00:25:14 12-уми Октябри 2026 сол

“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт

8 августи соли 1703. Вена, пойтахти Империяи Муқаддаси Рум. Дар ин шаҳр, ки тоҷи подшоҳон ва калисоҳои бошукуҳро дар бар мегирад, як чопгар бо номи Йоҳанн Баптист Шёнветтер дастур мегирад: рӯзномае таъсис дода шавад, ки ахбори ҳақиқиро бе ороишу зебоиҳои шеърӣ паҳн кунад.

12 Wiener Zeitung 454545Ин фармон аз ҷониби Император Леополди I буд. Ӯ мехост, ки мардум бидонанд дар империя чӣ рӯй медиҳад на бо забонҳои пур аз таъриф, балки бо забони оддӣ ва равшан. Ҳамин тавр, «Wiennerisches Diarium» ба дунё омад, нашрияе, ки баъдтар бо номи Wiener Zeitung машҳур мешавад.

Дар он замон, рӯзнома ҳафтае ду маротиба нашр мешуд ва ба шакли китобчаи хурд баромад. Мақсади он на танҳо паҳн кардани хабар, балки нигоҳ доштани обрӯи империя дар пеши мардум буд.

«Он бояд хабарро бе ҳеҷ гуна ороиши нутқӣ ва шеърӣ расонад», ин буд шиори аввалини рӯзнома.

Номе, ки 77 сол интизор шуд

Аз соли 1703 то соли 1780, рӯзнома бо номи «Wiennerisches Diarium» нашр мешуд. Ин ном ба забони он замон навишта шуда буд, бо ду «n» дар аввал. Аммо дар соли 1780, вақте ки забон ва имлои олмонӣ тағйир ёфт, рӯзнома номи худро ба «Wiener Zeitung» иваз кард. Аз он вақт то имрӯз, ин ном тағйир наёфтааст.

Дар тӯли асрҳо, Wiener Zeitung 10 император ва 12 президентро дидааст. Он шоҳиди 2 ҷумҳурӣ буд: Ҷумҳурии Австрияи аввал 1918–1938 ва Ҷумҳурии дуюми Австрия аз соли 1945. Ҳамин тавр, рӯзнома таърихи Австрияро аз дарун сабт кардааст.

Рӯзномае, ки қонун шуд

Wiener Zeitung на танҳо рӯзномаи хабарӣ буд, он журнали расмии ҳукумати Австрия низ буд. То соли 2004, ҳамаи ширкатҳо ва ташкилотҳо ҳатман бояд тағйироти худро дар сабти тиҷоратӣ дар саҳифаҳои “Wiener Zeitung” нашр мекарданд. Ин маънои онро дошт, ки рӯзнома сарчашмаи асосии даромад аз эълонҳои ҳатмӣ буд.

Дар як сол, ин эълонҳо 18 миллион евро даромад меоварданд ва ин сарчашмаи асосии маблағгузорӣ барои рӯзномае буд, ки ҳар рӯз танҳо 8 000 нусха мефурӯхт. “Wiener Zeitung”аз ҳисоби ҳукумат маблағ мегирифт, аммо таҳририяти он мустақил буд.

Рӯзномае, ки сухан гуфт

Дар тӯли 320 сол, “Wiener Zeitung” на танҳо хабар расонд, балки садои виҷдони Австрия шуд. Дар саҳифаҳои он:

- Нобелбаранда Элфриде Елинек рӯзномаро «рӯзномаи ором» номид.

- Олдори сиёсӣ Франц Вранитски ва Волфганг Шюссел мусоҳиба доданд.

- Арнолд Швартсенеггер ҳунарпеша ва сиёсатмадори машҳури австриягӣ дар шумораи охирини чопӣ мусоҳиба дод.

Дар шумораи охирини чопии рӯзнома, сарлавҳаи асосӣ чунин буд:«116 840 рӯз, 3 839 моҳ, 320 сол, 12 президент, 10 император, 2 ҷумҳурӣ, 1 рӯзнома».Ин рақамҳо тамоми таърихи рӯзномаро дар як сатр ҷамъбаст мекарданд.

Рӯзе, ки чоп қатъ шуд

30 июни соли 2023. “Wiener Zeitung” охирин шумораи чопии худро нашр кард. Ин рӯз барои Австрия рӯзи ғам буд. Сабаб: Ҳукумати Австрия қонунеро қабул кард, ки ширкатҳоро аз ӯҳдадории нашри эълонҳо дар “Wiener Zeitung” озод кард. Ҳамин тавр, рӯзнома сарчашмаи асосии даромадашро аз даст дод.

63 корманд аз кор озод шуданд. Таҳририят аз 60 нафар ба 20 нафар коҳиш ёфт. Муҳаррирони рӯзнома ин қарорро «вандализми сиёсати расонаӣ» ва «куфри фарҳангӣ» номиданд.

Аммо рӯзнома пурра нобуд нашуд. Он ба шакли онлайнӣ гузашт ва ҳар моҳ як шумораи чопӣ нашр мекунад. “Wiener Zeitung” имрӯз на танҳо хабар, балки мактаби журналистика низ мебошад, дар доираи «Media Hub Austria», ки барои омӯзиши журналистон таъсис ёфтааст.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ