Людвиг ван Бетховен: Садои озодӣ дар замони торикӣ
Чеҳраҳои мондагор
Оҳангсозе, ки дар ҳоле ки гӯшҳояшро рӯз аз рӯз бештар хомӯшӣ мепӯшид, тавонист бо қудрати рӯҳи худ баландтарин садоҳои инсониятро биофарад ва онҳоро ба абадият бисупорад. Ин мард Людвиг ван Бетховен оҳангсози бузурги олмонӣ, пианист ва дирижёр, охирин намояндаи мактаби классикии Вена ва яке аз бузургтарин чеҳраҳои мусиқии ҷаҳон мебошад. Ӯ дар давраи гузариш байни классисизм ва романтизм зист ва мусиқиро ба сатҳе нави ифодаи рӯҳӣ ва фалсафӣ расонд. Осори ӯ, аз симфонияҳои пурқувват то сонатаҳои самимии фортепиано, то имрӯз дар саросари ҷаҳон садо медиҳанд ва паёми мубориза, умед ва озодии инсонро интиқол медиҳанд.
Аз Бонн то Вена — роҳи ҳунар
Людвиг ван Бетховен 16 декабри соли 1770 дар шаҳри Бонни Олмон ба дунё омада, 17 декабр дар калисои католикии Св. Ремигий таъмид ёфтааст. Падараш Иоганн ван Бетховен, сарояндаи тенор дар капеллаи ҳокими Кёлн буд. Бобояш Людвиг ван Бетховен низ дар ҳамон капелла хидмат мекард. Модараш Мария-Магдалина, духтари ошпази ҳоким дар Кобленс буд. Падари Бетховен, ки мехост писари хурдашро ба моцарти дуюм табдил диҳад, аз синни чаҳорсолагӣ ба ӯ дарси клавесин ва скрипка медод. Ин таълими сахт ва ноҳамвор, ки аксар вақт бо зарбаҳои ҷисмонӣ ҳамроҳ буд, дар Бетховен нафрати умрбақо нисбат ба падарашро ба вуҷуд овард.
Соли 1787 Бетховен ба Вена пойтахти мусиқии Аврупо сафар кард, то дар назди худи Вольфганг Амадей Моцарт таҳсил кунад. Аммо бемории модараш ва сипас марги вай ӯро маҷбур кард, ки зуд ба Бонн баргардад. Минбаъд, ӯ масъулияти тарбияи бародарони хурдашро ба дӯш гириф. Падараш, ки ба майзадагӣ гирифтор шуд, дигар қодир ба иҷрои вазифаҳои худ набуд.
Соли 1792 Бетховен барои ҳамеша ба Вена кӯчид ва дар он ҷо назди Йозеф Ҳайдн, Иоганн Георг Албрехтсбергер ва Антонио Салиери таҳсил кард. Дар Вена, бо дастгирии ашрофзодагон ва меценатҳо, ӯ зуд ҳамчун пианист ва оҳангсоз маъруфият пайдо кард.
Симфонияҳо ва мусиқии камеравӣ
Эҷодиёти Бетховен ба се давра ҷудо мешавад. Давраи аввал тақрибан то соли 1802 таҳти таъсири Ҳайдн ва Моцарт буд ва дар он асарҳои классикӣ, ба мисли сонатаҳои фортепиано ва симфонияҳои аввал, эҷод шуданд. Давраи миёна то соли 1816 давраи эҷоди асарҳои қаҳрамонӣ ба мисли Симфонияи №3 "Эроика" (1805), Симфонияи №5 ва Симфонияи №6 "Пасторал" (1808) буд. Дар ин давра, ӯ ба ҷустуҷӯи шаклҳои нав ва ифодаи қаҳрамонона пардохт. Давраи охир пас аз 1816 бо асарҳои амиқтар ва фалсафӣ, ба мисли Симфонияи №9 (1824) ва сонатаҳои охирини фортепиано, хос аст.
Аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ӯ, Симфонияи №5 бо чор зарбаи машҳури саршавиаш, ки рамзи такдир аст, ва Симфонияи №9, ки дар қисмати охири он суруди "Ода ба шодӣ" бо матни Фридрих Шиллер садо медиҳад, дар саросари ҷаҳон маъруфанд. Бетховен ҳамчунин сонатаи фортепианоии "Фур Элизе" ва сонатаҳои фортепианоии №14 ("Маҳтобӣ") ва №21 ("Валдштейн")-ро эҷод кардааст. Дар маҷмӯъ, ӯ 9 симфония, 32 сонатаи фортепиано, 16 квартети торӣ, 5 консерти фортепиано ва бисёр асарҳои дигар навиштааст, ки то имрӯз ҷузъи беҳтарин асарҳои мусиқии классикӣ ба шумор мераванд.
Ғалаба бар хомӯшӣ
Яке аз ҷанбаҳои беназири ҳаёти Бетховен ин муборизаи ӯ бо кариест. Тақрибан дар синни 30-солагӣ, ӯ нишонаҳои аввалини камшувии шунавоиро эҳсос кард ва то соли 1816 кариаш пурра гардид. Аммо, ин норасоии ҷисмонӣ ӯро аз эҷод боздошт. Бетховен бо истифода аз "дафтарҳои суҳбат" ки дар онҳо ҳамсуҳбатонааш саволҳояшонро менавиштанд бо одамон муошират мекард. Дар ин давра, вай бештари беҳтарин асарҳои худро эҷод кард, ки ин нишон медиҳад, ки рӯҳи инсон аз ҳар гуна маҳдудияти ҷисмонӣ болотар аст.
Мероси ҷовидон
Бетховен 26 марти соли 1827 дар Вена даргузашт. Дар маросими дафни ӯ, тақрибан 20 ҳазор нафар ширкат карданд ин нишон медиҳад, ки ӯ дар ҳаёташ чӣ гуна шӯҳрат ва эҳтиром дошт. Дар саросари ҷаҳон, ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин оҳангсозони таърих эътироф шудааст. Осори ӯ дар саросари ҷаҳон иҷро мешаванд ва ба ҳунармандони зиёде илҳом бахшидаанд. Аз соли 2020, 250-солагии таваллуди ӯ дар саросари ҷаҳон таҷлил шуд.
Чаро «Чеҳраи мондагор»?
Людвиг ван Бетховен на танҳо оҳангсоз, балки рамзи ирода, мубориза ва сарбаландии инсон аст. Ӯ бо мусиқии худ исбот кард, ки ҳатто дар ториктарин замонҳо, инсон метавонад садои умед ва озодиро бишинавад ва ба дигарон бирасонад. Осори ӯ махсусан Симфонияи №9 бо паёми бародарии халқҳо то имрӯз ҳамчун сарои озодӣ ва ваҳдати башар шинохта мешавад. Бетховен дар ҳоле ки гӯшҳояш хомӯш буданд, бо дили худ садоро шунид ва ба тамоми ҷаҳон омӯхт, ки чӣ гуна бояд суруд хонд.
“Рӯзгор”
















