08:52:56 07-уми Сентябри 2026 сол
АФЗОИШИ МАВОРИДИ ҚАТЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 31.05.2011 09:32 2201
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз афзоиши қатл дар Тоҷикистон хабар додааст. Тавре, ки аз дафтари матбуъотии ин вазорат гуфтаанд, аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло дар Тоҷикистон 40 мавриди қатл сабт шудаст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони интизомӣ, дар давраи мушобеҳ дар соли 2010, дар Тоҷикистон ...
ДАРГУЗАШТИ РАИСИҶУМҲУРИ АБХОЗИСТОН ДАР МАСКАВ 29.05.2011 15:05 1820
Сергей Багапш, раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон дар яке аз бемористонҳои Маскав аз дунё даргузаштааст. Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, Сергей Багапши 62-сола рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ ҷарроҳӣ шуда буд. Ҳарчанд табибон гуфтаанд ...
ДАР ПЕШОВАР КОНСУЛГАРИИ ТОҶИКИСТОН БОЗ МЕШАВАД 27.05.2011 20:40 1984
Сафорати Тоҷикистон дар Покистон эълом кардааст, ки дар шаҳри Пешовари Покистон, воқеъ дар наздикии марзи ин кишвар бо Афғонистон, консулгарӣ ифтитоҳ хоҳад кард. Ин хабарро сафири Тоҷикистон дар Покистон дар мулоқоташ бо намояндагони Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Хайбар Пахтунхво додааст.
ИДОМАИ ҚАТЛҲОИ МАХФИЁНА ДАР ЭРОН 27.05.2011 10:54 1976
Кампайни байналмилалии ҳуқуқи башари Эрон, аз идомаи қатлҳои махфиёна дар ин кишвар хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин созмон, ки мақарраш дар Амрико мебошад, аз моҳи март ба ин сӯ тақрибан 70 маҳкум ба маргро дар зиндони Вакилободи Машҳад эъдом кардаанд.
МУСОДИРАИ ЗИЁДА АЗ 120 КГ МАВОДИ МУХАДДИР 27.05.2011 10:53 1770
Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёт дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 120 кг маводи нашъадорро мусодира намуданд.
МОДАР ФАРЗАНДАШРО МЕХОСТ ФУРӮШАД 27.05.2011 10:52 1975
Кормандони ВКД ҶТ ин навбат фурӯши ғайриқонунии одамро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
ХУНИНТАРИН РӮЗ БАРОИ НАТО ДАР АФҒОНИСТОН 27.05.2011 10:51 1446
Дирӯз хунинтарин рӯзи моҳи равон барои нирӯҳои НАТО дар  Афғонистон буд.
32 КУШТА ДАР ЯК ҲАМЛА ДАР ҲАНГУИ ПОКИСТОН 27.05.2011 10:51 1383
Ҳамлаи маргталабона дар шимолуғарби Покистон, бино ба хабарҳо, 32 кушта ва то 50 захмӣ ба ҷо гузошт.
ГУРӮҲИ АҲМАДОВ МУНТАЗИРИ ФАРМОНИ ИСТИХДОМ ДАР ПУЛИС 26.05.2011 14:59 1692
Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш барои истихдом дар пулиси Тоҷикистон дубора даъват шуда ва мунтазири фармонҳои интисоби худ ҳастанд. Олим Одилов, яке аз наздикони оқои Аҳмадов, рӯзи панҷшанбеи 26 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аъзои ин гурӯҳ бо пешниҳоди мақомоти пулис асноди зарурӣ барои кор дар ниҳодҳои интизомиро ба мақомот ....
ҲУКУМАТИ ИМА БА ДЕҲҚОНОНИ ТОҶИК ЭКСКАВАТОР ТАҚДИМ НАМУД 26.05.2011 10:36 1718
Ҳукумати ИМА тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (БДИИО), ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба Федератсияи иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби «Сароб» ...
КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАД 25.05.2011 23:04 2851
Имрӯз, 25 май, дар дафтари ҳафтаномаи «СССР» муаррифии китоби «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон», ки ба хотираи шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, яке аз сиёсатмадорон ва иқтисоддонҳои маъруфи кишвар, таҳия шудааст, баргузор гардид.
ПАРВАНДАИ НАВ. БОЗ 7 ПАЙРАВИ ХУДОЙБЕРДИЕВ 25.05.2011 18:12 1856
Парвандаи пурсарусадои 7 гумонбар ба узвияти гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расидааст. Тавре, ки ба радиои Озодӣ аз додситонии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор моҳи ахир мавриди тафтиш қарор дошта, ҳамакнун барои баррасӣ ...
ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ МУТТАҲАМ БА МОШИНДУЗДӢ 25.05.2011 18:06 1710
Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе як донишҷӯйи Донишкадаи исломии Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати худрав ва минибусҳо боздошт кардаанд. Ба гуфтаи маъмурон, ин донишҷӯ якҷо бо як ҳамдеҳаи худ аз рустои Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шаш минибуси мавсум ба “Чанху”, ки миёни мардум бештар ...
ДАСТУРИ ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО 24.05.2011 17:42 1808
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Ин хадамот гуфтааст, бино бар зарурати пеш омадани корҳои фаннӣ, дастрасӣ ба сомонаи Тӯраҷонзодаҳо қатъ шавад.
"НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАД" 24.05.2011 17:32 1749
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз авоили моҳи оянда нархи роҳкирои васоили мусофирбарӣ дар ин шаҳрро афзоиш диҳад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, ба хабаргузориҳо гуфт, ки масъалаи боло рафтани қимати роҳкиро дар ҷаласаи вижаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ва масъулони сохторҳои мухталифи шаҳр матраҳ шудааст.