ХАБАРНИГОРИ ТОҶИК БА "ҚАЛЛОБӢ" МУТТАҲАМ МЕШАВАД
16.05.2011 12:27
2687
Алиҷони Муҳаммад, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора ба "Озодӣ" вакили дифои ӯ, Нурулло Каримов, хабар дод ва гуфт, ин хабарнигори тоҷик ду рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад.
БОЗДОШТИ РАИСИ САНДУҚИ БАЙНУЛМИЛАЛИИ ПУЛ ДАР НЮ ЙОРК
16.05.2011 12:22
1710
Раиси Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF), Доминик Стросс-Канро лаҳзаҳое пеш аз парвозаш ба Порис боздошт карданд. Ин боздошт бо амри додситонҳои Ню Йорк ба вуқӯъ пайваст, ки Стросс-Канро ба ҷинояти шаҳвонӣ ва талоши таҷовуз ба номуси пешхидмати меҳмонсаро айбдор карданд.
РАИСИ ОБСЕ АУДРОНИУС АЖУБАЛИС БА ТОҶИКИСТОН ОМАД
16.05.2011 12:20
2491
Аудрониус Ажубалис, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷии Литва ба хотири баррасии шеваҳои беҳтари кӯмак ба Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.
ТАЗОҲУРОТИ МАСЕҲИЁН ДАР МИСР БА ХУШУНАТ КАШИДА ШУД
15.05.2011 18:01
1881
Мақомҳои мисрӣ мегӯянд ҳадди ақал ҳафт нафар дар тазоҳуроти масеҳиёни Миср дар маркази Қоҳира захмӣ шудаанд. Ин тазоҳурот дар баробари сохтмони телевизиюни давлатии Миср баргузор шуд, аммо дар соъоти шаб ба суи онҳо тирандозӣ шуд ва гурӯҳе бумбҳои бензинӣ ба суи тазоҳуркунандагон ...
ОҒОЗИ РАЪЙДИҲӢ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИ СИНО
15.05.2011 10:32
2195
Субҳи барвақти рӯзи якшанбе, 15-уми май дар ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе овоздиҳӣ ба интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон оғоз шуд. Ба қавли раиси ҳавзаи интихоботии Сино, Абдулло Ҳабибов, 70 ҳазор раъйдиҳанда дар 47 қитъаи овоздиҳӣ ...
ВКД: “БОЗ ЯК МАҲБУСИ ФИРОРӢ КУШТА ШУД”
15.05.2011 10:29
1919
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов, як маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мо гуфт ...
БОЗИНГАРИ ДАСТАИ «РАВШАН»-РО КӢ КОРД ЗАД?
14.05.2011 20:59
1960
Ҳуҷумкунандаи дастаи футболи «Равшан» Наврӯз Рустамов имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шуд. Бегоҳии рӯзи 12-уми май ӯ бо захми ду корд дар бадан дар беморхона бистарӣ шуда буд. Пизишкон мегӯянд, ду корде, ки дар бадани ин ҷавони 18-сола зада шудааст ...
БЕШ АЗ 70 КУШТАИ ЯК ИНФИҶОР ДАР ПОКИСТОН
13.05.2011 18:12
2047
Масъулияти ҳарду бомбгузорӣ дар наздикии академияи низомӣ дар шимол-ғарбӣ Покистонро Толибон бар ӯҳда гирифтанд. Бар асари ин ду ҳамлаи ба гуфтаи пулис маргталабона, дастикам 80 нафар ҷон бохта, беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таҳрики Толибони Покистон мегӯяд ...
ДОДСИТОНИ КУЛЛИ АМРИКО: КУШТАНИ БИН ЛОДИН ТЕРРОР НАБУД
12.05.2011 16:41
1792
Эрик Ҳулдер, додситони кулли Амрико, гуфтааст, ки ҳамла ба махфигоҳи Усома бин Лодин, ки мунҷар ба кушта шудани раҳбари шабакаи Алқоъида шуд, амалиёти сӯйиқасд ба ҷони ӯ набудааст.
ҲАМКОРИИ САФОРАТИ АМРИКО ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ БАРОИ КОҲИШИ САТҲИ ТАРКИ МАТАБ АЗ ҶОНИБИ ХОНАНДАГОН
12.05.2011 11:12
1995
Ҷаноби Ҷеффри Лерер, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби ҳамкориро ба имзо расониданд, ки он баёнгари нияти ҳамкории онҳо ...
ДАР ФЕСТИВАЛ-СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАШМАҚОМ
11.05.2011 14:44
1989
Имрӯз, 11-уми май, дар чаҳорчӯбаи фестивал-симпозиуми байналмилалии Шашмақом дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷаласаҳои симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар оғоз вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ширкаткунадагони чорабинии мазкурро...
САФАРИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ҶАНОБИ ТРЕВОР МУР БА ТАВИЛДАРА
11.05.2011 09:32
1935
Чуноне ки аз дафтари матбуотии сафорати Бритониё ба мо хабар доданд, сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур рӯзи 5 май ҳамроҳи кормандони сафорат аз ноҳияи Тавилдара дидан намуданд.
БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТ
10.05.2011 15:22
2161
Тӯли чаҳор рӯз аст, ки як узви ҲНИТ дар Ашт, дар боздоштгоҳи муваққати ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад. Хонаводаи Ҳусниддин Шарофиддинов дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки шоми 6-уми майи соли ҷорӣ, полис ӯро ба ҷурми "итоат накардан ба мақомот" боздошт намудааст. ҲНИТ бо ирсоли як нома ба ҳукумати Суғд ...
МУҲАММАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ: "НАРХҲОРО КАМ КУНЕД"
10.05.2011 15:18
2098
Шаҳрдори Душанбе аз фурӯшандагони бозорҳои пойтахт даъват кардааст, то нархи орду гӯштро боло набаранд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, гуфтааст, ки қимати як кило гӯшти гов набояд аз 23 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфанд аз 24 сомонӣ боло бошад.
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАШМАҚОМХОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАД
10.05.2011 13:02
1817
Имрӯз, 10-уми май, бо ибтикори вазорати фарҳанг, кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ инчунин Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди шашмақомхони маъруфи кишвар Фазлиддин Шаҳобов ва 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ...
















