Дипломатияи расонаӣ: Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз тариқи матбуоти Кувайт сармоя ва сайёҳонро ҷалб кунад?
Дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир расонаҳо ба як абзори пуриқтидори «қудрати нарм» ва дипломатияи умумӣ табдил ёфтаанд. Нақши матбуот на танҳо дар инъикоси рӯйдодҳо, балки дар шакл додани симои (имиҷи) мусбати давлатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, бавижа барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди сайёҳӣ, ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад.
Маҳз дар ҳамин замина, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо сардабири яке аз рӯзномаҳои бонуфузи кувайтӣ — «Алҷарида» Носир Ал-Утайбӣ мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои расмии Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои расонаӣ ва нақши воситаҳои ахбори оммаро дар таҳкими робитаҳои дӯстии ду кишвар баррасӣ карданд. Аммо меҳвари асосии ин гуфтугӯро мубодилаи афкор пиромуни муаррифии шоистаи нишондиҳандаҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар фазои ахбори Кувайт ташкил дод.
Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аз ҷумла Кувайт, дорои захираҳои бузурги молиявӣ ва сармоягузорӣ мебошанд ва тайи солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони ин минтақа ба табиати нотакрору амни Тоҷикистон ба таври чашмрас афзудааст. Вале барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ, танҳо робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ кофӣ нестанд. Эҷоди пули мустаҳками иттилоотӣ тавассути рӯзномаҳои калидии ин кишварҳо, мисли «Алҷарида», метавонад таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии Кувайтро ба лоиҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва зерсохторҳои сайёҳии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ҷалб намояд. Минбаъд фаъолтар кардани чунин вохӯриҳо ва роҳандозии сафарҳои шиносоии хабарнигорони араб ба Тоҷикистон метавонад қадами амалӣ дар ин самт бошад.
“Рӯзгор”
















