20:31:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

ТАЗАРВИ БОҒИ ФИРДАВС Ё СУХАНЕ ЧАНД БАХШИДА БА СОЛРӮЗИ ТАВАЛЛУД ВА МАРГИ АҲМАД ЗОҲИРИ ШАҲИД

Инак баҳор ҳам  ба охир мерасад. Баҳоре, ки ҳар сол мунтазираш ҳастем, баҳоре, ки ҳамаи мо дӯсташ медорем, баҳоре, ки аз қадами муборакаш табиат зинда мешавад ва ба инсон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ва дар  ҳамин фасли баҳор  66-сол муқаддам, 14-июни соли 1946-и мелодӣ, дар Кобул тифле чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Ӯ ҳамаги 33 сол умр дид, вале дар ин муддат ӯ тавонист, ки худро ба дунёи мусиқии Шарқ ҳамчун беҳтарин хунёгари муосири он муаррифӣ намояд. Вале мутаассифона, ӯ расо 33 сол пеш айнан дар рӯзи таваллудаш, ҷоми шаҳодатро нӯш кард.

/images/stories/2012/06/13_ahmadzahir-13612_1.jpgАлоқамандони созу овозаш то ҳанӯз ҳам аз марги нобаҳангомаш ғамноканд. Оре, бешак ин Аҳмад Зоҳир аст. Аҳмад Зоҳири ҷовидон. Аҳмад Зоҳире, ки дар ин умри кӯтоҳаш зиёда аз 600 суруд барои алоқамандони мусиқии ноб офаридааст. Ӯ тавонист мусиқии Шарқро такони ҷиддӣ бидиҳад.Ҳар сурудаашро аз қалбаш мебаровард то, ки дар дили шунаванда ҷо ёбад. Дар бораи ин ҳунарманди, воқеан беҳамто, бисёр навиштаанд ва бовар дорам боз асрҳо менависанд.

Далели гуфтаҳои мо китоби ,,Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”-и нависанда ва рӯзноманигори мустақил Султони Ҳамад аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба нашр расид. Ин сеюмин китоби ин нависандаи маъруф аст, ки зиндагинома ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳирро дар бар мегиранд. Ба муносибати рӯзи таваллуд ва ҳамзамон рӯзи ба шаҳодат расидани ӯ, дӯстдорони ҳунари воло, алоқамандони сурудҳои Аҳмад Зоҳири шодравон ҳар сол маҳфиле барпо мекунанд ва дар он аз тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон ҳофизҳои хушсалиқа, донандагони таронаҳои ин ҳунарманди солҳову садаҳо ҷамъ мешаванд, аз эҷодиёташ сурудҳо мехонанд, маҷлис барпо мекунанд.

Дар ин маҳфилхо натанҳо  тоҷикистониён, балки аз Афғонистон,Эрон то ҳатто аз Ҳиндустон меҳмонҳо меоянд. Воқеъан, диққат дода бошед, Аҳмад Зоҳир соф ба забони тоҷикии ноб мехонд. На дарӣ, на форсӣ, балки забони тоҷикии ноолуда. Чунки эҷодиёти ин ҳунарманди маҳбуби дилҳо аз ашъори шоирону классикони барҷастаи форсу тоҷик ба мисоли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бадриддини Ҳилолӣ ва аз шоирони муосири форсу тоҷик Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдуллоҳи Қодирӣ, Султон Шоҳзода, Фурӯғии Бастомӣ, Симини Беҳбаҳонӣ ва бисёр шоирони дигари форсу тоҷик иборат аст. Аҳмад Зоҳир ҳар шеъреро, ки интихоб мекард, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо оҳангаш месохт.

/images/stories/2012/06/13_ahmadzahir-13612_2.jpgБа ҳамин далел дар бойгонии мо диске маҳфуз аст, ки вақти тамрин ё сабти сурудаҳояш 4-5 бор як оҳангро аз сари нав сар мекард, ё дар вақти сабт ягон нуктае агар ба дилаш намефорид,  гурӯҳи навозандагонашро бо меҳрубонии ба худаш хос ҷанг мекард, мефаҳмонд то, ки оҳанге пайдо шавад, ки маънои шеърро чӣ хеле, ки шоир мехост, ба хонанда бирасонад ва ин ба ӯ даст медод. Ба ҳар шеъре, ки Аҳмад Зоҳир оҳанг меофарид, он шеър ба дили шунаванд ҳамон замон он ҷо меёфт.

Чуноне, ки шоири хушсалиқаи тоҷик Ҷамшеди Раҳимзод дар китобаш «Аҳмадзоҳирнома» қайд мекунад ,,Чун шеъру мусиқӣ ба ҳам тавъаманд, шоири ҷодусухан онест, ки дар дарки мусиқӣ аз мусиқидон мусиқидонтар ва сарояндаи ҷодунаво онест, ки дар дарки шеър аз шоир шоиртар бошад:

Махзани роз будан даркор аст,

Соҳибэъҷоз будан даркор аст .

Сарҳади кашф гузар хоҳӣ гар,

Ақлпарвоз будан даркор аст.

Сӯз, хушсӯз чу Аҳмад Зоҳир,

Олами соз будан даркор аст”.

/images/stories/2012/06/13_ahmadzahir-13612_3.jpgБа ростӣ, Аҳмад Зоҳир аз ҳамаи ҳамин суханони дар боло зикршуда бархурдор буд. Ӯ бо тамоми ҳастияш, бо тамоми эҳсосоташ ба хотири дарки маънии шеър ва интихоби ҳар як соз барои оҳанг амиқ фурӯ мерафт. Ӯ бо бисёр созҳои мусиқӣ балад буд. Аз он ҷумла аккордеон, гитор, ҳармония, пионино, сетори ҳиндӣ, рубоби бадахшонӣ, шилшила.

Аз ҳамин созҳои мусиқии номбаршуда шавқу шӯри зиёдтаре нисбат ба  аккордеон дошт. Гарчанде модарзод чапдаст буд, ин сози мусиқиро моҳирона, бо як маҳорати хеле баланд менавохт. Аз рӯи хабарҳои шунидаамон дар нимаи солҳои 70-ум ба гурӯҳи 10-гонаи аккордеоннавозони машҳури Афғонистон шомил мешуд. Аҳмад Зоҳир овозхон ва мусиқидони воқеъан барҷаста буд ва хоҳад монд. Ӯ худодод, худотарс буд. Номи Худо ҳамеша дар забонаш буд. Ба қавли хоҳарбузургаш Зоҳира, ки  айни ҳол дар Амрико зиндагӣ ба сар мебарад, дар сӯҳбате ба саволи  рӯзноманигори афғон  “Аҳмад Зоҳир чӣ хислатҳое дошт?” чунин ҷавоб медиҳад:

/images/stories/2012/06/13_ahmadzahir-13612_4.jpg"Аҳмад Зоҳир инсони хуб буд, мусулмони хуб буд. Аҳмад Зоҳир бародари оддӣ набуд. Ӯ ба синни бисёр хурд маро як дарс ёд дод. Ӯ 17-сол дошт, ман 18. Рӯзе бо мӯтараш ба дӯкони хушкашӯӣ ба сари колаҳоямон мерафтем. Дар назди дӯкон Аҳмад Зоҳир хост,ки фуромада колаҳоямонро биёрад. Аз куҷое як гадо пайдо шуда пеши дари Аҳмад Зоҳир омада гуфт:

-Ба номи Худо, аз бароям кӯмаке бикунед.

Ман хостам пули сиёҳи худама пайдо бикунам то, ки ба он гадо бидиҳам.

Дар ҳамин вақт Аҳмад Зоҳир аз ҷебаш як қабза пул бароварда ба гадо медиҳад ва мегӯяд:

-Бирав падар, Худо нигаҳбонат бод.

Баъди рафтани гадо ман бародарамро сарзаниш карда гуфтам:

-Чаро саросема шудӣ? Ман пули сиёҳ доштам, медодам.

Дар ҷавоб Аҳмад Зоҳир гуфт:

-Хоҳар! Магар ту нашунидӣ, ки ӯ гадо чӣ гуфт?

-Ӯ пайса хост,  гуфтам.

Гуфт:

/images/stories/2012/06/13_ahmadzahir-13612_5.jpgНе. Ӯ гуфт, ки ба номи Худо кӯмак кунед.Ту пули Худоро чӣ хел бо Худо ҳисоб мекунӣ?

Ва боз илова кард:

Ҳеҷ вақт гадоеро,ки кӯмак мекунӣ, ё ба каси дигар, аввал дасти чапат бояд нафаҳмад, ки дасти ростат чӣ кор мекунад, дуввум ин, ки ҳеҷ вақт пайсаата ҳисоб накун, кай ки ба номи Худо кӯмак мекунӣ.

Ростӣ, не ӯ пулдор буду не ман. Пулҳое, ки доштем, падарамон барои хушкашӯй дода буд,,

Ин буд як рӯйдоде аз зиндагиномаи ин овозхони нотакрор, ки аз забони ҳамширааш шунидем. Ин сабт ҳам дар бойгонии мо вуҷуд дорад.

Дар бораи Аҳмад Зоҳир ҳам суханҳои нек гуфтагианду ҳам суханҳои бад. Одамӣ беайб нест ва намешавад. Аз паси реҳлаткардагон сухани бад гуфтан кори хуб нест. Одам бояд айбро дар худаш биҷӯяд ва ислоҳ кунад.

Дар охир мехоҳем   бо порае аз шеъри шоираи тоҷик Шаҳрияи Аҳтамзод, ки ба ин хунёгари бузург бахшида шудааст, ба навиштаи худ ҳусни мақтаъ бубахшем:

Рӯзе равам ба намнами борону сар ниҳам,

Бар хоки сард, то раҳам аз ранҷи хештан.

Хоҳам, вале садои ту бар ҷои ояте

Афшон шавад чу бодҳо рӯи мазори ман.

Ҳамаи алоқамандони ин овозхони машҳур, Алмоси Шарқ Аҳмад Зоҳирро, ба ин рӯзи муборак аз самими қалб табрик мекунем.

Як гурӯҳи калони алоқамандони садои нотакрори Аҳмад Зоҳир, махсус барои сомонаи “Рӯзгор”



Шарҳҳо   

 
+2 #1 RE: ТАЗАРВИ БОҒИ ФИРДАВС Ё СУХАНЕ ЧАНД БАХШИДА БА СОЛРӮЗИ ТАВАЛЛУД ВА МАРГИ АҲМАД ЗОҲИРИ ШАҲИДGuest 13.06.2012 21:39
Ман, шодравон Ахмади Зохирро aз хурди дуст медоштам ва то охири умр дуст хохам дошт.Ному хунари Ахмади Зохир хамеша баландбардори мусикии эстрадаи форсизабонхои дунёст!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi