23:06:57 03-уми Июни 2026 сол

Мусоҳибаҳои нодири Аҳмад Зоҳир

(Бо истинод ба китоби «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ», Душанбе, 2021, саҳ. 315-342, 349-389)

Дар ин китоб бори аввал матни пурраи мусоҳибаҳои худи Аҳмад Зоҳир, ки дар маҷаллаҳои солҳои 1968, 1971, 1974 ва 1977 чоп шуда буданд, ба забони тоҷикӣ нашр шудааст. Ин мусоҳибаҳо равзанае ба дунёи ботинии ӯст.

ahmad zahir 554454122145Соли 1968: Хонандаи ҷавон ва орзуҳои аввал. Дар маҷаллаи "Паштун жағ" нашр шудааст, Аҳмад Зоҳир 22-сола аст. Мегӯяд: «Ман дар сабки худам ҳеҷ касро рақиби худ намедонам» (саҳ. 318). Аз таҳсил дар Ҳиндустон ва аз китобхонаи 8000 ҷилдии хеш сухан меронад. Орзу дорад, ки оянда сабтҳои студиёвии босифат кунад.

Соли 1971: Дили пур аз дилтангӣ. Ҳанӯз шуҳрат пайдо кардааст, аммо мегӯяд: «Ман умри кам ва таҷоруби зиёде дорам. Кашмирро дидаам, Итолиё, Фаронса, Амрико… ҳар ҷо дидам, ки инсон аз ғам бегона нест. Мехоҳам як рӯз шоҳиди хушбахтии инсонҳо бошам» (саҳ. 324-325).

Соли 1974: Шуҳрат ва гарданкашӣ. Дар мусоҳиба бо маҷаллаи «Жвандун» мегӯяд: «Баъзеҳо ҳамон ки консерт медиҳанд, дар ҳамон ҷо мемонанд, намегузаранд. Ман навовариро дӯст медорам. Дўст надорам бо куҳна бисозам» (саҳ. 330). Ва боз: «Консерти гурӯҳӣ роҳ рафтан бо асоро дорад, консерти танҳоӣ қудрати ҳунармандро нишон медиҳад».

Соли 1977: Охирин мусоҳиба. Ин суханҳо пур аз андӯҳанд. Мегӯяд: «Ман бо ду чеҳра зиндагӣ мекунам: яке барои худам, дигаре барои мардум. Ин мусибат аст» (саҳ. 335-336). Дар бораи ҷудоӣ аз Ноҷия мегӯяд, ки дилаш мехост баргардад, вале коре накарданд. Дар бораи таронаи «Оста буру» нақл мекунад, ки он ба ишқи илоҳӣ пайваст.

Мусоҳибаи Муҳиддини Олимпур бо хешовандони Аҳмад Зоҳир дар ИМА.

Соли 1993 Муҳиддини Олимпур бо хоҳари ӯ (Зоҳира), шавҳари хоҳар ва завҷаи ӯ Фахрия дар Вирҷиния вохӯрд. Мусоҳибаи пурраи сабтшуда дар китоб чоп шудааст (саҳ. 344-349). Зоҳира гуфт: «Агар Худо ба ман қудрат медод, ки бародаре биёфаринам, Аҳмад Зоҳирро меофаридам». Фахрия гуфт, ки охирин суруде, ки пеш аз марг хонд, «Худо бувад ёрет» барои муҷоҳидин буд.

Аз ин суханон Аҳмад Зоҳир ҳамчун инсоне ошкор мешавад, ки дар шиддатҳои шуҳрат ва дард бо ёди Худо ва сухани нек зиндагӣ мекард. Ӯ содда буд, вале бо дили бекина. Овозаҳои майпарастӣ ва занбозиро ин мусоҳибаҳо пурра рад мекунанд.

Субҳиддини Султон, "Рӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ