Зеҳни сунъӣ ва ояндаи рақамӣ: Уфуқҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Аморот
Тоҷикистон дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир қадамҳои устувор мегузорад. Ин бор таваҷҷуҳи кишвар ба яке аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бахши зеҳни сунъӣ нигаронида шуд.
Дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи ширкати номдори аморотии «Tahaluf AI» Аҳмад Ал-Каабӣ баргузор гардид. Ин дидор заминаеро барои ворид намудани технологияҳои инқилобӣ ба бахшҳои мухталифи рӯзгори мо фароҳам меорад.
Шаҳри ҳушманд ва ҳукумати электронӣ: Модеринизатсияи ҳаёт
Мавзӯи марказии муколамаи дипломат ва роҳбари ширкати технологӣ ба масъалаҳое рабт дошт, ки метавонанд сифати хизматрасониро дар кишвар ба куллӣ тағйир диҳанд. Ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои зерин табодули афкор намуданд:
- Зеҳни сунъӣ (AI) ва технологияҳои пешрафта;
- Табдилёбии рақамӣ ва Ҳукумати электронӣ (барои осону шаффоф кардани кори сохторҳои давлатӣ);
- Шаҳрҳои ҳушманд (Smart Cities);
- Ҳувияти рақамӣ ва бунёди махзанҳои додаҳои бузург (Big Data).
Сармоягузорӣ ба соҳаҳои ҳаётан муҳим
Коршиносон бар он боваранд, ки технологияҳои «Tahaluf AI» метавонанд дар низоми фаъолияти сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҷисми нав бахшида, лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро дар бахшҳои калидӣ суръат бахшанд. Ин лоиҳаҳо соҳаҳои зеринро фаро мегиранд:
- Иқтисод ва бонкдорӣ,
- Энергияи сабз ва рушди устувор,
- Маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ,
- Нақлиёт, инфрасохтор ва саноат,
- Кишоварзӣ ва муҳоҷират.
Ин қадами муҳим нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мехоҳад технологияҳои пешрафти ҷаҳониро барои беҳбуди иқтисодиёт ва осонии рӯзгори шаҳрвандони худ самаранок истифода барад.
“Рӯзгор”
















