09:10:14 08-уми Сентябри 2026 сол
ПАРВАНДАИ НАВ. БОЗ 7 ПАЙРАВИ ХУДОЙБЕРДИЕВ 25.05.2011 18:12 1859
Парвандаи пурсарусадои 7 гумонбар ба узвияти гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расидааст. Тавре, ки ба радиои Озодӣ аз додситонии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор моҳи ахир мавриди тафтиш қарор дошта, ҳамакнун барои баррасӣ ...
ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ МУТТАҲАМ БА МОШИНДУЗДӢ 25.05.2011 18:06 1712
Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе як донишҷӯйи Донишкадаи исломии Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати худрав ва минибусҳо боздошт кардаанд. Ба гуфтаи маъмурон, ин донишҷӯ якҷо бо як ҳамдеҳаи худ аз рустои Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шаш минибуси мавсум ба “Чанху”, ки миёни мардум бештар ...
ДАСТУРИ ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО 24.05.2011 17:42 1809
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Ин хадамот гуфтааст, бино бар зарурати пеш омадани корҳои фаннӣ, дастрасӣ ба сомонаи Тӯраҷонзодаҳо қатъ шавад.
"НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАД" 24.05.2011 17:32 1750
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз авоили моҳи оянда нархи роҳкирои васоили мусофирбарӣ дар ин шаҳрро афзоиш диҳад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, ба хабаргузориҳо гуфт, ки масъалаи боло рафтани қимати роҳкиро дар ҷаласаи вижаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ва масъулони сохторҳои мухталифи шаҳр матраҳ шудааст.
ШОҲИЁН: "БА ШИКОЯТҲОИ ТОЛИБШОҲ РАСИДАГӢ МЕШАВАД" 24.05.2011 17:28 1725
Номзади мӯътаризи интихоботи ҳавзаи Сино, Толибшоҳи Саидзода шикоёташро ба КМИР супурдааст. Намояндагони Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ин шикоятҳоро  дастрас кардаанд. Худи ҷаноби Саидзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бастаи шикоятҳои расмии ӯ аз чунин мавод иборат аст:
БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ҶУМХУРИИ ҚИРҒИЗСТОН CАФОРАТХОНА МЕКУШОЯД 23.05.2011 14:18 1732
Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Уилям Хейг ифтитоҳи сафоратхонаи навбатии Британияи Кабирро дар Бишкек эълон намуд. Сафоратхона фаъолияти худро ба таҳкими рабовити сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушд равона месозад. Бахши раводид ва консулигарӣ бошад...
ҲАМЛА БА ЯК ПОЙГОҲИ НИЗОМӢ ДАР КАРОЧИИ ПОКИСТОН 23.05.2011 14:13 1991
Мардони мусаллаҳ ба як пойгоҳи муҳимми нерӯҳои дарёии артиши Покистон дар шаҳри Карочӣ ҳамла карда ва пас аз як даргирии хунин теъдоде аз низомиёнеро, ки баъзе аз онҳо чини ҳастанд, ба гаравгон гирифтанд. Гузоришҳо ҳокист, ки ҳадди ақал шаш муҳоҷим ва панҷ сарбоз кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд.
КОНСЕРТИ МУИН БИДУНИ ДУРБИН БАРГУЗОР ШУД 23.05.2011 14:11 1625
Рӯзи якшанбеи 22 май дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти Муин, овозхони маъруфи эронӣ баргузор шуд. Баргузоркунандаи ин консерт, ширкати мухобиротии мавсум ба “Тисел”-и Тоҷикистон аст.
НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ МУАЙЯН ГАРДИД 23.05.2011 14:10 1862
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар қаламрави  ҷумҳурӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд.
Э.РАҲМОН АЗ МАВЗЕИ ФАХРОБОДИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН КАРД 23.05.2011 10:27 1830
22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи овозадори Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо рафти бунёди боғу токзори намунавӣ дар он ҷо аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ...
ГУСТАРИШИ МУНОСИБОТИ ҲАРБӢ-ТЕХНИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ 23.05.2011 10:23 1701
Масоили вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар мулоқоти роҳбарони низомии ин се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, Қазоқистон Одилбек Ҷақсибеков ...
ДАР ҲАМЛА БА МЕҲРОН 5 НАФАР ҶОН БОХТААНД 23.05.2011 10:21 1634
Бар асари ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии артиши баҳрии Покистон дар Карочӣ  то 5 нафар кушта  ва ҳудуди 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Бо гузашти беш аз 5 соат аз шурӯъи ҳамла, бино ба хабарҳо, субҳи имрӯз низ аз пойгоҳи Меҳрон садои тир меомад.
ОБАМА: АМАЛИЁТИ БЕН ЛОДЕН ТАКРОР ХОҲАД ШУД 22.05.2011 23:13 1790
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибае ба Би Би Си гуфт, вай ба вуруди нируҳои Амрико ба Покистон иҷоза хоҳад дод, агар каси дигаре дар он ҷо пайдо шавад, ки раҳбарии тундравҳоро бар дӯш бигирад.
ДАР ХУСТИ АФҒОНИСТОН 5 НАФАР КУШТА ШУД 22.05.2011 23:13 1809
Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, баъд аз оғози тирандозӣ дар наздикии бошгоҳи нируҳои Афғонистон дар вилояти Хуст дастикам 5 нафар кушта шудаанд.
РАСУЛОВ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БЕҲТАРИН КОРГАРДОНИ ФИЛМ ШУД 22.05.2011 23:12 1598
Муҳаммад Расулов-коргардони филмҳои эронӣ дар ҷашнвораи байналмиллалии филми Канн дар Фаронса барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардони филм шуд.