01:43:55 20-уми Октябри 2026 сол

Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд

Дар замони тағйирёбии глобалии иқлим ва таҳдидҳои ҷиддӣ ба табиати сайёра, ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо ба меҳвари дипломатияи муосири экологӣ табдил ёфтааст. Дар ин самт, Тоҷикистон ва Арманистон уфуқҳои нави ҳамкориро тарҳрезӣ менамоянд.

4 photo 2026-10-19 15-42-59Дар шаҳри Ереван, дар доираи ҷаласаи 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ (CBD COP17), мулоқоти созандаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири муҳити зисти Ҷумҳурии Арманистон Амбарсум Матевосян доир гардид. Роҳбарони ниҳодҳои экологии ду кишвар масъалаҳои ҳаётан муҳимро барои ояндаи сабзи минтақа баррасӣ намуданд.

Мониторинги биологӣ ва идоракунии устувор

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар самтҳои калидие, ки мустақиман ба сифати рӯзгор ва ҳифзи боигарии табиии мо дахл доранд, муҳокима карданд:

- Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои харобшуда;

- Мониторинги муштараки гуногунии биологӣ;

- Ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Ереван

Раиси Кумита Баҳодур Шерализода ба ҷониби Арманистон дар бораи ташаббусҳои калидӣ ва таърихии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқлим, захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо маълумоти муфассал дод. Таъкид гардид, ки ин тарҳҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда мешаванд ва ҳадафи онҳо наҷоти сайёра аз фалокати экологӣ мебошад.

Вазири муҳити зисти Арманистон Амбарсум Матевосян ташаббусҳои раёсати CBD COP17-и кишварашро муаррифӣ карда, аҳамияти мубодилаи таҷриба ва қадамҳои амалии муштаракро бо Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо уҳдадории худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки экологӣ тасдиқ карданд, ки ин қадам барои ҳифзи табиати нотакрори ҳарду кишвар заминаи устувор мегузорад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ