10:56:37 03-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Тақдири як зан

Таҳмина КАРИМОВА, «Рӯзгор»

Қиссае, ки аз пайи нақлаш ҳастем, воқеъист. Ва он чӣ аз сари қаҳрамони он гузаштааст низ аз воқеъият аст. Танҳо чизе, ки илова шуд, тағйири ному насаб ва маҳалли истиқомати қаҳрамонони он аст.

taqdiri-yak-zan-2013Ҳар субҳ ӯро медидам, зани ситорагарм, вале эҳсос мешавад бори гарони зиндагӣ хуб азияташ карда. Мушкилоти зиндагӣ хеле бармаҳал зери бори сангин кашидааст. Аз чеҳрааш ҳатто осори ғаму андӯҳи гарон эҳсос мешавад. Ва баъд аз наздик шинос шудам. Худро Нигора муаррифӣ кард, Нигора Самадова, сокини пойтахти кишвар, 42-сола. Дар оила фарзанди «кенҷа» буд.

Падараш ки худ аз илму маърифат огоҳ буд, фарзандонро низ ҳамеша ба хондан роҳнамоӣ мекард. Баъди хатми мактаби миёна бо тавсияи падар ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шуд. Нигора қавл дода буд, ки ҷавобан ба ғамхории қиблагоҳаш донишгоҳро бо сари баланд хатм менамояд. Соли аввали хонишро бомуваффақият ба анҷом расонида, ба соли хониши дуввум омодагӣ мебинад. Аммо бадбахтие ин духтараки ташнаи илму донишро пеш меояд: падараш бо сабаби бемории нобаҳангом аз олам чашм мепӯшад. Аз ин марги падар гӯё як қаноти Нигораи эркаи хонадон мешиканад. Реҳлати падар орзуҳои ӯро низ барбод медиҳад. Бародаронаш наметавонистанд ҷои холимондаи муҳаббати падарро бигиранд ва ин ҷо тамоми умр барояш холӣ монд.

Азбаски шартномавӣ таҳсил мекард, соли дуюм натавонист пули таҳсилро бипардозад. Бародаронаш шадидан мухолифи идомаи таҳсили хоҳар шуданд ва ҳатто хеле бо лаҳни тунд ибрози назар намуданд: «Барои хондани ту ҳеҷ гуна пул-мул нест! Духтарро хондан чӣ лозим?!». Бародари калонӣ, ки ба хондани ӯ розӣ набуд, бо таҳдид мегӯяд: «Аз ҳамин рӯз эътиборан донишгоҳ рафтанат қатъиян манъ аст. Туро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Бас, дигар дари донишгоҳ ба рӯйи ту баста аст!». Пас аз шунидани ин гуна суханҳо Нигораи дил пур аз алам дар ҷойяш шах шуд ва дигар мадори гап задан надошт, аз ду чашмонаш ашк ҷорӣ мешуд.

Нигора ба ҳамаи ин бераҳмии бародарони бемеҳр таҳаммул мекунад, чунки ӯ медонист, ғайр аз сабр чорае нест. Чӣ ҳам метавонад бикунад? Пеши кӣ арзу дод кунад? Киро ғами духтари маъсумест, ки дар дил ҳаваси хондан дораду наметавонад муқовимати бародаронашро бишканад? Чун хумори донишгоҳу дӯстони донишгоҳиаш мегирифт, пеши модар мерафт ва сар ба зонуи ӯ мегузошту талх мегирист. Модари маъюбу бистарӣ бо панду насиҳат духтари ягонаи худро ором мекард. Суханони ӯ марҳам ба дили решаш мегашт ва бо тасаллои модар худро ором мегирифт. 

Бо гузашти муддате бародарон дар фикри хонадор кардани хоҳар мезананд. Нигора намехост шавҳар кунад, мехост назди модари бемораш бошад, ӯро парасторӣ кунад. Вале боз ҳам наметавонист. Барои бародарон, ки ин тасмимро гирифта буданд, на нолаву лобаи ӯ аҳамият дошт ва на хоҳиши модар. Модар тадриҷан дарк карда буд, ки баъди вафоти шавҳараш писаронаш аз ӯ камтар қадрдонӣ мекарданд.  

Билохира, он рӯз ҳам фаро расид. Бо касе издивоҷ кард, ки надидаву нашунида буд. Ба бахташ Низом ҷавони хубе буд. Зуд ба ҳамдигар унс мегиранд, Низом ҳамсарашро дӯст медошт ва намегузошт, ки ба пойи ӯ хоре халад. Ҳамаи инро Нигора низ дарк мекард ва ба шавҳар меҳрубонӣ менамуд ва эҳтиромашро ба ҷо меовард.

Рӯзҳо ба ҳамин минвол мегузаштанд, онҳо соҳиби се фарзанд - як духтару ду писар гардиданд. Фарзандон калон мешаванд, мушкилоти зиндагӣ бештар мегардад. Ноилоҷ Низом бо машварат бо ҳамсараш озими Русия мешавад, то бо пули мардикорӣ оилаашро хӯронаду пӯшонад, то хонаводааш рӯи мӯҳтоҷӣ ва фақру бенавоиро набинад, то фарзандонаш таҳсил кунанд, серу пур ба камол расанд.

Ин гуна андешаҳо билохира ӯро ба мусофират бурд. Аммо чӣ рафтане...рафтани бебозгашт...рафтани бе хату хабар. Баъди як занги телефонӣ дигар на тамосеву на иртиботе. Куҷо шуданд он ваъдаҳо, ки мегуфт, ба муҷарради расидану кор пайдо кардан ҳар моҳ пул мефиристад. Нигора дигар намедонист суроғи Насимро куҷо ҷӯяд, чӣ кор кунад, пеши кӣ равад, аз кӣ мадад хоҳад. Вақте Насим буд, бори ин мушкилотро бо ҳам мекашиданд. Аммо акнун чӣ кунад? 

Бо се фарзанди ноболиғ, бо се тифли ҳанӯз талхию ширинии ҳаёт ночашида танҳо монд ва бори ғаму кулфати таъминоти онҳоро тани танҳо бар душ гирифт. Ӯ мисли кабутари беболу паре буд, ки дигар мадори ба ягон ҷо паридан надошт. Бори вазнини зиндагӣ ба дӯшаш афтод. Ҳолатҳое мешуданд, ки аз чунин гардиши ҷонфарсои зиндагӣ дилсард мешуду мехост, ки даст ба худкушӣ занад. Аммо боз худдорӣ мекард. Охир агар худро ҳам, ки бикушад, ин се тифлак ба чӣ ҳол гирифтор мешаванд?

Ниҳоят роҳи бозорнишиниро пайдо кард. Дар ҳота кабудӣ мекишт ва онро ба бозор мебурду мефурӯхт ва аз пули он рӯзии фарзандонашро пайдо мекард. Баъди бозор дар мактаби пеши хона фаррошӣ мекард. Баъдтар бо кӯмаки яке аз ҳамсояҳояш моеъҳои покшӯйӣ гирифта, кӯча ба кӯча мегардад, то онҳоро фурӯшаду соҳиби як бурда нон барои тифлаконаш шавад.

Бародаронаш ҳам дигар кам ба суроғаш меомаданд, шояд намехостанд  ба аёдати хоҳар омадаву шарики дарду ғуссаи ӯ бошанд. Баръакс, пешниҳод мекарданд, ки акнун дигар роҳи Насим напояд, бо марди дигаре издивоҷ кунад. Агар Насим зинда мебуд, дар ин солҳо ақалан садояш шунида мешуд. Вале ин Нигора буд, ки аҳду паймонро аз ҳар гуна айшу ишрат бо шавҳари дигар болотар медонист. Насим барои ӯ зинда буд, вай наметавонист муҳаббати ӯро бо дигаре қисмат кунад. Аз ин рӯ қотеъ ин гуна пешниҳодотро рад кард. Чун нек медонист, ки ҳеҷ марде наметавонад мисли Насим фарзандони ӯро падарӣ кунад.

Солҳо сипарӣ шуданд. Духтари калониаш ба синни арӯсӣ расид. Хостгор омад, ноилоҷ ба шавҳар дод. Намехост, вале ҳамсояҳо дахолат карданд, ки дари бахти духтарашро набандад. Духтарашро ба хонадони сарватманде, ки писараш ошиқаш шуда буд, ба шавҳар дод. 

Рӯзи тӯй мушоҳида намуд, ки ҳангоми ба хонаи духтараш рафтан хушдоманаш ӯро бо дили нохоҳам қабул мекунад. Ин муносибату рафтори онҳоро дида Нигора нороҳат шуд. Аз ин пас ҳатто дар ду моҳ як маротиба ба дидорбинии духтари ягонааш мерафт. Хушдомани духтар боре  гуфтаст: «Ба модарат гӯй, ки ба хонаи мо набиёяд, барои он ки аз либоси ӯ мо назди ҳамсояҳо шарм мекунем. Боз ту ҳам ба хонаатон намеравӣ. Ту келини ин хонадонӣ, хизмати ин ҷоро кун ва ёди хонаатон накун. Ин суханони маро ба модарат расон». Духтарак ноилоҷ бо телефон ҳамаи гуфтаҳои хушдоманро ба модар мегӯяд. Нигора духтарашро тасаллӣ медиҳад: «Ҳа, духтарам, хушдоманат рост мегӯяд. Ту ғамгин машав, барои ман шуда зиндагиатро талх накун.

Агар маро модар донию суханамро ба ҷо орӣ, ҳар чизе, ки хусуру хушдоманат мефармоянд иҷро кун. Ман доимо дуогӯят ҳастам, духтарам! Худо нигаҳбонат бошад!»,- гуфта телефонро хомӯш мекунад ва баъд бо садои баланди дарднок талх-талх мегиряд. Аммо ин зани қавиирода ба шукронаи фарзандонаш умр ба сар мебарад. То ҳол чашм ба роҳи шавҳари гумгаштааш - Низом аст, ки ӯ зинда ва шояд рӯзе расад, ки Худованд ӯро аз дари хона ворид кунад. Агар ин тавр низ нашуд, дидори маҳбуби гумгаштаашро дар қиёмат интизор аст. Дар ҳаёт боз аз як чиз пушаймон аст ва афсӯс мехӯрад, ки ба он қавле, ки ба падар дода буд, ки бо сари баланд донишгоҳро хатм хоҳад кард, вафо накард. Гарчанде сабабгори асосӣ бародарон буданд, вале Нигора аз худ норозӣ аст, ки ба нияташ нарасид. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳои зиндагӣ дар дил ниятҳои нек дорад, мегӯяд, ки «Аз Худованд талаб менамоям, ки умри ин ду фарзанди дигарамро дароз кунад, то ояндаи некамро аз давлати писаронам бинам».

Бале, муҳоҷирати корӣ ин гуна мушкилот дорад. Ҳолатҳое зиёданд, ки мардон рафтаву дергоҳ барнагштаанд ва бори сангини таъминоти хонавода бар души занон вогузор шуда. Ва ин бор дар ҳақиқат гарон аст, сангин аст. Танҳо касоне таҳаммули ин мушкилот хоҳанд дошт, ки  иродаи мустаҳкам, имон ба Худо ва шафқат ба фарзанд ёрашон аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi