03:50:27 01-уми Июни 2025 сол

МАВЗУНА: “ИН АҚИДА, КИ ЗАНИ ТОҶИК ЗАЪИФ АСТ, ПОЯ НАДОРАД”

Барои аввалин бор Мавзуна Чориева, як муштзандухтари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шуд. Ин мусобиқот дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуда ва дар финол хонуми Чориева дар вазни 61 килуграм бар рақиби худ Рю Йонг Сум аз Куреи Шимолӣ ғолиб гардид. Ин духтари резапайкари шармгин 17 сол дошта ва аз нигоҳи аввал эҳсос намешавад, ки ӯ муштзани варзида ва қаҳрамони бозиҳои байналмилалӣ бошад.

 

Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад дар сӯҳбате ихтисосӣ бо Мавзуна Чориев нахуст аз ӯ пурсидааст, ки бокс ё муштзанӣ ба унвони як мусобиқаи сангину хашин ва дардовар барои духтарони нозукандоми тоҷик вазнину миёншикан нест?

 

Мавзуна Чориева: Манзуратон бокс кори духтарон нест, ҳамин тавр? Чаро духтари тоҷик наметавонад дар варзишҳои ба истилоҳ “мардона” ширкат кунад?

 

Ман дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё духтарони муштзани афғон, араб, эронӣ ва кишварҳои дигари мусалмониро дидам, ки хеле хуб ҳунарнамоӣ мекунанд. Яъне, ақидаҳо дар бораи он ки занону духтарони мусалмон нозукандому заъиф ҳастанд, бепоя аст.

 

-Вақте муштзаниро ихтиёр кардӣ, вокуниши падару модар ва наздикону ҳамсояҳо чи гуна буд?

 

-Падарам худ варзишгар буду дар мусобиқоти куштӣ ширкат мекард. Вақте ман 7-сола будам, ӯ маро ба бахши куштӣ овард. Вале бештар аз муштзанӣ хушам меомад. Як муддат ҳам дар бахши куштӣ тамрин мекардам ҳам дар бахши бокс.

 

Маъмулан бо бачаҳо муштзанӣ мекардам. Аз он ки мумкин аст биниам бишканад ё ягон узви баданам ҷароҳат бардорад, тарсе надоштам. Шояд ба ҳамин далел буд, ки бо машварати падарам комилан ба муштзанӣ пардохтам.

 

Модарам ва хешовандон аз интихоби ман пуштибонӣ карданд. Албатта, ҳамсояҳову духтарони маҳалламон ба муштзании ман писханд мезаданд. Аммо ман ба ҳарфҳои онҳо парвое надоштам. Зеро ба гуфтаи падарам, “Дарвозаи шаҳрро бастан мумкин асту даҳони мардумро не”. Аз сӯйи дигар, дар шаҳри Кӯлоб, зодгоҳи ман, духтарони зиёде ба варзиш машғул буданд ва дар миёни онҳо қаҳрамонони шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ тарбият ёфтаанд.

 

-Оё аз эҳтимоли шикастани бинӣ ё ҷароҳати дигари ҷиддӣ дар чеҳра тарсе надорӣ?

 

-На. Беш аз 10 сол аст, ки дар бахши муштзанӣ тамрин карда ва дар мусобиқот ширкат кардаам. Аммо то ҳол касе биниамро нашикастааст. Аз сӯйи дигар, ман шеваҳои ҳимоятро медонам, ки рақиб наметавонад ба чеҳра ё биниам мушт занад.

 

-Вале то ҳол мисли Мавзуна муштзандухтарони тоҷик дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ширкат надоштаанд. Шояд теъдоди духтарони муштзан кам аст?

 

-Воқеъан теъдоди ин гуна духтарон ангуштшуморанд. Аз ин лиҳоз, ман дар Тоҷикистон бо ҷавонони муштзан тамрин мекунам. Дар ҳар тамрин бо панҷ нафар бо навбат вориди набард мешавам. Агар рақиби духтар медоштам, хуб буд. Зеро аз таҷруба бояд омӯхт, ки духтарон чи гуна зарба мезананд, тарзи ҳимояташон чи навъ аст ва қисматҳои осебпазирашон кадомҳоянд.

 

Як соли муҳоҷират дар Русия ва тамрин дар толорҳои варзишии Маскав ба ман кумак кард. Барои аввалин бор ман бо муштзандухтарон тамрин мекардам ва мураббии ботаҷрубаю меҳрубоне доштам.

 

Албатта, тавофут миёни шароити тамрини варзишгарони Русияву Тоҷикистон мисли тафовут байни замину осмон аст. Дар Русия варзишгар фикри пайдо кардани ғизои муқаввию сервитамин ва либосу таҷҳизоти зарурии варзиширо надорад ва бо хотири осуда ба мусобиқот омодагӣ мегирад.

 

Ман дар Русия дар чанд мусобиқоти дохилию байналмилалӣ ширкат карда ва дар мусобиқоти шаҳри Маскав баранда шудам. Аммо пас аз даргузашти падарам дар Маскав дар моҳи январи соли ҷорӣ ба ватан баргаштам. Вақте падарам зиндагиро падруд гуфт, ҳамагӣ 42 сол дошт.

 

-Агар аз Русия ё кишварҳои дигар даъват кунанд, қабул мекунӣ?

 

-Мураббиям аз Маскав борҳо ба ман занг зада, хоҳиш кард, ки ба Маскав баргардам. Пас аз дарёфти медоли тило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар ҳафтаи гузашта низ мақомоти варзишии қазоқ бо ваъдаҳои зиёди молӣ ва таъмини зиндагии фаровону осуда аз ман даъват карданд, ки дар тими мунтахаби Қазоқистон ҳунарнамоӣ кунам. Вале ин даъватро напазируфтам.

 

-Ин як навъ садоқат ба ватан аст?

 

-Бале. Мехоҳам дар суфуфи тими мунтахаби Тоҷикистон ва аз номи ватани худ дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кунам. Дар сурати пирӯзӣ парчами кишвари мо барафрохта шуда ва суруди миллии мо садо диҳад.

 

-Аммо дар Тоҷикистон барои тамрину омодагӣ ба мусобиқот шароити зарурӣ фароҳам аст? Дар ин росто мушкилоте вуҷуд дорад?

 

-Қаблан мушкилот зиёд буд. Бахусус, мушкилоти молӣ. Дар кишварҳои пешрафта варзишгар дар сар танҳо ҳавою андешаи омодагӣ ба мусобиқотро дорад. Вале мо то ба ин поя нарасидаем. Пас аз пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё назари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон ва сохторҳои расмии варзишии кишвар нисбат ба сарнавишти банда тағйир кардааст.

 

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, имрӯз (1 июн) зимни мулоқот бо ман гуфт, ки ин ниҳод барои пайдо кардани ҳомии сарватманд барои банда талош мекунад.

 

Оқои Неъматов гуфт, ки шояд дар оянда Корхонаи олуминиюми Тоҷикистон ё ТАЛКО ҳомии молии ман бошад. Пӯшида нест, ки барои тамрину ширкати варзишгар дар мусобиқот маболиғе зиёде лозим аст. Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон пайдо кардани ҳомиёни сарватманду саховатманд душвор будааст.

 

-Маъмулан, дар варзиш пас аз анҷоми як мусобиқа тадорукот ба мусобиқоти дигар шурӯъ мешавад. Ҳоло барои кадом мусобиқот омодагӣ мегирӣ?

 

-Дар назар аст дар моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сингопур нахустин Бозиҳои Улампик миёни наврасон баргузор шавад. Ҳамчунин, дар моҳҳои октябр ва ноябр мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё пешбинӣ шудааст.

 

Барои ширкат дар ин мусобиқоти бонуфуз дар мусобиқоти интихобии муштзанӣ дар миёни духтарон ширкат карда ва роҳхат ба ин мусобиқотро ба даст овардан лозим аст. Ҳоло ҳамарӯза се маротиба тамрин мекунам. Агар толеъ мадад кунад, дар ин мусобиқот ширкат хоҳам кард.

 

Бароят дар мусобиқоти оянда бурдборӣ ва муваффақиятро таманно дорам.

 

Мамнун.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/2406-2010-06-02-17-39-35.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854