14:28:25 23-уми Октябри 2026 сол

"ИМОМХАТИБОНРО БАРОИ ИТОЪАТ НАКАРДАН БАРКАНОР КАРДАНД"

Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон мегӯяд, ду имомхатиби масоҷиди пойтахт, “ба хотири нахондани баёнияи Шӯрои уламо дар бораи Тӯраҷонзодаҳо” аз кор барканор шуданд.

Гузориш шудааст, хутбаи намози ҷумъаи 10-уми феврал дар масоҷиди маҳаллаи Қазоқон ва Якачинорро Абдураҳим Назаров ва Абдумалик Саидов, имомхатибони ин масоҷид иҷро накарданд. Оқои Тӯраҷонзода мӯътақид аст, ки ин афрод ба далели саркашии худ аз қироъати баёнияи мавриди баҳси Шӯрои уламо дар масоҷиди худ, барканор шудаанд.

Вай дар ин бора мегӯяд: “Дақиқ аст, ки онҳоро бо ҳамин сабаб гирифтанд. То ҷое ман медонам, ба сари онҳо бисёр фишорҳо оварданд. Мутаасифона ҷалби муллоҳои тарсу ва итоъаткор барои имомхатибӣ сиёсати давлат шудааст.”

Намояндагони Кумитаи дин ва Шӯрои уламои дин дар ин бора ибрози назар накардаанд, аммо гуфта мешавад тибқи қонун имомхатибони масоҷидро масъулони ҳар масҷид бидуни дахолати кумитаи дин ва ё Шӯрои уламои исломӣ интихоб кунанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854