Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири тозатаъини Ҳиндро ба ҳузур пазируфт
14.08.2019 11:28
987
13 августи соли 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири тозатаъини Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синхро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар иттилоъ доданд.
Обу ҳавои чоршанбе, 14-август
13.08.2019 17:01
949
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 14-16 август дар ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) ҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад.Шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш аз 5 то 80коҳиш меёбад.
Иди Қурбон ба ҳамватанон муборак!
10.08.2019 18:40
1058
Сомонаи “Рӯзгор” кулли хонандагон ва мардуми шарифи кишварро ба муносибати фарорасии Иди шарифи Қурбон муборакбод мекунад.Иди Қурбон дуввумин идест, ки барои кулли муслимини олам шариф аст. Иди қурби Илоҳист!
Ифтитоҳи Осорхонаи Восеъ дар мавзеи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг
09.08.2019 11:30
747
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон
08.08.2019 14:39
733
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар Теҳрон бо Вазири нерӯи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Ризо Ардакониён мулоқот кардааст.
Озмуни “Зебосанам-2019” – и ширкати ватании “Тоҷик кристал” аз имрӯз шурӯъ гардид
06.08.2019 17:42
1004
Ширкати «Тоҷик Кристалл» мегӯяд бахшида Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам-2019”-ро баргузор хоҳад кард. Ин ширкат ахиран эълон кард, ки даври аввали ин озмун имрӯз, 6-уми август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ...
Дар Афғонистон маъракаи интихоботи президент шурӯъ гардид
29.07.2019 18:22
800
Рӯзи якшанбе дар Афғонистон маъракаи интихоботи президент, ки то 28 сентябр ба нақша гирифта шудааст, оғоз гардид. Дар ин бора агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Диловар Қодирзода: «Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамкориро бо дигар марказҳои таҳлилии ҷаҳон тақвият бахшидааст»
27.07.2019 19:14
828
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бо марказҳои таҳлилии Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва марказҳои стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст.
Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
23.07.2019 18:03
767
Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ ...
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
22.07.2019 20:49
815
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раисишаҳри Нораки вилояти Хатлонозод намудани Ҳурматзода Ф.З.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.
Даргузашти журналист Турко Дикаев шаби гузашта дар Кӯлоб
16.07.2019 13:38
793
Се рӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст. Шаби гузашта ҳамкори мо, собиқ хабарнигори “Азия-Плюс”, журналисти маъруфи тоҷик Турко Дикаев дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Биноба гуфтаи наздикони марҳум, серӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз «Корвони китоб»-и "Адиб" 460 адад китоб харидааст
13.07.2019 23:48
803
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди шиносоӣ бо китобҳои “Корвони китоб”-и нашриёти “Адиб” 460 адад китобро ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба масъулини дахлдор дастур додааст, ки онро ба хазинаи китобхонаи шаҳрӣ ...
Маркази матбуоти СРИҶҶ ВА ҶТ хабар медиҳад
08.07.2019 10:01
883
Санаи 07-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе...
Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем...
02.07.2019 18:29
994
Сомонаи “Рӯзгор” ба Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсайид Убайдуллоев ҷиҳати даргузашти ҳамсарашон изҳори тасаллият мекунад. Ба марҳум аз даргоҳи Худованди қодиру тавоно хонаи ободи охират ва ба бозмондагонашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия
01.07.2019 11:07
819
30 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.
















