01:21:46 15-уми Октябри 2026 сол

Ҷамъбасти 9 моҳ: Ошкор шудани 24 парвандаи ҷиноятӣ дар самти қонунгузории меҳнат

Аз тарафи прокуратураи вилоят дар ҷамъбасти 9-моҳи соли 2026 дар самти қонунгузории меҳнат 92 санҷиш гузаронида шуда, баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 363 амр, 184 пешниҳод ирсол карда шуда, ба 463 фармоишҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, маблағи 86 миллиону 468739 сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шудааст.

2 qonunguzorihoi mehnat 4587874545Дар асоси санадҳои эътинои прокурорӣ 275 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 780 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати 208 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳамчунин 24 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳуқуқҳои 49738 нафар кормандон барқарор карда шуд.

Қобили қайд аст, ки зимни санҷиш ҳолатҳои бо роҳи сохтакорӣ азонихуд намудани маблағҳои музди меҳнат сари вақт пардохт накардани маблағҳои музди меҳнати кормандон ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Чунончӣ, Ғуломов Давлат Мирзомуродович, дар асоси фармоиши директори МТМУ №5-и ш.Норак аз 20 феврали соли 2025 дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи мазкур кор карда, дар як вақт уҳдадории вазифавии пешбурди баҳисобгирии музди меҳнатро ба зимма дошта, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ даст ба азонихудкунии маблағҳои бучетӣ задааст.

Аз ҷумла ӯ, дар давраи фаъолияти кории худ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бархилофи талаботи тартиби падохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф амал карда, бо роҳи сохтакорӣ дар ҷадвали ҳисоби музди маоши кормандон ва варақаҳои пардохти музди меҳнати кормандони муассиса аз моҳи марти соли 2024 то моҳи декабри соли 2024 дар 7 ҳолат ба маблағи 68222 сомонӣ ва дар соли 2025 дар 2 ҳолат ба маблағи 17697 сомонӣ дар маҷмуъ дар 9 ҳолат ба маблағи 85 919 сомонй музди меҳнати худро аз будаш зиёд нишон дода, ба раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак барои пардохт намудани маблағи мазкур дархост пешниҳод намудааст.

Ҳолати мазкур аз ҷониби масъулини раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ гардида, маблағҳои мазкур ба корти пластикии Ғуломов Д.М. ғайриқонунӣ гузаронида шуда, сипас охирон маблағҳои буҷетии мазкурро аз ҳисоби барзиёдати ҳисоб намудани музди меҳнат тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардааст.

26 феврали соли 2026 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Норак нисбати Ғуломов Д.М. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Санҷишҳои гузаронидашуда нишон дод, ки аз ҷониби баъзе ташкилоту муассисҳо талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нагардида, боиси содиршавии ҷиноят мегардад.

Чунончи, Ҷавлизода Тоҳир Ҷавлӣ аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи майи соли 2025 ва Аҳлиддинзода Сафар аз моҳи майи соли 2025 то инҷониб дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён кор карда истода, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон уҳдадориҳои мансабиашонро ба таври дахлдор иҷро накарда, ҳамчун корфармо талаботи қонун оид ба меҳнатро дағалона вайрон намуда, давоми солҳои 2024-2026 бо мақсади беҳтар гардидани фаъолияти кории Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён бо фармоишҳои худ шаҳрвандон Саидзода Сироҷиддин Саид, Тоиров Нурмаҳмад, Зарифзода Суҳроб Зариф, Хоҷакелдиев Мутолиб, Ғозиев Акрам Чалушович, Нуров Фахриддин Сайдалиевич, Саидов Одина Раҷабович, Абдуллоев Ботирҷон ва Ватанов Алишер Гулмирзоевичро ба ҳайси мутахассиси шартномавии заминсози Кумитаи идораи замини ноҳия ба кор қабул карда, музди меҳнати мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён, Саидзода С.С. муддати 18 моҳ, Зарифзода С.З. ба муддати 15 моҳ, Хоҷакелдиев М. ба муддати 21 моҳ, Ватанов А.Г. ба муддати 8 моҳ, Тоиров Н. ба муддати 10 моҳ, Ғозиев А.Ч. ба муддати 7 моҳ, Нуров Ф.С. ба муддати 18 моҳ ва Саидов О.Р. ба муддати 5 моҳ ба маблағҳои гуногун пардохт накарда, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи кормандон зарари ҷиддӣ расонида шуда, боиси шикояти онҳо ба мақомоти прокуратура гардидааст.

Ба ғайр аз ин, номбурда хилофи талаботи қисми 2 моддаи 19 ва қисми 6 моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён Саидзода С.С., Нуров Ф.С., Ғозиев А.Ч., Хоҷакелдиев М.-ро бе пардохти маблағҳои пардохтшавандаи ҳатмӣ (ҷубронпулӣ) аз кор озод карда, талаботи қонунҳо оид ба меҳнатро дағалона вайрон кардаанд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида, санаи 4-уми марти соли 2026 нисбати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён Аҳлиддинзода Сафар ва дигарон бо моддаҳои 153 ва 153 нишонаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва барои моҳиятан баррасӣ ба суди ноҳияи Кӯшониён ирсол карда шуд.

Ба ҳамин монанд, аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон 25 майи соли 2026 нисбати масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус бо моддаи 153 иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ 11 марти соли 2026 нисбати Ҳафизов Қурбонбег Бузмагович бо моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи ноҳияи Шаҳритус 05 марти соли 2026 нисбати Хушмуродов С.Г. бо моддаи 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи шаҳри Бохтар 25 феврали соли 2026 нисбати Раҷабалии Маҳмадқул бо моддаи 154 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи ноҳияи Ёвон 03 марти соли 2026 нисбати Қурбонов Тавакал Шарифович бо моддаи 154 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи ќонунии зикршуда 194 вохўриву сўҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шудааст.

Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ