18:57:19 07-уми Ноябри 2026 сол

Роҳҳои транзитии Осиёи Марказӣ дар Париж: Тоҷикистон лоиҳаҳои стратегии худро ба сармоягузорони ҷаҳонӣ пешниҳод кард

Дар шароити тағйирёбии харитаи геоиқтисодии ҷаҳон ва ҷустуҷӯи масирҳои алтернативии тиҷоратӣ, нақши транзитии Осиёи Марказӣ ҳамчун пули пайвандгари Шарқу Ғарб ба таври бесобиқа афзоиш меёбад. Рушди инфрасохтори нақлиётӣ барои кишварҳои маҳсуси дар хушкӣ (landlocked), бахусус Тоҷикистон, на танҳо омили иқтисодӣ, балки кафолати амнияти стратегӣ ва истиқлолияти коммуникатсионӣ ба шумор меравад.

555 photo 2026-11-03 14-53-01Маҳз дар ҳамин замина, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳафтаи байналмилалии инфрасохтории «Paris InfraWeek 2026», ки аз 2 то 6 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Фаронса идома дорад, иштирок намуд. Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд чорабинии махсусе таҳти унвони «Лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки меҳвари онро муаррифии тавоноиҳои транзитии минтақа ташкил медод.

Бино ба гузоришҳо, ин чорабинӣ дар доираи Барномаи рушди иқтидори Долони нақлиётии Транскаспий (Масири миёна) ташкил шуда, беш аз 4000 иштирокчӣ ва сармоягузорони байналмилалиро аз 50 кишвари ҷаҳон муттаҳид кардааст. Ҳайати Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҳамсоя лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии кишварро тавассути механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДХ) ба доираҳои молиявии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, силсилаи вохӯриҳои мустақими B2G (Бизнес бо Ҳукумат)-ро анҷом дод.

Иштироки Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши бузурги сармоягузорӣ дар Париж як қадами саривақтӣ ва стратегӣ аст. Мавқеи ҷуғрофии кишвари мо тақозо мекунад, ки мо ба шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ, бахусус Долони Транскаспий, ба таври фаъол ҳамроҳ шавем. Бо вуҷуди ин, танҳо муаррифии лоиҳаҳо кифоя нест; барои ҷалби ширкатҳои азими инфрасохтории Аврупо ва институтҳои молиявӣ, Тоҷикистон бояд кафолатҳои ҳуқуқии механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро боз ҳам шаффофтар ва ҷолибтар гардонад. Маблағгузории лоиҳаҳои азими роҳсозӣ ва наворҳои нақлиётии кӯҳистонӣ хароҷоти зиёд ва таваккал (риск)-ҳои хосро дорад. Аз ин рӯ, муваффақияти гуфтугӯҳои Париж аз он вобаста хоҳад буд, ки то куҷо мо метавонем ба сармоягузорони хориҷӣ устувории дарозмуддати иқтисодӣ ва имтиёзҳои воқеиро пешниҳод кунем. Ин ҳамоиш имконияти хубест, то Тоҷикистон худро на танҳо ҳамчун як гӯшаи бунбастӣ, балки ҳамчун дарвозаи муҳими транзитии Осиёи Марказӣ муаррифӣ созад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ