01:24:07 15-уми Октябри 2026 сол

Қонуншиканиҳо дар бозори асъор: Натиҷаи санҷишҳои прокуратураи вилояти Хатлон

Ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ дар прокуратураи вилоятии Хатлон нишон дод, ки ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

1 asori milli 456589454521Дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, муайян карда шудааст,ки аз беназоратии мутасаддиёни мақомоти ваколатдор истифода намуда, баъзе шаҳрвандон ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст мезананд, ки ин ҳолат ба беқурбшавии пулли миллӣ оварда мерасонад.

Муайян карда шуд, ки бо мақсади нигоҳдории қурби пули миллӣ дар ҳудуди вилоят 460-нуқтаҳои хариду фурӯши асъори хориҷи дар асоси иҷозатномаи махсус таъсис додашуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Муттаасифона баъзе шаҳрвандон ва соҳибкорон ба муҳимияти масъалаи мазкур нигоҳ накарда худсарона нуқтаҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ кушода бе гирифтани иҷозатнома ба хариду фурӯш ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст мезананд.

Масалан, Самадов Шарифхӯҷа Маҷнунович, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Миршакар хилофи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дигар қонунгузориҳои ҷорӣ амал намуда, дар бозори марказии ноҳияи Қубодиён ғариқонунӣ бо хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул гашта, санаи 16 январи соли 2026, тахминан соати 11:30 дақиқа бо мақсади харид ва ивази асъори хориҷӣ аз харидори шартӣ Раҷабов Қ. маблағи 4400 доллари ИМА қабул намуда, қурби асъорро 100 доллари ИМА баробари 9,2727 сомонӣ ҳисоб карда, худи ҳамон вақт ба шаҳрванд Раҷабов Қ. 40800 сомонӣ додааст.

Нисбати Раҷабов Ҷ.Ф. ва Самадов Ш.М. бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Гарчанде, ки баъзе аз шаҳрвандон барои муомилоти ғайриқонунии бо асъори хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошанд ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, такроран ба хариду фурӯши ғайриқонунии он даст задаанд.

Чунончӣ, Амиршоев Абдулҳаким Абдузоирович, сокини сокини шаҳри Бохтар, қаблан 21 апрели соли 2026 барои ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул шудан аз ҷониби прокуратураи шаҳри Бохтар нисбаташ бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, бо қарори суди шаҳри Бохтар аз 05 майи соли 2026 нисбаташ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4680 сомонӣ таъин карда шуда бошад ҳам, боз дидаю дониста, дар давоми соли баъд аз тадбиқи ҷазои маъмурӣ дар гирду атрофи бозори “Фаровон” дар шаҳри Бохтар ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул гардида, 08 майи соли соли 2026 ҳангоми харидорӣ намудани 1000 рубли Федератсияи Русия баробар ба 120 сомонӣ дастгир ва далеҳои шаъйи дар ҳузури шахсони холис аз ӯ гирифта шудааст.

Оид ба ин ҳолатҳо, нисбати Амиршоев А.А. бо моддаи 286 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар давраи ҷамъбастии 9 моҳи соли ҷорӣ бо натиҷаи санҷишҳои гузаронида дар ин самт 129 қонунвайронкуни ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намуани он 35 пешниҳод, 17 амр дода шуда, 59 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунии зикршуда вохӯриву сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шудааст.

Шаҳрвандони азиз бояд ба муҳимияти асъори миллӣ ва эҳтироми он чун як нишонаи давлати соҳибистиқлол бояд арҷ гузоранд ва эҳтироми онро пос доранд.

Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ