12:29:25 23-уми Октябри 2026 сол

Инқилоби рақамӣ дар Душанбе: Тоҷикистон нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ таъсис медиҳад

Дар замони муосир, фанновариҳои навин ва зеҳни сунъӣ ба муҳаррики асосии рушди саноат, иқтисод ва осонии рӯзгори ҷомеа табдил ёфтаанд. Тоҷикистон бо як қадами таърихӣ ва бо шарикии азимони технологӣ, худро ҳамчун пешвои рақамии минтақа ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

444 8455475329324034317 nДар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин маросими расмии муаррифии нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ (AI Innovation Hub) дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ин маркази беназир дар замии платформаи "Area AI" дар шаҳри Душанбе ва бо дастгирии бевоситаи ширкати азими амрикоиву ҷаҳонии NVIDIA таъсис дода мешавад. Чорабинии мазкур дар доираи конфронси байналмилалии NVIDIA GTC Berlin 2026 доир гардид.

Шарикони ҷаҳонӣ дар канори Тоҷикистон

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Директори барномаи глобалии AI Nations-и ширкати NVIDIA Шилпа Колхаткар ва намояндагони ширкатҳои машҳури технологӣ, аз ҷумла Armada, VEON, DataVolt, Perplexity ва Supermicro иштирок намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҷиддии сармоягузорони ҷаҳон ба иқтидори рақамии кишвари мо гувоҳӣ медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов таъкид дошт, ки рушди зеҳни сунъӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Оғози ин марказ ба татбиқи қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ, ки моҳи июли соли 2025 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, мусоидат хоҳад кард.

Зеҳни сунъии физикӣ ва озмоишгоҳи нав дар Хуҷанд

Раиси Шурои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар Азизҷон Азимӣ нақшаҳои бузурги марказро муаррифӣ кард. Самтҳои асосии фаъолият аз инҳо иборат хоҳанд буд:

- Тарбияи насли нави кадрҳои IT дар Тоҷикистон бо стандартҳои NVIDIA;

- Пайванд додани донишгоҳҳо, таҳиягарон, стартапҳо ва корхонаҳои саноатӣ;

- Ҷорӣ кардани технологияҳои ҳушманд дар саноати ватанӣ.

Дар доираи ин ташаббус, таъсиси озмоишгоҳи махсуси зеҳни сунъии физикӣ (Physical AI Lab) дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст. Ин лаборатория мустақиман ба таҳқиқ ва озмоиши технологияҳои навин дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ равона мегардад, ки рӯзгори коргаронро осон ва бехатар месозад.

Пешсафии Тоҷикистон дар минтақа

Идоракунии марказро ширкати инноватсионии zehnlab.ai (муассиси консорсиуми Area AI) бар зимма дошта, Вазорати саноат дастгирии институтсионалии онро таъмин мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 2022 нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ гардид, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро қабул намуд. Таъсиси ин маркази нав бо дастгирии NVIDIA марҳилаи навбатии рушди рӯзгори рақамӣ дар кишвар буда, Тоҷикистонро ба маркази фанновариҳои ҳушманди минтақа табдил медиҳад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854