18:56:49 07-уми Ноябри 2026 сол

Душанбе ва Ҳаной уфуқҳои нави ҳамкориро баррасӣ карданд

Рӯзи 4 ноябр дар шаҳри Ҳаной мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Каландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Мин Ханг баргузор гардид.

333 Tojikiston Vetnam 4145781212Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ дипломатҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои шарокати ду кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ба бахшҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд:

- Тарафҳо хостори таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ шуданд.

- Рушди робитаҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, илм ва фарҳанг аз ҷумлаи меҳварҳои асосии суҳбат буд.

- Ҷонибҳо бар аҳаммияти фаъолгардонии робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ва густариши заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ба хотири манфиатҳои мутақобила таъкид намуданд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот дипломатҳои Тоҷикистону Ветнам атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ табодули афкор карданд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ