08:52:29 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил - I

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

Шайх Имом Шомили Доғистонӣ (1797-1871 милодӣ) пешво ва сарвари ҳаракати милливу озодихоҳии мардуми Қафқоз дар қарни нуздаҳи милодӣ мебошад ва бо далериву нотарсӣ ва ростиву  адолатпарварӣ, ахлоқи  ҳамида ва тақводорӣ машҳур аст. Ӯ бисту панҷ сол бо истилогарони Русияи подшоҳӣ мубориза бурд ва билохира, дар натиҷаи хиёнати атрофиёни наздикаш дар наздикии авули Ғуниби Доғистон ба русҳо таслим шуд. Ӯро ба Петербург бурданд ва баъди мулоқот бо императори Русия ба шаҳри Калуга ҳамроҳи аҳли хонаводааш табъид (бадарға) намуданд. Шайх Шомил пас аз чанд соли асорат ҳангоми сафари ҳаҷ дар шаҳри Мадинаи мунаввара вафот намуд ва дар оромгоҳи Ҷаннатулбақеъ мадфун гардид. Ин чанд ҳикояти пандомӯзи таърихӣ роҷеъ бо рӯзгори ин қаҳрамон ва шахсияти бузург  пешкаши шумо мегардад.

Таҳиягар Қиёмиддин Сатторӣ

***

rasul gamzatov 454454545Боре аз Шомил пурсиданд: "Имом, бигӯй, чӣ хел шуд, ки Доғистони хурди нимгушна асрҳои аср ба давлатҳои пуриқтидор муқобилат карда тавонист ва бар зидди онҳо истодагарӣ кард? Сӣ соли дароз бар зидди императори пурзӯри рус чӣ хел мубориза карда тавонист?".

Шомил ҷавоб дод: "Агар даруни синаи Доғистон оташи муҳаббат ва нафрат аланга намезад, вай ҳеҷ гоҳ ба чунин мубориза тоб оварда наметавонист. Ана, ҳамон оташ муъҷизаҳо меофараду корҳое мекард. Ана, ҳамон оташ дили Доғистон, яъне худи Доғистон аст.

Худи ман кистам, - идома медод Шомил. - Писари боғбон, аз авули дурдасти Гимри. Ман аз дигар одамон қадбаландтар ва серкитфтар нестам. Дар бачагиям тамоман сусту лоғар будам. Калонсолон аҳволи маро дида, сари таассуф меҷунбониданд, ки дур намекашам. Номи ман аввал Алӣ буд, лекин вақти бемор шуданам номамро Шомил карданд, ба умеди он, ки дардам ҳам бо номи куҳнаам аз танам бадар равад. Ман ҷаҳони бузургро надидаам. Ман дар шаҳрҳои бузург тарбия нагирифтаам. Ман соҳиби молу мулки зиёде ҳам набудам. Ман дар мадрасаи авуламон хондаам. Падару модарам ба хар шафтолу бор карда, маро ба бозори Темурхон-Шӯра равон мекарданд, ки бурда фурӯшам. Ман дар пайраҳаҳои санглохи кӯҳистон харакӣ бисёр роҳ гаштаам. Як рӯз чунин воқеа рӯй дод. Ба ин ҳодиса хеле вақт шуд, лекин ман онро фаромӯш намекунам ва фаромӯш кардан ҳам намехоҳам, чунки дар ҳамон лаҳза рӯҳи ман - оташи ман бедор шуд. Дар ҳамон лаҳза ман Шомил шудам.

Дар наздикии деҳаи Темурхон-Шӯра, дар як авул як гурӯҳ бачаҳои шӯх пеши роҳамро гирифта, маро масхара карданӣ шуданд. Яке кулоҳамро аз сарам гирифта гурехт. Дигарҳошон, то ман аз қафои бачаи кулоҳбурда сур кардам, ки бори хари маро кушода, сабадҳои пури меваро фуровардан гирифтанд. Ҳамаи онҳо, саросема шуда дасту по гум кардани маро дида, механдиданду завқ мекарданд. Ин шӯхии онҳо ба ман нафорид ва дар дилам оташи то ҳанӯз ноаён даргирифт. Аз ғилоф ханҷари дастасафедро кашидам. Бачаи кулоҳбурдаро дар поёни авул дастгир кардам, ба ҷӯйи лойоба афтонида, ба гулӯяш ханҷар мондам ва гуфтам:

-Ту ба оташ бозӣ накун!!

Вай баъди ин ба таваллою зорӣ даромад. Он бачаро дар ҷӯйи лойоба монда, ба атроф нигаристам. Бачаҳое, ки шафтолуҳои маро чошу пош карда буданд, ба ҳар тараф гурехтаанд. Баъд ман ба боми хонаи наздиктарин баромада бонг задам:

-Ҳой, бачаҳо! Агар нахоҳед, ки шикаматонро оташи ханҷари ман сӯзонад, борамро чӣ хел буд, ҳамон хел карда монед.

Шӯхбачаҳо коре накарданд, ки ман ин гапамро такрор бикунам.

Худи ҳамон рӯз дар бозор чунин гап-гапи мӯйсафедҳоро шунидам: "Овозаи ин ҷавонро ҳоло мешунавем".

Ман кулоҳамро ба сари абрӯ кашида, хари гапдарои худро ҳай карда, ба роҳам рафтам. Оё ман ҷангу ҷанҷолро мехостам? Худи онҳо маро ба ғазаб оварданд, аз дилам оташ бароварданд.

imam-shamil 544545Баъди ин солҳо гузаштанд. Як пагоҳӣ дар боғамон кор мекардам. Остин бар зада, аз поён хоки сиёҳ гирифта, ба кӯҳ мебаровардам ва ба бехи ҳар як дарахт мерехтам. Хокро ба кулоҳи кӯҳнаам андохта мекашондам. Он вақт тани ман аллакай захмҳо дошт. Ин захмҳо ба ман дар задухӯрдҳои гуногун расида буданд. Ҳамин дам одамон, кӯҳистониёни худамон, ки аз авулҳои дигар, ҳатто аз авулҳои хеле дур буданд, ба наздам омада, гуфтанд, ки аспамро зин зада, мусаллаҳ шавам. Ман мусаллаҳ шудан намехостам, гапашонро рад кардам, чунки ба ман боғбонӣ ҳазор бор аз ҷанг беҳтар буд.

Баъд фиристодагони авулҳо ба ман гуфтанд:

-Шомил! Аспҳои бегона аз чашмаҳои мо об мехӯранд, одамони бегона шамъҳои моро хомӯш мекунанд. Ба асп худат савор мешавӣ, ё мо саворат бикунем?

Инро шунида мисли он даъфае, ки бачаҳо аз сарам кулоҳамро гирифта гурехта ва шафтолуҳоямро резу чош карда, маро ранҷонида буданд, дар синаам оташ аланга зад. Ин оташ монанди он дафъаина сӯзон ва ҳатто аз он ҳам сӯзонтар буд. Ман боғро фаромӯш кардам, ҳамаро фаромӯш кардам. Оташе, ки маро бисту панҷ сол боз кӯҳ ба кӯҳ мебарад, на аз боду борон хомӯш мешавад, на аз барфи сарди зимистон. Авулҳо оташ мегиранд, дуди оташ аз қабати дуду борут шарора мезанад, тамоми Қафқоз месӯзад. Оташ, ана, ҳамин хел чиз аст!

Ҳикоят мекунанд, ки дар замонҳои қадим, агар душман аз марзи Доғистон гузарад, мардум дар болои кӯҳи баланде баробари қади манора гулхан меафрӯхтанд. Инро дида, ҳамаи авулҳо гулханҳои худро меафрӯхтанд. Ин гулханҳо ҳамон нидои шадиде буданд, ки кӯҳистониёнро водор менамуданд, ки самандҳои ҷангии худро савор шаванд. Аз ҳар ҳавлӣ саворае мебаромад, аз ҳар авул дастаи тайёре… Ба даъвати оташ пиёдаву савора мебаромаданд. То даме ки гулханҳо дар кӯҳҳо фурӯзон буданд, пирону занон ва кӯдакони дар кӯҳҳо монда медонистанд, ки душман ҳанӯз дар қаламрави Доғистон аст. Чун гулханҳо хомӯш мегаштанд, маълум мешуд, ки хатар бартараф шудааст ва ба сарзамини аҷдодӣ боз амну амонӣ омадааст. Дар таърихи тӯлонии кишвари худ кӯҳистониён борҳо водор шудаанд, ки дар теғаи кӯҳҳо оташи хатар афрӯзанд.

 

Он оташҳо ҳам байрақи ҷангӣ буданд, ҳам фармон… Онҳо ба кӯҳистониён ба ҷойи техникаи ҳозиразамон: радио, телеграф, телефон хизмат мекарданд. Дар пуштаи кӯҳҳо ҳозир ҳам ҷойҳои бедарахту бесабза намоёнанд, гӯё дар он ҷойҳо говмешҳои азиме хобида бошанд.

Мардуми кӯҳистон мегӯянд, ки ҷойи аз ҳама эътимоднок барои ханҷар-ғилоф, барои оташ-оташдон, барои мард- хона мебошад, вале оташ агар аз оташдон баромада, дар теғаи кӯҳ аланга занад, он гоҳ ханҷари дар ғилоф хобида ханҷар нест, марди дар назди оташдон нишаста, мард нест.

***

Модарам ба ман мегуфт: "Ҳар як одам бояд чашмаи муқаддаси худро дошта бошад". Вай ҳамчунин мегуфт, ки агар дар наздикии киштзор оби сари чашмасор шилдирросзанон ҷорӣ бошад, даравгарзан ҳаргиз хаста намешавад.

Ривояте ҳаст, ки дар айёми ҷавониаш Шомил ва устодаш Қозимуҳаммадро дар дараи Гимри, дар бурҷи ҷангӣ душманон муҳосира кардаанд. Шомил худро ба поён ба болои найзаҳои душманон партофта, бо ханҷар ба худ роҳ кушодааст. Вай аз нуздаҳ ҷойи баданаш захм хӯрда, бо вуҷуди ин, зинда мондааст ва ба кӯҳ гурехта рафтааст. Мардуми кӯҳистон гумон кардаанд, ки ӯ ҳалок шудааст. Вақте ки ӯ дар авул пайдо шудааст, модари сиёҳпӯшаш бо ҳайрат ва шодию сурур пурсидааст:

-Шомил, писаракам, чӣ хел зинда мондӣ?

-Дар кӯҳ ба чашмае вохӯрдам,-ҷавоб додааст Шомил. Мардуми кӯҳистон дар биёбони Арабистон аз шутур афтида, мурдани имом ва пири худ Шомилро шунида, мегуфтанд:

- Дар он наздикӣ чашмаи Доғистон набудааст.

***

Рӯзе аз Шомили бузург муқаррабонаш суол карданд:

-Ҳазрати Имом, бигӯед, ки чаро шеъру шоириро манъ кардед?

Шомил ҷавоб дод:

-Мехостам, ки фақат шоирони ҳақиқӣ шеър бигӯянд, зеро шоирони асил аздусар шеърашонро гуфтан мегиранд. Вале шоирони тамаъкору лаққиву дурӯя, ки худро шоир ном карда мегарданд, аз фармони ман тарсида, ҷуръат гум мекунанд ва даст аз шоирӣ мекашанд. Ба ин васила халқро ҳам фиреб намекардагӣ мешаванду худро ҳам.

-Ҳазрати Имом, боз як суол, бигӯед, ки чаро шеърҳои Сайиди Аракониро ба дарё партофтед?

-Шеъри ҳақиқиро ба об пар¬тофтан мумкин нест, вай дар дили халқ маъво дорад. Агар шеър ба арзиши коғазе, ки дар ӯ навишта шудааст, баробар бошад, пас, ҳаққаш ба об партофтан аст. Ба ҷойи чунин шеърҳои сусту муст, ки мавҷи обашон бурда метавонад, Сайиди Араконӣ сари ягон кори фоиданокро гирад, беҳтар аст.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi