09:11:55 08-уми Сентябри 2026 сол
САФАРИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ҶАНОБИ ТРЕВОР МУР БА ТАВИЛДАРА 11.05.2011 09:32 1937
Чуноне ки аз дафтари матбуотии сафорати Бритониё ба мо хабар доданд, сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур рӯзи 5 май ҳамроҳи кормандони сафорат аз ноҳияи Тавилдара дидан намуданд.
БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТ 10.05.2011 15:22 2163
Тӯли чаҳор рӯз аст, ки як узви ҲНИТ дар Ашт, дар боздоштгоҳи муваққати ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад. Хонаводаи Ҳусниддин Шарофиддинов дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки шоми 6-уми майи соли ҷорӣ, полис ӯро ба ҷурми "итоат накардан ба мақомот" боздошт намудааст. ҲНИТ бо ирсоли як нома ба ҳукумати Суғд ...
МУҲАММАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ: "НАРХҲОРО КАМ КУНЕД" 10.05.2011 15:18 2100
Шаҳрдори Душанбе аз фурӯшандагони бозорҳои пойтахт даъват кардааст, то нархи орду гӯштро боло набаранд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, гуфтааст, ки қимати як кило гӯшти гов набояд аз 23 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфанд аз 24 сомонӣ боло бошад.
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАШМАҚОМХОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАД 10.05.2011 13:02 1819
Имрӯз, 10-уми май, бо ибтикори вазорати фарҳанг, кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ инчунин Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди шашмақомхони маъруфи кишвар Фазлиддин Шаҳобов ва 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ...
УЗВИ ҚИТЪАИ РАЪЙДИҲИИ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО БАРКАНОР ШУД 09.05.2011 20:51 2035
Як узви комисиюни қитъаи раъйдиҳии (участка) рақами 21-и ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе ба далели ҳимоят аз яке аз номзадҳо ба интихоботи миёндавраии порлумони Тоҷикистон аз ин кумисиюн ихроҷ шудааст.
ГЕЛОНӢ ҲАМДАСТИИ ПОКИСТОН БО БИН ЛОДИНРО РАД КАРД 09.05.2011 20:47 1727
Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон мегӯяд, қатли Усома Бин Лодин дар қаламрави кишвараш, нишондиҳандаи ноӯҳдабароии мақомот ва ё ҳамдастии онҳо бо Бин Лодин нест.
БУЗУРГДОШТИ 66-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДУШАНБЕ 09.05.2011 16:14 1972
Рӯзи нӯҳуми май дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маросими бузургдошти 66-умин солгарди пирӯзӣ бар фошисм дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ё "Рӯзи Ғалаба" баргузор шуд. Дар инҷо аз ҷумла маросими гулгузории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ...
СУХАНРОНИИ МУҲИМИ НАХУСТВАЗИРИ ПОКИСТОН 09.05.2011 16:11 1786
Қарор аст, имрӯз Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон дар нахустин бор дар робита ба амалиёти маҳви Усома Бен Лодан аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар қаламрави кишвараш суханронии вижа кунад. Рӯзе пештар аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт...
8 МАЪМУРИ ПУЛИСИ АФҒОН ДАР ҒАЗНӢ КУШТА ШУДАНД 09.05.2011 16:10 1759
Масъулини амниятӣ дар вилояти Ғазнӣ, дар маркази Афғонистон мегӯянд 8 маъмури пулис дар як ҳамлаи шуришиён дар ин вилоят кушта шудаанд.
ЗАДУХӮРДИ ХУНИН МИЁНИ МУСУЛМОНОНУ МАСЕҲИЁНИ ҚОҲИРА 08.05.2011 22:51 1947
Додгоҳи олии Миср гуфт, дар робита ба задухӯрди миёни мусулмонҳо ва масеҳиён дар шаҳри Қоҳира, 190 нафарро боздошт кардааст, ки ба зудӣ дар додгоҳи низомӣ муҳокима хоҳанд шуд. Рӯзҳои шанбеву якшанбе, 7 ва 8-уми майи соли ҷорӣ, дар пайи даргирии миёни мусулмонҳо ва масеҳиён дар Қоҳира зиёда аз ....
ШИРКАТДОРОНИ ЗАДУХӮРД ДАР ҚОҲИРА МУҶОЗОТ МЕШАВАНД 08.05.2011 22:50 2073
190 нафар ширкатдорони задухӯрд миёни мусалмонҳо ва насрониҳо дар шаҳри Қоҳира мавриди муҳокима дар додгоҳи низомӣ қарор мегиранд. Дар ин бора имрӯз Шӯрои олии низомии Миср хабар дод.
ДОНИЛОН: АЙВОН АЗ-ЗАВОҲИРӢ ЧУН БИН ЛОДЕН НУФУЗ НАДОРАД 08.05.2011 22:50 1759
Шабакаи “Ал-Қоида” дар пайдо кардани раҳбари нав оҷиз хоҳад монд. Ин изҳороти Том Донилон, мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии NBС садо дод.
БОЗДОШТИ ЯК МУТТАҲАМ ДАР ТЕРРОРИЗМ ДАР ЧЕХИЯ 08.05.2011 22:49 1826
Полиси Ҷумҳурии Чех як шаҳрванди Покистонро, ки барои куштор ва фаъолияти террористӣ дар кофтукоби байнулмилалӣ қарор дошт, дастгир кард. Дар ин бора имрӯз вазири умури дохилии кишвар Як Кубитсе хабар дод.
ҲУКУМАТИ НАВИ КУВАЙТ ТАШКИЛ ШУД 08.05.2011 22:48 1693
Сарвазири Кувайт Носир ал-Муҳаммад ал-Аҳмад ас-Сабоҳ имрӯз ҳукумати навро ташкил кард. Ҳукумати пешини Кувайт дар посух ба даъватҳои ислоҳоти сиёсӣ ба истеъфо рафт.
ПАРАCТОРИ УКРОИНИИ ҚАЗЗОФӢ БА НУРВЕЖ ПАНОҲАНДА ШУД 06.05.2011 09:43 2064
Галина Колотнитская, парастори укроинии сарҳанг Қаззофӣ, ки аз ӯ ба унвони яке аз наздиктарин мӯътамадони раҳбари Либӣ ном бурда мешавад, аз Нурвеж тақозои паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Хонум Колотнитская бо оғози нооромиҳои Либӣ дар моҳи феврал аз ин кишвар хориҷ шуд ва ба Укроин рафт.