Муроҷиати шаҳрвандон набояд беҷавоб монад: Ҷавобгарии ҷиноятии мансабдорон барои бемасъулиятӣ
Яке аз роҳҳои барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ин муроҷиат намудан ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ мебошад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба танзим дароварда мешавад.
Вобаста ба ҳолати иҷрои қонуни мазкур дар давраи ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатӣ санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи ин санҷишҳо камбудиву қонунвайронкуниҳо, аз қабилӣ вайрон намудани муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва қабули қарори ғайриқонунӣ ҳангоми баррасии муроҷиати онҳо ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Чунончӣ, Сафарализода Т.С. аз 26 майи соли 2025 дар вазифаи мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш муроҷиатҳои Бобокалонова Қ.Т., Ҳафизов Х.СС., Рашидов И.В., Қурбонов Х.С. ва дигарон ҷамъ 58 нафарро вобаста ба ҷудо намудани қитъаи ва дигар масъалаҳо оид ба қонунгузории замин қабул намуда, бидуни сабаҳои узурнок дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ накарда, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро поймол ва ба онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст.
Аз ин рӯ, 23 апрели соли 2026 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Хуросон нисбати Сафарализода Т.С. тибқи талаботи моддаи 163 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди ба итмом расонидани тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур ба суд ирсол карда шудааст. Ба ҳамин монанд 13 парванда ҷиноятӣ нисбати раис ва муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо, мутахассисони корхонаҳои бақайдгирӣ, кормандони мақомоти иҷроия, сармеъморон ва дигар шахсони мансабдор оғоз карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ин самт ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии мақомоти дахлдор 154 пешниҳод, 173 амр ирсол намуда, 15 эътироз, 4 моддӣ, нисбати шахсони гунаҳгор 203 истеҳсолоти интизомӣ, 136 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бо натиҷаи 50 санҷишҳои гузаронида баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 110 амр дода, бо санадҳои ғайриқонунӣ 46 эътироз оварда, 81 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 208 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мансабдор 59 пешниҳод ирсол карда шуд.
Нисбати 44 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва оид ба азонихудкунию исрофкории маблағҳои буҷетӣ 39 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бо натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 1 878 400 сомонӣ ба буҷети давлат бо рамзи “64” барқарор карда шуд.
Дар рафти санҷиш ҳолатҳои аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Чунончӣ, Боев Сироҷиддин Гулбоевич дар вазифаи сармуҳосиби КАТС-и шаҳри Норак кор карда истода, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи сохтакорӣ дар китоби ҳисоби музди меҳнат ва варақаҳои пардохти музди меҳнати кормандони муассисаи КАТС шаҳри Норакро аз моҳи январи соли 2024 то моҳи декабри соли 2025 дар 140 ҳолат ба маблағи 2 260 033 сомонӣ музди меҳнати 8 нафар кормандони қаблан аз вазифа озод шуда ва 8 нафар ҳамширагони тибии муассисаи КАТС-и шаҳри Норакро аз будаш зиёд нишон дода, ба Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак барои пардохт намудани маблағи мазкур дархост пешниҳод карда, маблағи мазкурро нақдӣ карда, ғайриқонунӣ азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Санаи 7 апрели соли 2026 нисбати Боев С.Г. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Инчунин, Сулаймонов С.И. ҳамчун сармуҳосиби Маркази бемориҳои зидди сили ноҳияи Ҷайҳун кору фаъолият намуда истода, бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ бо истифода аз ваколати мансабдорӣ ва ба миқдори махсусан калон дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи январи соли 2025 то моҳи марти соли 2026 аз ҳисоби музди маош ва рухсатии иҷтимоии кормандони Марказ маблағи 394 429, 74 сомониро бо роҳи сохтакорӣ ва каму зиёд нишон додан дар суратҳисоби кортҳои бонкии кормандон азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш хароҷот намудааст.
Вобаста ба ин ин ҳолат санаи 26 апрели соли 2026 нисбати Сулаймонов С.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ба ҳамин монанд, ҶДММ “Кушониён-Сохтмон” ғолиби озмуни қарордоди №540054 аз 03 июли соли 2025, дар иншооти “Таъмири ҷории шуъбаи ҷарроҳии КАТС-и ноҳияи А.Ҷомӣ” бо маблағи 1005044 сомонӣ дониста шуда, бо ҳамин маблағ байни Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи А.Ҷомӣ ва “Паймонкор” ҶДММ “Кӯшониён-Сохтмон” шартнома баста шудааст.
Дар санади иҷроиши корҳо, ки ҳамчун ҳуҷҷати расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз ӯҳдадорӣ озодкунанда ба ҳисоб меравад, дар соли 2025 дар иншооти “Таъмири ҷории шуъбаи ҷарроҳии КАТС-и ноҳияи А.Ҷомӣ” дар маҷмӯъ директори ҶДММ «Кушониён-Сохтмон» Гулов Комрон Исломиддинович бо роҳи сохтакорӣ намудан маблағи 78244 сомониро изофанависӣ намуда, маблағи мазкурро тасарруф карда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарар расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи прокуратураи вилоят 22 майи соли 2026 нисбати директори ҶДММ «Кушониён-Сохтмон» Гулов Комрон Исломиддинович бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Риояи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» зери назорати прокуратура қарор дошта, баҳри иҷрои он ва пешгирии поймол гаштани ҳукуқҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ пайваста санҷишҳо гузаронида хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунии зикршуда 354 вохўриву сўҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шудааст.
Сулаймонзода Ҳ.С., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оиди қабули аҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, мушовири адлияи дараҷаи 2
















