06:28:34 25-уми Октябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОБОИ МАН ВА СТАЛИН

МАЙ - РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳикоя

Мо дар ҳавлии аз бобоям меросмонда зиндагӣ мекунем. Ҳавлӣ он қадар калон ҳам нест, аммо хонаи чорҳуҷра ва ошхонаи дуқабата дорад. Дар қабати дувум- ҳуҷраи бобоям. Шояд даҳ соли ахир, баъд аз вафоти бобоям ман ба ин ҳуҷра боре сар нахалондаам.

9-umi-may 2116565Огаҳам, ки падарам гоҳ-гоҳе дари онро во мекунад, дар он ҷо чанде хомӯш менишинад ва аз расми бобояму Сталин, ки паҳлуи ҳам дар девор насб шудаанд, чашм наканда, зери лаб шояд чизе мегӯяд, аммо, ба қавли модарам, ҳарфҳои падар он қадар шунаво ва равшан нест.

Падарам боре бо киноя гила кард, ки пас аз фавти бобоям ман боре дари ҳуҷраашро боз накардаам. Ба ростӣ, аз ин ҳарфҳои падар сахт аламам омад, воқеан, бобоямро бениҳоят дӯст медоштам, ду-се соли аввал барои бобои азизам пинҳону ошкоро ашк мерехтам, инро падарам медонист. Аммо барои кушодани дари ҳуҷрааш нерӯ ва ҷуръат надоштам, лекин шому саҳар нигоҳам аз дари ҳуҷра канда набуд… Пас аз ин гилаи падар тасмими қатъӣ гирифтам: ҳамин ки падар дари ҳуҷраро во кард, ман ҳам вориди он мешавам.

Бобоям то охири умр тамокуро тавассути чубуқ мекашид, бӯйи он дар ҳуҷра боқӣ мондааст, чубуқи нуқрагинаш дар девор овезон. Ҷиҳози хона хеле хоксорона бошад ҳам, фарши онро як қолини серранг зеб медиҳад. Бибиам мегуфт, ки он туҳфаи падари тоҷираш аст. Кати хобаш паҳлуи девор қарор дорад, ҷомадони калони замони аскарии бобо, камзӯли (кител) низомии рангаш зарди баланд, ки ордену медалҳо дар тарафи чапи он ҷилои равшану хира дорад, бобоямро гӯё ки зинда бошад, пеши назар меоранд. Кулли ҷиҳоз мутааллиқ ба асри гузаштаанд.

Вақте бобоям зинда буд, ман ӯро доимо сари мизи хатнависӣ медидам. Кам менавишт, вале бисёр мехонд, китобро варақ мезаду дуди чубуқро фурӯ бурда сар медод, гоҳе чеҳрааш миёни дуди кабуд нопадид мегашт. Ман расми бобоям ва Сталинро, ки дар девор паҳлуи ҳам қарор доштанд, бо ҳам муқоиса мекардам: бобоям ба Сталин каму беш шабоҳат дошт, лекин муқаллиди ашаддии Сталин маҳсуб меёфт, бурути ханҷармонандаш шабеҳи бурути Сталин буд, то охири умр мисли Сталин либос пӯшида мегашт.

Боре, бибиям дар зинда будани шавҳараш, ошкоро нею бо каме ишора ба ман фаҳмонданӣ шуд, ки бобоям дар ҷанг азобҳои зиёд кашида, баъди анҷоми ҷанг чанд соле дар як гӯшаи сарди Сибир чӯб бурида, се ангушти пойи чапашро сармо задааст. Медонистам, ки бобоям маҷрӯҳи ҷанг аст, фикр доштам, ки шояд ангуштонашро дар майдони ҷанг аз даст дода бошад. Пурсида наметавонистам, падарам ба ин монеъ мешуд ва мегуфт, ки алами бобоятро зинда кардан даркор не, вақташ расад, мефаҳмӣ.

Ду сол пеш аз вафоти бобоям, дар арафаи рӯзи Ғалаба бар фашизм, намедонам дар ман аз куҷое кунҷковӣ ё неруе боло гирифт, ки бори аввал ба чашмони бобоям рост нигоҳ карда гуфтам:

– Бобоҷон, бибиям мегӯяд, ки шумо дар ҷанг азобҳои зиёде кашида, пас аз ҷанг боз шуморо ҳафт соли дигар ба Сибир бадарға кардаанд, дар он ҷо чӯббурӣ кардаед, оё ин рост аст?

– Нодири ширинам, – оҳи вазнине кашид бобоям ва ба расми Сталин маънидорона нигоҳ карда, посух дод: – Бибият дуруст гуфтааст, лекин чаро нагуфт, ки ман дар майдони ҷанг ба фашистон асир афтода будам, ҳамин бобои Сталинат маро ҳафт соли дигар бадарға кард, ҳа, ин рост….

Бори аввал дидам, ки чашмони калон-калони бобоям лиққи об шуд. Дар ҳоле ки китфонаш меларзиданд, суханашро идома дод:

– Бобоят қаҳрамони ҷанг буд, на асири ҷанг, дар ҳаққам Сталин хиёнатро раво дид, номардӣ кард!

Дилам ба бобои қаҳрамонам сӯхт. Ҳамон рӯз вай то дер ба ман он рӯзгорони шумеро, ки паси сар карда буд, як-як қисса кард. Фаҳмидам, ки ӯ бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҷанг рафта, ордени «Ситораи Сурх»-ро дар мудофиаи Москва ва «Шараф»-ро дар убури дарёи Днепр гирифта, барои далериву шуҷоати ҷангӣ боз ду медали дигарро ба вай муносиб донистаанд. Соли 1944 ба ҳайси командири тупчӣ дар яке аз муҳорибаҳо сахт маҷрӯҳ шуда, фашистон офитсери беҳушро «ғанимат» мегиранд. Бобоям дар асорат ба душман таслим нашудааст, пас аз шаш моҳ ҳамроҳи даҳ нафар асирон аз зиндон фирор карда, дар яке аз қисмҳои низомӣ худро собиқ офитсер ва соҳиби ҷоизаҳои ҷангӣ муаррифӣ мекунад. Аммо ба бобои ман, лейтенанти калон Камол Афзалов бовар намекунанд. Бобоям дар ҳабс ба унвони Сталин се мактуб менависад, аммо мактубҳо бидуни ҷавоб мемонанд. Дар он шабу рӯзҳо, ки Артиши сурх фашизмро дар лонааш саркӯб мекард, ба мисли бобои ман барин ба асирони ҷанг кам аҳамият дода, бештарашон чун «хоин» паронда мешуданд. Аммо орденҳои «Ситораи сурх» ва «Шараф» бобоямро умри дубора бахшида, пасонтар фаҳмидааст, ки нишон додани қаҳрамонию диловарӣ ҳангоми убури дарёи Днепр ва асир гирифтани даҳ нафар фашистонро фаромӯш накардаанд. Бобоям пирӯзӣ дар ҷангро дар ақибгоҳ истиқбол мегирад.

Бобоям саргузашти ҷангиашро ҳикоя мекарду панҷ дафтари хотираҳояшро, ки бо мурури вақт варақҳои он зардчатоб шудаанд, варақ мегардонд. Ду дафтарро ҳангоми дар бадарға буданаш навиштааст. Дафтарҳоро ман гаштаю баргашта хондам, бовар кардам, ки бобои ман, дар ҳақиқат, қаҳрамони майдони ҷанг аст, аммо Сталин корнамоии ин қаҳрамонро, ки бо шиори «Барои Сталин!», «Барои Ватан!» фашистонро кӯбидааст, ба эътибор нагирифта, нисбаташ ноҷавонмардона ҳукми ҳабс содир мекунад.

Ҳоло ки бобям дар ҳаёт нест, ӯро чун қаҳрамони ҷанг меҳисобам. Ба расми дар девор насбшуда, ки замони ҷанг аксбардорӣ шудааст, бо дилсӯзӣ, самимият ва муҳаббати бепоён менигарам. Ба назари ман, бобоям ба Сталин монанд; мӯйлабҳояш ҳам мисли вай, гӯё ки камзӯли низомии Сталинро пӯшида бошад. Нигоҳҳои бобоям одист, дар симояш ғурур эҳсос намешавад, аммо нигоҳи Сталин ба дигар тараф, бо дасти росташ чубуқи даҳонашро дошта, ғуруру такаббураш назаррас. Бобои қаҳрамони ман, ки ба вай то охирин лаҳзаи ҳаёт меҳру муҳаббат мепарвариду содиқ буд ва расми ӯро паҳлуи расми худаш нигоҳ доштааст, се бор мактуб менависад, ки ӯро чун сарфармондеҳ афв намояд, аммо вай бо он кибру ғурур посухе надодааст. Ба ростӣ, дилам бори дигар ба бобоям сӯхт, нисбат ба Сталин нафратам афзуд. Агар Сталин зинда мебуд, камзӯли низомии бобоямро пӯшида, ба наздаш мерафтам ва бо қаҳр мегуфтам:

– Шумо, Сталин, шахси худхоҳ, мағрур, чаро нисбати бобои қаҳрамони ман беадолатӣ кардед? Чаро ба се мактуби вай посухе надодед? Бобоҷони ман гуноҳе надошт, ӯро дар ҳолати беҳушӣ фашистон асир гирифта буданд. Шумо вазъияти бобоямро таҳқиқ накарда, ӯро «хоин» хондед ва ноадолатона боз ҳафт сол ба Сибири сарду ях бадарға кардед.

Албатта, Сталин зинда мебуд, шояд ба ман ҷавоби мусбат медод ва мегуфт, ки «ман хато кардаам, бобоят гуноҳе надошт, узр мепурсам, ҷони бобо!» Эҳ, Сталин, Сталин, ҳаёти бобоямро бо як фармони беадолатонаат сӯхтӣ. Бобоям туро чи қадар дӯст медоштааст. Расмат дар ҳуҷраи бобоям, чубуқат, ки мисли чубуқи бобоям аст, дар девори ҳуҷра овезон. Бобоям то дами вопасин мисли ту либос пӯшида мегашт. Сталин, агар зинда мебудӣ, ман навиштаҳои бобоямро аз мактуби дувумаш мехондам, саратро ба санг мезадӣ, бобоямро ситораи қаҳрамонӣ медодӣ, афсӯс, ки зинда нестӣ, ин ҳарфҳо ба гӯшат намедароянд. Бобоям навиштааст: «Ба сарлашкар, генералиссимус, пешвои халқи Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин, аз лейтенанти калон К. Афзалов. «Рафиқ Сталин! Ман, лейтенанти калон К. Афзалов се сол ҷангидам, се танкро мунҳадим карда, даҳ фашистро зинда дастгир намудам. Дар ҳолати беҳушӣ ба дасти душман афтодам, аммо таслим нашуда, ба шумо ва Ватан хиёнат накардаам. Хоҳишмандам, маро аз бадарғаи ҳафтсола озод кунед, ба хунукиҳои Сибир тоб наёварда, се ангушти пойи чапамро бурида партофтанд». Эҳ, Сталини ноодам, ту чӣ қадар шахси бераҳм будаӣ, магар як қаҳрамон сазовори бадарға ба Сибир буд? Бобои бечораам аз ту илтиҷо кардааст, зорию тавалло намудааст, ки ба сармои Сибир тоб наёварда, ангуштони пояшро бурида партофтаанд. Бераҳмиро бин, шақоватро бин. Нафратам ба ту, Сталин зиёд шуд. Аммо, чаро бобоям ба ту нафрату адоват надошт, баъде ки ту мурдӣ, падарам аз бадарға раҳо шуд. Дар ҳамон рӯзҳое, ки халқи шӯравӣ барои ту ашк мерехту мотам дошт, бобои ман ҳам барои ту зор-зор мегирист, сарашро ба дарахтони сарди Сибир зада, ғами ояндаи ватанро мехӯрдааст. Медонист, ки ту мурдаӣ, туро дар паҳлуи Ленин гӯрониданд, аммо содалавҳона ба номи ту мактуби севумашро навиштааст. Боз туро генерилиссимусу сарлашкар хонда, бо аламу андуҳи зиёд ин ҳарфҳоро навиштааст: «Мо-афсарону сарбозон ба номи ту, Сталини азиз, аз хандакҳо боло шуда, фашистонро кӯфтем. Ҳангоме ки ба душаман ғалаба мекардем, даҳҳо маротиба «Зинда бод Сталин!» гӯён садо мекашидем. Мо барои ту ва ватани советиамон ҷони худро нисор мекардем. Аз он ки маро ба Сибир бадарға кардаӣ, хафа нестам, ин тақдирам будааст. Ман туро, Сталин, падарвор дӯст доштаму медорам. Ту намурдаӣ, то абад зинда ҳастӣ. Зинда бод, рафиқ Сталин!»

Эҳ, Сталин, афсӯс зинда нестӣ, ки ин ҳарфҳои бобоямро, ки дар тамҷиди ту гуфтааст, хониву шунавӣ. Ту ҳафт соли ҳаёти бобоямро аз зиндагиаш дуздидаӣ, вай дар майдони ҷанг осебе надид, аммо аз беинсофии ту се ангушти пояшро аз даст дод. Пас аз марги ту бобоям сафед шуд, хати барот гирифт, аз бадарға, аз Сибир бо сари баланд ба хона баргашт, вале туро носазо нагуфт, пойи чапашро, ки се ангушт надошт, ба касе нишон надод. Бобоям худро шогирди Сталин медонист, аввал номи туро мегирифт, сонӣ номи Ленинро. Дар ҳама ҷо аз ту ҳимоят мекард, туро шахсияти бузург меҳисобид, низоми оҳанини туро мепарастид. Касе агар дар ҷомеа кори бадеро анҷом медод, ё хиёнатеро раво медид, бобоям мегуфт: «Кош, Сталин зинда мебуд!» Бале, ту душмани бобоям будӣ, аммо вай туро чун доҳӣ дӯст медошт.

Аз рӯзе, ки ёддоштҳои бобоямро хондам, соатҳо дар ҳуҷраи вай менишинам. Ба расми бобоям ва Сталин менигарам. Дилам ҳамоно ба бобоям месӯзад, аммо аз Сталин бадам меояд. Вай ҳазорон-ҳазорон одамонро бо фармонҳои беасос ва аблаҳонааш кушта, дастонаш то оринҷ дар хуни бегуноҳон оғӯшта мебошад. Онҳое, ки аз ин фармонҳои ӯ, хушбахтона, зинда мондаанд, боз ӯро дӯст доштанд, мисли бобои ман. Ин чӣ сиррест, Сталин чӣ тавр тавонист одамонро сеҳру ҷоду намояд, то ҳама ғулому бандааш шаванд?! Андешаҳо нисбат ба Сталин гуногун аст, аксаран ӯро мустабиду қотил медонанд, аммо бобои ман бо он таҳассуре, ки аз вай дид, ҳарфе нисбаташ равон надид. Расмашро паҳлуи расмаш ҷой дод, то лаҳзаи вопасини зиндагиаш Сталинро мепарастид...

БУРҲОН САЛМОН

Бознашр аз ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi