01:47:00 20-уми Октябри 2026 сол

Натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ: Таҳлили вазъи риояи қонунгузорӣ дар муассисаҳои тандурустии Хатлон

Вазъи иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон 58 маротиба мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷаи ин санҷишҳо 120 амр ва 133 пешниҳод ирсол карда, бо санадҳои ғайриқонунии муассисаҳои тандурустӣ 149 эътироз оварда, 382 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 212 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 323 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 34 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

muassisahoi tandurustii khatlon 4545784Новобаста аз он, ки давлат кафолати ҳифзи солимии шахсро дар санади олии ҳуқуқии кишвар дарҷ кардааст ва ин аз ҳар як табиб иҷрои вазифаҳои хизматӣ софдилонаро талаб менамояд, дар рафти санҷиш ҳолатҳои номатлуб иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби табибон, ошкор карда шуд.

Чунончӣ, Сайдалиев Б.К. аз соли 2011 то 20-уми ноябри соли 2025 дар вазифаи сардори маркази “Вируси норасоии масъунияти одам”-и ноҳияи Дӯстӣ кору фаъолият карда истода, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо истифода аз ваколатҳои мансабдорӣ дар давоми солҳои 2024-2025 дар табелҳои рӯзҳои кории кормандон Сайвалиев Б.Б. ва Собиров Р.И., ки ба кор ба маркази ВНМО умуман наомадаанд, сохтакорона рӯзҳои корӣ қайд намуда, ҳамчун шахси ба кор омада ҳисобидааст.

Минбаъд Сайдалиев Б.К. тавассути корти пластикӣ ғайриқонунӣ музди маоши моҳонаи 2-нафар корманди маркази ВНМО ноҳияи Дӯстӣ Собиров Р.И. бо маблағи 17636 сомонӣ ва Сайвалиев Б.К. ба маблағи 31990 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 49626 сомониро аз терминалҳои Бонки давлати амонатгузории “Амонатбонк” дар ноҳияи Дӯстӣ гирифта, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст..

Аз рӯи ҳолати мазкур 10 марти соли 2026 нисбати Сайвалиев Б.К. бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “б” ва “г” КҶ ҶТ КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ анҷом дода шуд.

Ба ҳамин монанд, Худойназарзода Убайдулло Шарифӣ, сокини шаҳри Норак, маҳаллаи Дӯстӣ, кӯчаи Б.Ғафуров, дар асоси фармоиши менеҷери шабакаҳои КАТС-и ш.Норак аз 06 феврали соли 2015 ба ҳайси раиси Комиссияи меҳнатии тиббии муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак фаъолият намуда, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ даст ба содир намудани ҷиноятӣ қасдона задааст.

Чунончӣ ӯ санаи 07 майи соли 2026 тахминан соати 14:30 дақиқа барои омодасозии гузориши экспертизаи тиббӣ - иҷтимоӣ ва додани шаҳодатномаи маъюбӣ ба маъюби гуруҳи 2-юм Сафарова Сафаргул Сангалиевна, санаи таваллудаш 17 марти соли 2006 аз бародари номбурда Сафаров Лоиқшоҳ Сангалиевич маблағи 4000 сомонӣ талаб кардааст, ки дар маҷмуъ маблағи 2000 сомонияшро гирифтааст, ки дар натиҷа ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд Сафаров Л.С. поймол намудааст.

Нисбати Худойназарзода У. Ш. 14 майи соли 2026 бо моддаи 314 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои нашъамандӣ яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи табибон ба шумор меравад, вале ҳолатҳое ҷой доранд, ки худи табибон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба ҷунин ҷинояҳо мутаасифона даст мезананд.

Чунончӣ, Раҳмонова Г.Б. дар вазифаи сарпарастори Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб” кор карда аз ваколати худ оид ба нигоҳ доштан ва истифодабарии доруҳои мадҳушкунанда ва психотропӣ истифода бурда, охирҳои соли 2025 ва моҳи январи соли 2026 бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба тасарруфи моддаҳои психотропии дар ихтиёраш қарордошта даст зада, фурӯши мунтазами онро ба нашъамандони шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла шаҳрванд Ятимов П.И. дар дохили “Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб” ба роҳ мондааст.

Нисбати Раҳимова Г.Б. 19 феврали соли 2026 бо моддаи 202 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ бурда шудааст.

Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунии зикршуда вохӯриву сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шудааст.

Дар ин асос дар якҷоягӣ бо гуруҳи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторингӣ қонугузори ва кор бо матбуоти прокуратураи вилояти Хатлон барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар самти риоя ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии кишвар дар сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар фаъолияти Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон,ки мутаасифона фаъолият ҳам дар ин раёсати ва ҳам дар фаъолияти аъзоёни шӯроҳои мутобиқсозию методии таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳо (сардухтурони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони КАТС) ба талабот бикул ҷавоб дода наметавонад чораҳои дахлдори прокурорӣ андешида шуда, баҳри партараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта унвонии сардори раёсати зикршуда пешниҳод ва ба роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бевосита барои ҷоннок намудани кор дар ин самти муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ёрии амалӣ расонида шуд.

Муҳаммадризозода Ҷ.М., Прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ