08:17:43 16-уми Октябри 2026 сол

Дар Хатлон давоми 8 моҳ 153 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст

Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар давра ҷамъбастии 9 моҳи соли 2026 143 санҷиш гузаронида, 4968 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 727 амр, 643 эътироз ва 428 пешниҳод бароварда шуда, 1427 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 538 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1060 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 151 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 19 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 20 парвандаи ҷиноятӣ дорои хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ мебошад. Зарар ба маблағи 27.6 млн сомонӣ барқарор карда шудааст.

5 nobolighon 4565624545Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки ҳануз ҳам ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ҷой дошта, вобаста ба ин ҳолатҳо 39 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 61маротиба санҷиш гузаронида шуда, 1542 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, аз натиҷаи он 214 амр, 67 эътироз ва 173 пешниҳод оварда шуда, 482 ҷавобгарии интизомӣ, 81 ҷавобгарии моддӣ ва 472 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 84 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 153 ҷиноят аз ҷониби 144 нафар ноболиғон содир шуда, ба қайд гирифта шудааст.

Аз ноболиғони даст ба ҷиноят зада 130 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Даст ба худкушӣ задан дар байни ноболиғон бошад, дар ин муддат дар ҳудуди вилояти Хатлон рӯ ба афзоиш ниҳода 29 (28) нафарро ташкил дода, ҳамаи қурбониҳои худкушӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошанд, ки рӯйдоди чунин ҳодисаҳо боиси нигаронии ҷиддӣ низ ҳаст. Сари ин масъала падару модарон,коллективҳои омӯзгорон, аҳли ҷамъиятчигии ҷомеъа ва дигар ниҳодҳо бояд тавъаманд якҷоя кор намуда, дар роҳи пешгирии ин ҳодисаҳо ва ҳифз намудани ҷони наврастаи ноболиг ону ҷавонон чораҳои амалӣ андешанд.

Дар ин асос зарур аст, дараҷаи саводнокии психологӣ, маънавӣ ва ҳатто зарра ҳам бошад дониши педагогии волидайн дар тарбияи ҳуқуқии кӯдак баланд бардошта шавад, зеро асри нанатехнологияи алокаи зудамали кайҳонӣ, шабакаҳои гуногуни интернетӣ ва алоқаи мобилӣ ҷаҳонишавиро бо як авҷи азиме табдил додаву дар байни мавҷҳои идеологию маънавии гуногуни халқҳои ҷаҳон осебпазиртарин қишри ҷомеъа ин кӯдакон ва то андозае ҷавонон ҳастанд.

Масуълияти падару модари имрӯза на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон аз масъулияти волидайни замони шӯравӣ ва ҳатто 20 сол пеш хело бузургтар ва мушкилтар аст, зеро ба шарофати нанатехнологияи пуриқтидори имрӯза, селаи ахбори забони шӯравӣ тариқи васоити ахбори омма(радио, телевизион, матбуот) ҳамчунин киножурналҳо дар зарфи як сол ба шуури кӯдак меомада, ҳоло ин ахбори яксолаи замони шӯравӣ дар зарфи камтар аз як рӯз ба андешаю хотираи кӯдакону ҷавонон ворид ва қисмати зиёди ин селаи ахбор чи андешаю афкори хуб бошад ё бад дар фарогирию шаклгирии андешаю афкори ҷавонон ва ноболиғон дар оянда нақш хоҳад бозид.

Дар ин замина фарогири ба курсҳои такмили ихтисос дар марказҳои такмили ихтисоси омӯзгорон (хосатан омӯзгорони ҷавон) барои баланд бардоштани дониши психологӣ ва педагогӣ ва дигар донишҳо амиқан на камтар аз 2 то 3 моҳро бояд дарбар гирад, то омӯзгорони хосатан ҷавон савияи донишҳои худро дар ин замин баланд бардошта тавонанд. Дар ин асос таваҷҷӯҳи асосиро бояд ба асарҳои педагогии педагогони маъруфи ҷаҳонӣ, таҷрибаи амалии педагогии пояҳои маорифи ҷаҳон дар асри ХХ Кершенштейнер, Дюи, Монтесари ва Макаренко,ки ин чор шахсияти бузурги соҳаи педагогӣ аз тарафи СММ чун чор пояи бузургу мустаҳками мактаби асри ХХ-и ҷаҳон дониста шудаанд ва ҳамчунин чунин педагогҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ аз қабили Ушинский ва Сухомлинский диҳанд.

Педагоги навовар ва маъруфи тоҷик, директори муваффақи мактаб-интернати №1-и дар замонаш маъруфи ба номи Сталин (баъдан ба номи Саъдии Шерозӣ ва Аккашариф Ҷӯраев) Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, кавалери ордени “Нишони фахрӣ” Давлатҷон Зайниддинов дар дафтари хотираҳои педагогияш навиштаи хубе дорад: “Дасти шикаста кор мекунаду дили шикаста не”(нашрияи “Учительская газета”-Москва- соли 2017).

Дар ин суханҳо фикр мекунам, як ҷаҳони фаррохи фаъолияти педагогӣ ниҳон аст.Падару модар ва омӯзгорон, хосатан омӯзгорони ҷавон бо фарзанд, шогирд чун шахсият ва ҷиддӣ бояд муносибат кунанд, то кӯдак дар қалби худ меҳру гармии навозиши волидайн ва таълиму тадриси падаронаю модаронаи омӯзгори азизи хешро ҳис кунад ва ин шахсиятҳои муқаддас дурӣ наҷӯяд. Бо ин роҳҳо ва дар ҳамкорӣ бо макомотҳо ва ҷомеъаи шаҳрвандии кишвар боварӣ дорам, ки мо пеши роҳи қонуншиканиҳои ноболиғон ва ҷавонон ва ҳамчунин омили бисёр нохубу даҳшатовари дар ҷомеъа ҷойдошта худкушии тифлакони масъуми аз сад гулашон як гулашон нашкуфта - мактаббачагонро гирифта тавонем.

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳамчунин ба масъалаи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии омӯзгорон, падару модарон, донишҷӯён ва мактаббачагон пайваста диққат дода, давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунҳо, оиди масуълият дар тарбяи кӯдак, пешгирии қонунвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакону ҷавонон 420 вохӯриву сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, ҳамчунин аз васоити ахбори омма (радио, телевизион, матбуот ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ) мунтазам истифода бурда, дар роҳи баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ин қишри ҷомеъа нақши худро гузоштааст.

Шарифзода Дилшод Шомиддин, Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ