10:18:12 21-уми Августи 2026 сол

Истиқлоли давлатӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон

19 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

777237610_122204189636471845_3428556575953176837_nВазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик марҳалаи эҳёи миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва бунёди ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳала соҳаи илму маориф ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ, омили асосии рушди сармояи инсонӣ ва кафолати пешрафти ҷомеа мавқеи калидӣ касб намуд.

Дар ин давра ҳама зинаҳои таҳсилот, аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олӣ марҳала ба марҳала таҳким ёфтанд ва барои таълиму тарбияи насли донишманд, соҳибкасб ва ватандӯст шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Агар дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 4056 расидааст. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин рақамҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди маориф шаҳодат медиҳанд.

Ҳамзамон нақши ташаббусҳои маърифативу фарҳангии Пешвои миллат дар рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа махсус таъкид гардид. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» имрӯз ба ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури илмӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиа ва донишомӯзӣ нақши муассир доранд.

Дар баробари ин, таъкид шуд, ки ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди ҷомеа дониш, ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури навоварона ва мутобиқшавӣ ба равандҳои босуръати технологиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забонҳои хориҷӣ ва омода намудани насли ҷавон ба талаботи асри зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ аз вазифаҳои муҳими низоми маорифи мамлакат ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ