ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 3
КӮмаки Масъуд ба размандагони мухолифини тоҷик

Агар бигӯем, ки Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо ба фирориёни тоҷик кӯмак мекарду ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хоки Афғонистон буданд, ёрӣ намерасонд, мо қариб, ки ҳеҷ чиз нагуфтаем ва ё аз гуфтани ҳақиқат сарфи назар намудаем. Махсусан дар давраҳои аввали ба давлати Афғонистон паноҳанда шудани муҳоҷирин ва размандаҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд бино ба даъватҳои мукаррари роҳбарони оппозитсиюн ба гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳо на танҳо силоҳу муҳимот медод, балки онҳоро бо қароргоҳҳо, хӯрока ва бо пӯшока таъмин мекард.
Ҳатто қароргоҳи машҳури худ «Операсиюн» дар Толуқонро, ки нақшаҳои зафаровари ӯ дар ҷанги зидди Артиши шӯравӣ ахиран маҳз дар ҳамин ҷо тарҳрезӣ мешуданд, ба ихтиёри раҳбари мухолифин устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Худованд ҷояшро ҷаннат бигардонад) дод. Ду тамрингоҳи хеле муҷҷаҳаз ва машҳури муҷоҳиддинашро дар манотиқи Фархор ва Баҳорак низ чанд муддат ба ихтиёри размандаҳои ҲНИТ вогузор карда буд. Албатта ин ҳама корҳоро Аҳмадшоҳ бо ду далел мекард.
Пеш аз он ба он хотир, ки ӯ аз қазияи Тоҷикистон ҳанӯз ба таври бояду шояд иттилоъ надошт. Яъне манбаи хабарии ӯ дар бораи вазъи Тоҷикистон ва ҳаводиси он асосан ҳамин роҳбарони мухолифин буданд. Албатта дар байни роҳбарони мухолифин буданд нафароне, ки вазъияти сиёсӣ- иҷтимоӣ ва низомии Тоҷикистонро чандон амиқ ва объективона арзёбӣ карда наметавонистанд. Чунин арзёбӣ агар як сӯ ба хотири надоштани иттилооти дақиқ рух медода бошад, аз сӯи дигар ба иллати бадбинии ҳукумати Тоҷикистон ва нафароне, ки дар ин ҳукумат фаъолият доштанд, сурат мегирифт.
Аз сӯи дигар агар Аҳмадшоҳ ба размандагони муҷоҳиддин кӯмак наменамуд, ин гурӯҳҳо ҳатман чунин кӯмакро аз рақибони Аҳмадшоҳ дарёфт мекарданд. Ва он гоҳ аз зери назорати ӯ хориҷ шуда ба таҳти нуфузи дигар қумандонҳои ҷиҳодӣ, маъмулан рақибони ӯ, дохил мешуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд хавфи онро медид, ки дар оянда рақибонаш ҳамин фирориёни тоҷикистониро ба муқобили худи ӯ метавонанд истифода баранд. Ба ҳамин хотир ӯ ба нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин кӯмакҳои низомӣ мекард.
Чунин кӯмакҳоро Аҳмадшоҳи Масъуд то он замоне, ки худаш шахсан бо роҳбарони ҳукумати Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидамир Зуҳуров рӯ ба рӯ мулоқот накард, сидқан идома дод.
Нахустин дидорбинии ЭмомалӢ Раҳмон бо Аҳмадшоҳи Масъуд
Ин дидорбинӣ дар ҷараёни як сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон, ки аз 28 то 30 августи соли 1993 дар Кобул ба вуқӯъ пайваст, сурат гирифт. Дар рафти ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд сӯҳбати пурмазмун бо Раиси Ҷумҳури ДИА профессор Бурҳониддин Раббонӣ доштан дар якҷоягӣ бо вазири амнияти кишвараш Сайидамир Зуҳуров боз як мулоқоти хеле пурмӯҳтавое бо Аҳмадшоҳи Масъуд доир кард, ки он қариб шаш соат тӯл кашид.
Чӣ навъе ки дар сӯҳбат бо мо яке аз ширкаткунандагони ин дидорбинии таърихӣ Сайидамир Зуҳуров нақл карданд, дар ин мулоқот сухан асосан аз боби баргардондани муҳоҷирин ва расидан ба сулҳи пойдор ва сартосарӣ дар Тоҷикистон рафтааст. Аҳмадшоҳи Масъуд такрор ба такрор таъкид намудааст, ки «нагузоред ҷанги Тоҷикистон ба дарозо бикашад ва Худое нахоста он ба ҷанги чирикӣ табдил ёбад. Ҷанги чирикӣ кишварро ба харобӣ ва мардуми онро ба қашшоқӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард. Дар ин иртибот ӯ аз таҷрибаи муборизаҳои худ чунин мисол овардааст:
«Солҳое, ки зидди режими Кобул ҷанг мекардам, ба яке аз зердастонам 10 ҳазор афғонӣ додам, ки комбинати масолеҳи сохтмонии Кобулро битарконад. Имрӯз ман ба ҳайси яке аз роҳбарони ин кишвар ҳатто ба маблағи 6 миллион доллар наметавонам он корхонаро барқарор намоям. Ман аз роҳбарони мухолифини ҳукумати шумо дар сӯҳбатҳоям ҳамеша даъват ба амал меорам, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд, ба хусус даст ба амалҳои вайронкориву террористӣ назананд. Аз Шумо низ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки қазияи Тоҷикистон- ин хонаи умеди ҳамаи мо тоҷиконро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кунед».
Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин мулоқот ҳамон суханҳоеро мегуфт, ки роҳбарони Тоҷикистон интизори шуниданашон буданд. Ҳамин буд, ки дар анҷоми ин сафар «Баёнияи муштараки сарварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Исломии Афғонистон аз 30-августи соли 1993» ба имзо расид. Дар ҳамин баёния азҷумла омадааст, ки «ҷонибҳо бар ин назаранд, ки барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ба роҳ мондани муколима бо нирӯҳои сиёсии тамоюли мухталифдошта омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҷонибҳо нақши СММ-ро дар ҳалли ин масъала мусбат ва созанда арзёбӣ карданд.
Ҳарду тараф ба мақсад мувофиқ донистанд, ки як комиссиюни сеҷониба бо ширкати намояндагони ДИА, ҶТ ва Раёсати комиссиариати Олии СММ оиди паноҳандагон лоиҳаи Созишномаи бозгашти ихтиёрии гурезагони тоҷикро аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон таҳия намуда, ба тасвиб бирасонанд». Агар ба назар бигирем, ки тахминан ҳамагӣ як моҳ пеш, баъди ҳамлаи размандагони мухолифин болои пустаи 12-уми марзбонони Русия сарвазири ҳукумати Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов дар як мусоҳибааш ба телевизиони Русия гуфта буд, ки «ҳукумати мо бо мухолифине, ки дастонашон то оринҷ дар хун тар шудаанд, музокира намекунад» ин баёнияи муштарак як ҷаҳише дар ин самт буд.
Дар ҷои дигари ҳамин баёнияи муштараки сарони Тоҷикистону Афғонистон таъкид шудааст, ки «ҷонибҳо ба принсипҳои ба муқобили ҳамдигар истифода набурдани нирӯ ва иштирок накардан дар амалҳои душманонаи зиддиякдигар пойбанд буда, кӯшиш мекунад, масъалаҳои баҳснокро бо роҳҳои мусолиматомез ҳаллу фасл менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДИА изҳори омодагӣ карданд, ки чораҳои зарурии муштаракро алайҳи терроризми байналмилалӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии он хоҳанд гирифт».
Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари як кишвари соҳибистиқлоли ҷаҳон буд, ки ба Давлати Исломии Афғонистон сафари расмӣ анҷом дод ва дар рафти ин сафар бо роҳбарони ин кишвар дар масъалаи муборизаи муштарак бурдан бо терроризми байналмилалӣ ба тавофуқ расид. Басо рамзист, ки ду кишвари ҳамсояе, ки дар ҳоли ҷанги дохилӣ буданд, дар нахустин санади муштараки хеш дар байни дигар масоили дуҷониба масъалаи мубориза алайҳи терроризми байналмилалиро ба миён гузоштанд.
Сипаҳсолор парчами сулҳро мебардорад
Баъди мулоқотҳояш бо роҳбарони Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар сӯҳбатҳои худ бо сарварони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекарданд, масъалаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро бештару қотеъонатар ба миён мегузоштагӣ шуд. Ҳамин буд, ки ҳамагӣ чанд моҳ баъди ин мулоқот музокироти сулҳи байни тоҷикон дар Маскав шурӯъ шуд. Чун ин музокироти ҳайатҳои гуфтушунидкунанда ба дарозо кашид, ҳукумати Афғонистон дар раъси он устод Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифои он Аҳмадшоҳи Масъуд изҳори омодагӣ карданд, ки дар Кобул мулоқоти сарони ду ҷониби сулҳкунанда дар қазияи Тоҷикистон, яъне мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро роҳандозӣ намоянд.
Ташкил ва гузаронидани мулоқоти сарони ҷонибҳои даргир дар Афғонистон кори содда набуд. Дар ҳарду ҷониб ҳам душманони баргузории ин дидорбинӣ кам набуданд.Чи тавре, ки Сайдамир Зуҳуров мегӯяд дар ташкил ва баргузории ин мулоқот нақши Аҳмадшоҳи Масъуд ҳалкунанда буд. «Азбаски ман медонистам, ки Масъуд пеши роҳбари давлати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ обрӯю эътибори калон дорад, дар лаҳзаҳои ҳассоси мулоқот аз ӯ хоҳиш мекардам, ки нуқтаи назари хешро оиди зарурати ҳарчӣ тезтар ба сулҳу созиш омадани ҷонибҳо иброз намояд.
Ва ин корро ӯ бо он фаҳму идроки бузурге, ки дошт, дар лаҳзаҳои мувофиқи ин дидорбинӣ дар чаҳорчӯбаи одоби рафтору гуфтори шарқиёна тарзе баён мекард, ки ба ҳама писанд меомад ва ҷараёни музокирот ноайён ба самти дилхоҳ ва зарурӣ ҳаракат мекард»-мегӯяд Сайдамир Зуҳуров. Ҳамин буд, ки ҷонибҳои сулҳкунанда дар Кобул чизи аз ҳама муҳим дар оғози ҳар як кор, яъне эътимод бастанро ба натиҷаи мусбати гуфтушунид, ба даст оварданд. Баъди мулоқоти нахустини роҳбарони ду ҷинои сулҳкунанда дар Кобул раванди музокирот маҷрои барои ҳарду ҷониб дилхоҳро ба худ касб кард.
Ҳамагӣ ду моҳ баъд аз сӯйи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ «Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он қадами ҷиддие ба пеш дар роҳи расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд. Ин тавофуқ дар натиҷаи як силсила сафарҳои намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон Р. Пирис-Баллон байни Душанбе ва Кобул ва мулоқотҳои ӯ бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Нурӣ, ба даст омаданд. Масъуд дар таъмини амнияти сафарҳои Р. Пирис-Баллон ба Кобул ва босамар гузаштани онҳо нақши ҳалкунанда гузошт.
Чаҳорчӯбаи ин мақола имконият намедиҳад, ки тамоми он корҳоеро, ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар масъалаи ба даст омадани сулҳу субот дар Тоҷикистон анҷом додааст, дар он ҳатто танҳо номбар кунем. Танҳо ҳаминро мегӯем ин мулоқотҳо ва махсусан мулоқоти Хустдеҳ, як ҷаҳише дар роҳи расидан ба сулҳу субот дар кишвар буд, ки дар он саҳми Масъуд беназир аст. Қабл аз он ки чанд ҳарфе дар бораи мулоқоти Хустдеҳ ва нақши Масъуд дар он бизанем, мехоҳем чанд сухан дар бораи нахустин сафари Аҳмадшоҳ ба Тоҷикистон гуфта бошем.
ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 1
ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 2
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
(идома дорад)