16:36:01 24-уми Октябри 2026 сол
РАСУЛОВ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БЕҲТАРИН КОРГАРДОНИ ФИЛМ ШУД 22.05.2011 23:12 1629
Муҳаммад Расулов-коргардони филмҳои эронӣ дар ҷашнвораи байналмиллалии филми Канн дар Фаронса барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардони филм шуд.  
ИНҚИЛОБ ДУБОРА ДАРИ ГУРҶИСТОНРО МЕКӮБАД? 22.05.2011 16:48 2132
Мухолифони ҳукумати Михаил Саакашвилӣ имрӯз ҳам дар Тифлис ба тазоҳуроти худ идома доданд. Аммо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон ба таври хушунатбор ба мошине, ки дар дохили он одамон нишаста буданд, ҳамла бурдаанд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲЕЛЕН КЛАРК 21.05.2011 18:58 2011
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди босуботи иҷтимоию ...
МУЛОҚОТИ МАРК ГРОССМАН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 21.05.2011 10:55 1913
Рӯзи ҷумъа намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
ТАҶЛИЛ АЗ ҲАФТОДУМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ 20.05.2011 18:48 2009
Бистуми май мусодиф бо рӯзи таваллуди Лоиқ Шералӣ, шоъири фақид, дар Тоҷикистон аст. Рӯзи ҷумъа фарҳангиён ва наздикони ин шоъири маҳбуб дар шаҳри Душанбе ҳафтодумин солгарди таваллуди ӯро ҷашн гирифтанд. Ба манзури бузургдошти Лоиқ Шералӣ мақбараи вай, воқеъ дар гӯристони ...
МУИН, ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ЭРОНӢ, ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД 19.05.2011 21:49 2314
Муин, овозхони саршиноси эронии муқими Лус-Онҷелеси Амрико, рӯзи панҷшанбеи 19 май ба манзури иҷрои як барномаи кунсертӣ вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст барномаи кунсертии ӯ шаби 22 май дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шавад.
КУШТА ШУДАНИ КӮДАКЕ ЯКСОЛА БА ДАСТИ ПАДАРАШ 19.05.2011 21:48 1895
Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдаки зери яксола дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазорат, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 18 май рух додааст.
"СИВУ ПАНҶ" КОРМАНДИ ЯК ШИРКАТИ РОҲСОЗӢ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД 19.05.2011 21:47 2083
Мақомот дар шарқи Афғонистон мегӯянд сиву панҷ корманди як ширкати роҳсозӣ дар як ҳамлаи шуришён кушта шудаанд.
ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ЧАНДИН КУШТА ВА ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ 19.05.2011 21:46 2022
Вуқуъи чанд инфиҷор дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ ба кушта шудани дастикам бисту панҷ нафар ва захмӣ шуданишаст нафари дигар мунҷар шудааст.
АЛ-ҚОИДА РАҲБАРИ НАВ ПАЙДО КАРД 18.05.2011 18:59 2084
Тибқи гузориши хабаргузориҳо, Сайф Одил раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст. Сайф Одили 48-сола мисритабор буда дар рӯйхати афроди матлуби хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.
МАСКАВ: АФЗОИШИ ШУМОРИ ТОҶИКОНИ КУШТАШУДА ДАР ОТАШСӮЗӢ 18.05.2011 18:52 2191
Шумори муҳоҷирони тоҷики кушташуда дар оташсӯзии шаҳри Маскав ба панҷ нафар расидааст. Дар ин бора Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 18 май ба Би-би-сӣ хабар дод.
АМАЛИЁТИ "МАДРАСА" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД 18.05.2011 18:50 2411
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти “Мадраса” 3 мавриди  таълими ғайриқонунии диниро ошкор ва алайҳи мударрисон парванда боз кардаанд.
ҲАФТАНОМАИ МУСТАҚИЛИ "ПАЙКОН" АЗ ЧОП МОНД 18.05.2011 12:28 2011
Чопхонаи "Шарқи озод" аз нашри ҳафтаномаи мустақили "Пайкон", ки ахиран додгоҳ фаъолияташро қатъ намуда буд, худдорӣ кард. Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир "Пайкон" аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду шумораи ахираш ...
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД МАХДУМ РАҲИН 17.05.2011 19:11 1856
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории фарҳангӣ ва рушди муносиботи дўстӣ ва ҳамсоягии накуи ду кишвар баррасӣ шуд.
ИНФИҶОР ДАР ШАҲРИ ОҚТЕППАИ ҚАЗОҚИСТОН 17.05.2011 15:25 1954
Бар асоси гузоришҳои расида аз Қазоқистон, дар наздикии сохтмони идораи амнияти шаҳри Оқтеппа, инфиҷоре рух дода ва чандин нафар захмӣ шудаанд. Маъмурони пулис бинои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппаро таҳти иҳотаи худ гирифтаанд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854