷиро бо зӯри силоҳ ва ҷанг ҳаллу фасл намояд. Ба тавсеаи сиёсати хориҷӣ он қадар дуруст сарфаҳм намерафт ва сиёсати хориҷии кишварҳои абарқудрати он замонро дар қиболи Афғонистон ба таври бояду шояд дарк намекард. Масалан, дар он солҳо сиёсати хориҷии Англия нисбати минтақа, Афғонистон ва ҳукумати тоҷикии Кобул бо сарварии Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ хеле пардапӯшона буд.

Англия на танҳо ҳукумати навро дар Афғонистон ба расмият нашинохт, балки Ҳабибуллоҳхони Калакониро ба ҳайси лидери сиёсӣ эътироф накард. Эмиссарҳои англис дар қисматҳои ҷанубу шарқи кишвар ва Вазиристони Ҳиндустон ба амалҳои ҷосусӣ даст зада, ояндаи Афғонистон, яъне ба кӣ тааллуқ доштанро тарҳрезӣ менамуданд.

Роҳбарияти Шуравӣ ҳам дар ин андеша ва ташвиш буданд: ба тоҷикон эътимод намоянд ё ба паштуҳо? Шоир, олиму шахсияти сиёсӣ Халилуллоҳи Халилӣ ва муаррихони хориҷӣ нигоштаанд, ки агар Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ аз рӯйи ҳавобаландӣ ва содагӣ, ки "ман то Маскав ҳуҷум мекунам" намегуфт,Шӯравӣӯро дастгирӣ мекард ва ҳукуматаш шояд чанд соле пойдор мемонд. Бо вуҷуди ин, дар Маскав дар мавриди ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ миёни бюрои сиёсии ҳизби коммунист ва ЧК назарҳо духӯра буд.

Аввалан, Сталин аз мавҷудияти наҳзати босмачигарии Осиёи Миёна дар хоки Афғонистон хавф дошт ва намехост Ҳабибуллоҳхон дар сари қудрат бошад. Дуюм, вай бо шоҳи маъзул-Амонуллоҳхон робитаи дӯстӣ дошт ва гумоштаи шоҳ Ғуломмуҳаммади Чархӣ сарвари Шӯравиро дилпур сохта буд, ки бо ба сари қудрат омадани Амонуллоҳхон неруҳои зиддишӯравӣ, алалхусус наҳзати босмачигарии Осиёи Миёнаро барҳам медиҳанд.

Аммо назари Кумитаи фавқулоддаи Шӯравӣ ба ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ некбинона буд. Онҳо борҳо мехостанд Сталинро мӯътақид созанд, ки Ҳабибуллоҳхон пуштибони мардуми одӣ аст, бо роҳандозии дипломатияи қавӣӯро дӯсти Шӯравӣ гардондан муяссар мегардад. Аммо инро Сталин қабул надошт.

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi