18:56:47 07-уми Ноябри 2026 сол

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфили ҷашнӣ ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар Русия ва донишҷӯёну ҷавонони тоҷик ширкат варзиданд.

444 2057700929674727271 nСафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро бо ин санаи муҳимми таърихӣ таҳният гуфта, нақши қонуни асосиро дар бунёди давлатдории миллии мо махсус таъкид кард. Сарвари намояндагии дипломатӣ иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун замина ва қонуни бунёдии давлат масири ҷомеаи демократӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули сохторҳои ҳокимиятро муайян сохтааст ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили татбиқи ин санади тақдирсоз ва арзишҳои он мебошанд.

Роҳбари намояндагӣ зикр намуд, ки маҳз Конститутсия кишвари моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кардааст.

Бахши ҷолиби чорабинӣ ба баромадҳои илмию таҳлилии ҷавонон бахшида шуд. Донишҷӯёни тоҷик дар мавзуъҳои зерин маърузаҳои ҷолиб пешкаш намуданд:

- «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ»;

- «Дипломатияи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва дастовардҳо»;

- «Саҳми занон дар ташаккул ва рушди низоми миллии маорифи Тоҷикистон дар 35 соли соҳибихтиёрӣ».

Дар анҷоми маҳфили тантанавӣ, аз ҷониби Сафорат ба донишҷӯёни фаъол барои хониши аъло ва иштироки густурда дар ҳаёти ҷамъиятӣ сипосномаҳо супорида шуд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ