13:21:12 01-уми Июли 2025 сол

МУКОФОТИ ОЛИИ ФАРОНСА БА САОДАТ ОЛИМОВА

Дирӯз, 29-уми март, Сафири Фаронса дар Тоҷикисон Анри Зиппер де Фабиани ба Саодат Олимова, роҳбари хадамоти иҷтимоии Маркази илмӣ-тадқиқотии «Шарқ», номзади илмҳои фалсафа, яке аз бонуфузтарин мукофотҳои миллии Фаронса, ордени миллии «Барои хизмати шоиста» (Ordre national du Merite)-ро барои силсилаи тадқиқотҳои илмӣ ва саҳм гузоштан дар таҳкими равобити Тоҷикистону Фаронса супурд.

Саодат Олимова

Маросими ботантанаи супурдани мукофот дар ҳузури намояндагони аҳли зиё ва фарҳанги кишвар дар сафоратхонаи Фаронса дар Душанбе баргузор гардид. Ордени «Барои хизмати шоиста» соли 1963 аз сӯйи Президенти Фаронса генерал де Голл  таъсис ёфтааст.  Мукофотро новобаста аз мансубияташон ба ин он ё он кишвар маъмулан  ба шахсиятҳое эъто мекунанд, ки ба ақидаи фаронсавиҳо, дар фаъолиятҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангии  худ хадамоте низ барои Фаронса кардаанд.

Эътои ин мукофот нишонаи эътирофи қадру манзалати шахсе мебошад, ки бо он мукофотонида шудааст. Қарори бо ин орден сарфароз кардани шаҳрвандони Фаронса ва дигар кишварҳо аз тарафи Сарвазири ҳукумати Фаронса гирифта мешавад. Ордени мазкур аз рӯйи аҳамияти худ баъди ордени «Легиони ифтихорӣ», ордени «Озодӣ» ва «Медали ҳарбӣ» чорумин мукофоти давлатии Фаронса ба шумор меравад.

Соли гузашта Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Матлубхон Давлатов, раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  бо ин ордени Фаронса қадрдонӣ шуда буданд.

Саодат Олимова

Саодат Олимова беш аз сӣ сол аст, ки бо тадқиқотҳои илмии худ дар байни олимони ҷомеъашиноси кишвар ва минтақа мавқеи арзандаи худро дорад. Иштирокчии  конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар беш аз 25 кишвари ҷаҳон, аз қабили Австрия, ИМА, Олмон, Русия, Исроил, Тунис, Ҷопон ва ғайра мебошад Узви Ассосиатсияи байналмилалии шарқшиносон (Маскав), Ассосиатсияи байналмилалии антропологии «Этнос» (Барселона), Шӯрои мустақили илмӣ оиди муҳоҷират (Маскав), муаллифи беш аз 150 мақолаи илмӣ ва ҳаммуаллифи 15 асари илмӣ мебошад.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.03.2011 20:27
Ба Саодат Олимова ин мукофотро табрик мегуям... Мукофот муборак.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ