| ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 1 |
| Мақолаҳо - Таърих | |||||||
| 09.09.2010 15:43 | |||||||
Саҳ. 1 аз 2 Дар сӣ соли ахири қарни гузаштаи таърихи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин ва маъруфтарин сипаҳсолор, сиёсатмадор буд, ки беш аз дигар ҳамтоёни худ на танҳо дар Афғонистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон низ пайваста мавриди тавваҷҷӯҳи сиёсатшиносон, таҳлилгарон, журналистон ва солноманависон қарор гирифтааст. Агарчӣ дар шарҳи ҳол ва дар бораи ҷанбаҳои мухталифи зиндагонии ӯ ҳазорҳо мақолаву ҷилд-ҷилд китобу рисолаҳо навишта шуда бошанд ҳам, вале чунин ба назар мерасад, ки бисёр самтҳои фаъолияти серсоҳаву бисёрпаҳлӯи ин абармарди таърих ҳоло ҳам ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд ва аз сӯи олимону пажӯҳишгарон, нависандагону солноманигорон кашф нагардидаанд.
Бале, муаллифони мухталиф дар бораи нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи байни тоҷикон, кӯмаки ӯ ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳанда шуда буданд, то андозае ба таври умумӣ гуфтаанд. Вале дар ин бора ва дар дигар мавзӯъҳое, ки бо мавзӯи Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд иртибот мегиранд, ҳанӯз суханҳои ногуфта хеле зиёд аст ва онҳо бояд ба тадриҷ баён шаванд ва бузургиву шаҳомати ин фарзонамарди таърихи муосири миллати тоҷикро пеши ҳаммиллатонаш ва ҷаҳониён бори дигар рӯшантару возеҳтар бисозанд.
Мо кӯшидем дар ин навиштаи худ каме ҳам бошад ба саҳифаҳои торики ин масъала, бо такя ба китобу мақолаҳои муаллифони мухталиф, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва алалхусус бо истифода аз сӯҳбатҳои дӯстони хеле ҳам наздики Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон, бахусус сарварони собиқи вазорати амнияти кишвар генералҳои мӯҳтарам Сайидамир Зуҳуров ва Сайиданвар Камолов, ки ифтихори бо ӯ ба манфиати ҳарду кишвари ҳамсоя ва мардумони он ҳамкории зич карданро доштанд, равшанӣ адозем. Банда муддатҳои зиёд ҳам дар Афғонистони замоне, ки коммунистон дар сари қудрат буданд ва ҳам дар Афғонистоне, ки муҷоҳиддин дар он ҳукумат мекарданд, иқомат доштам ва аз мушоҳидаҳои бевоситаи худ дар ин навиштаам низ истифода кардаам.
Номи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон кай пайдо шуд? Авввалин бор дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон солҳои 80-уми асри гузашта, баъди он ки Артиши Советӣ ба хоки Афғонистон бо баҳонаи расондани кӯмаки интернатсионалистӣ ба мардуми ин кишвар дохил гардид ва дар он ҷо ба муқовимати шадиди муҷоҳиддин рӯ ба рӯ омад, тавассути матбуоти шўравӣ маълумот дода шуд. Маҳз ҳамон давра дар матбуоти Иттиҳоди Шўравӣ, азҷумла дар матбуоти Тоҷикистон низ, ки як ҷузъи матбуоти шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд, чун дар бораи дигар қумандонҳои ҷиҳодии Афғонистон гоҳ-гоҳе хабару мақолаҳо дарҷ мегардиданд.
Дар ин хабару мақолаҳо Масъуд ва дигар роҳбарони ҷиҳодиро дузду роҳзан, қотилу ғоратгар, умуман ҳамчун душманони давлат ва миллати Афғонистон ба қалам медоданд. Ин хабарҳоро ҳамон вақт бо ишора аз роҳбарони Маскав, тамоми расонаҳои хабарии Тоҷикистон нашр мекарданд. Бо вуҷуди он ки матбуот сари мардуми шўравӣ таъсири бузурге дошт, вале бояд гуфт, ки на ҳама дар Тоҷикистон ба ин гуфтаҳо бовар мекарданд. Зеро дар ин байн бархе инсонҳои кунҷкове буданд, ки манбаъҳои дигари хабариро ҷустуҷӯ мекарданд ва иттилои дигархелтаре дар ин мавзўъ пайдо менамуданд. Ва ин манобеъ асосан барномаҳои радиоҳои кишварҳои хориҷӣ, ба хусус, бахши форсии радиои Би Би Си, бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», радиои Эрон ва радиои «Овози дӯст»-и Покистон, ба шумор мерафтанд.
|






