СИП ДАХОЛАТ ДАР КУШТА ШУДАНИ РӮЗНОМАНИГОРРО РАД КАРД
03.06.2011 11:34
1737
Сарвиси иттилоъотии Покистон мавсум ба АйЭсАй (ISI) дар як вокуниши ғайримаъмул бо интишори иттилоъияе ҳар гуна дахолат дар қатли Салим Шаҳзод, хабарнигори покистониро рад кардааст.
РОҲАНДОЗИИ ХАДАМОТИ БОНКИИ ИНТЕРНЕТӢ ДАР "ТОҶИКСОДИРОТБОНК"
02.06.2011 12:49
2028
"Тоҷиксодиротбонк", аз бонкҳои умдаи тиҷоратии Тоҷикистон, барои муштариёни худ системи муъомилоти бонкии интернетиро роҳандозӣ кардааст. Ҳамакнун, муштариёни ин бонк ба таври шабонарӯзӣ дар саросари ҷаҳон метавонанд ба ҳисобҳои бонкии худ дар "Тоҷиксодиротбонк" дастрасӣ дошта ва муъомилоти бонкиро аз тариқи интернет анҷом диҳанд.
БАРРАСИИ "РОҲНАМО"-И ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН
02.06.2011 12:48
1704
Тоҷикистон ва Покистон роҳнамои ҳамкориҳои ояндаи иқтисодӣ ва тиҷоратии худро муайян намуданд.
ЭЪТИМОД БА САРВАЗИРИ ҶОПОН ЗЕРИ СУОЛ РАФТААСТ
02.06.2011 12:47
1911
Сарвазири Ҷопон Наото Кан бо мухолифати зиёди сиёсӣ рӯбарӯ гаштааст, ки мумкин аст, масъалаи раъйи эътимод ба ӯ дар порлумон баррасӣ шавад.
УЗБАКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН ДАР ФЕҲРАСТИ "БАДТАРИНҲО"-И FH
02.06.2011 12:45
1727
Созмони Freedom House ё “Хонаи озодӣ” дар гузориши нави худ Узбакистон ва Туркманистонро дар қатори нӯҳ кишваре номбар кард, ки аз лиҳози нақзи ҳуқуқи инсон "бадтарини бадтаринҳо" шумурда мешаванд.
НАШРИ ЛУҒАТ БО КӮМАКИ САФОРАТИ АМРИКО
02.06.2011 10:34
1822
Ҳукумати Амрико тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар чопи луғати истилоҳоти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ки дар се забон англисӣ-русӣ-тоҷикӣ таҳия шудааст, мусоидат кард. Дар маросими муаррифии луғат, ки 31-ми май ...
БУЗУРГТАРИН ПАЙКАРАИ ЛЕНИН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БАРЧИДА ШУД
01.06.2011 11:47
1788
Бузургтарин муҷассамаи Владимир Ленин дар Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буд, шаби душанбеи 30 май барчида шуд. Сабаби шабҳангом барчида шудани ин муҷассама маълум нест, вале бархе аз соҳибназарон мӯътақиданд, ки мақомот бо ин кор хостаанд, ки аз ҷалби таваҷҷӯҳи умумӣ ба ин иқдом ҷилавгирӣ кунанд.
РАИСИ “ТОҶИК ЭЙР” ҶОЙГУЗИНИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҶЛИСИ ДУШАНБЕ ШУД
31.05.2011 09:39
2240
Музаффар Исҳоқов, раиси ширкати давлатии ҳавоии “ТоҷикЭйр” дар интихоботи миёндаврии маҷлиси шаҳри Душанбе пирӯз шуд. Курсӣ дар маҷлиси Душанбе баъд аз қатъи ваколати Рустами Эмомалӣ озод шуда буд. Рустами Эмомалӣ, ки дар баҳори соли ҷорӣ ...
ҚОЧОҚЧИЁНИ АФҒОН ДАР ШӮРООБОД ЧОРПОЁНРО РАБУДАНД
31.05.2011 09:36
2153
Қочоқбарони афғон беш аз 80 сар чорпои ҷамъиятиро аз ноҳияи Шӯрообод ба яғмо бурдаанд. Чорпоёни рабудашуда ба хоҷагии Лангариеви ҷамоати Шӯрообод тааллуқ доштаанд, ки шаби 29 ба 30-уми май дуздида шудаанд. Дилбар Саъдуллоева, раиси ҷамоати ...
САФАРИ ДУ РӮЗАИ СТРУАН СТИВЕНСОН БА ТОҶИКИСТОН
31.05.2011 09:35
2213
Струан Стивенсон, раиси гурӯҳи тағйири муҳит зистии порлумони Урупо, ки имрӯз вориди Тоҷикистон шудааст, бо мақомоти баладппояи ин кишвар мулоқотҳо анҷом додааст. Бар асосии иттилоъи дафтари матбуъотии порлумони Тоҷикистоноқои Стивенсон, субҳи рӯзи душанбеи 30 май бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст.
БОЗДОШТИ ЯК ДОНИШҶӮЙ БА ЗАННИ ҚОҶОҚГАРӢ
31.05.2011 09:33
2254
Бар асоси иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин кишвар, як донишҷӯй барои ҳамли маводди мухаддир боздошт шудааст. Тавре, ки аз дафтари матбуоътии ин вазорат гуфтаанд, ин донишҷӯй дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст ...
АФЗОИШИ МАВОРИДИ ҚАТЛ ДАР ТОҶИКИСТОН
31.05.2011 09:32
2206
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз афзоиши қатл дар Тоҷикистон хабар додааст. Тавре, ки аз дафтари матбуъотии ин вазорат гуфтаанд, аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло дар Тоҷикистон 40 мавриди қатл сабт шудаст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони интизомӣ, дар давраи мушобеҳ дар соли 2010, дар Тоҷикистон ...
ДАРГУЗАШТИ РАИСИҶУМҲУРИ АБХОЗИСТОН ДАР МАСКАВ
29.05.2011 15:05
1821
Сергей Багапш, раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон дар яке аз бемористонҳои Маскав аз дунё даргузаштааст. Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, Сергей Багапши 62-сола рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ ҷарроҳӣ шуда буд. Ҳарчанд табибон гуфтаанд ...
ДАР ПЕШОВАР КОНСУЛГАРИИ ТОҶИКИСТОН БОЗ МЕШАВАД
27.05.2011 20:40
1985
Сафорати Тоҷикистон дар Покистон эълом кардааст, ки дар шаҳри Пешовари Покистон, воқеъ дар наздикии марзи ин кишвар бо Афғонистон, консулгарӣ ифтитоҳ хоҳад кард. Ин хабарро сафири Тоҷикистон дар Покистон дар мулоқоташ бо намояндагони Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Хайбар Пахтунхво додааст.
ИДОМАИ ҚАТЛҲОИ МАХФИЁНА ДАР ЭРОН
27.05.2011 10:54
1977
Кампайни байналмилалии ҳуқуқи башари Эрон, аз идомаи қатлҳои махфиёна дар ин кишвар хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин созмон, ки мақарраш дар Амрико мебошад, аз моҳи март ба ин сӯ тақрибан 70 маҳкум ба маргро дар зиндони Вакилободи Машҳад эъдом кардаанд.
















