Пойтахт «ҳушманд» мешавад: Аз чароғакҳои ҳушманд то гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард
Пойтахти мамлакат ба марҳилаи нави технологияҳои заминӣ қадам мегузорад: дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд»-и насли нав, ки дар асоси зеҳни сунъӣ (AI) кор мекунанд, насб карда шуданд.
Ин лоиҳаи инноватсионӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардидааст.
Муҳимтарин навгониҳои технологияи нави кӯчаҳои пойтахт ва тағйирот дар ҳаракати роҳ:
Зеҳни сунъӣ дар чорроҳаҳо: Ҳоло дар чорроҳаҳои кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро (назди Хонаи матбуот), инчунин кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Карамов (назди Донишгоҳи аграрӣ) чароғакҳои ҳушманд фаъолият доранд. Онҳо дар вақти воқеӣ мошинҳоро ҳисоб карда, суръати ҳаракат ва мавҷудияти пиёдагардонро таҳлил мекунанд ва худашон муҳлати фурӯзон шудани чароғи сабзро вобаста ба тирбандӣ танзим менамоянд.
Насби консолӣ: Чароғакҳо бори аввал дар такягоҳҳои овезон дар болои қисми роҳ насб шудаанд, ки ин ба ронандагон имкон медиҳад равшании онҳоро аз масофаи дур бинанд.
Тағйири самти ҳаракат дар назди Прокуратураи генералӣ: Дар чорроҳаи кӯчаҳои Раҳимӣ ва Сино хати миёна махсус барои гардиш ба чап ҷудо шуда, нишондиҳандаҳои иловагӣ насб шудаанд. Диққат: Баъзе ронандагон аз ин тағйирот бехабар монда, қоидаро вайрон мекунанд ва аз ин хат ба рост ҳаракат менамоянд, ки барои ин ҷарима пешбинӣ шудааст. Ронандагонро зарур аст, ки бодиққат бошанд.
Гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард: Бо истифода аз таҷҳизоти нурафкани LED дар сутунҳо гузаргоҳҳое сохта шудаанд, ки пиёдагардонро шабона ва дар вақти борони шадид аз дур ба ронандагон намоён мекунанд.
Кумак ба сайёҳон: Нишондиҳандаҳои кӯчаҳои пойтахт акнун бо тарҷума ба забони англисӣ низ пайдо шудаанд, ки ҳаракати меҳмонони шаҳрро осон мегардонад.
Ин тадбирҳо барои кам кардани танбашавии мошинҳо, пешгирии нақзи қоидаҳо ва баланд бардоштани бехатарии пиёдагардон дар кӯчаҳои Душанбе кумаки ҷиддӣ хоҳанд кард.
“Рӯзгор”
















