14:26:08 23-уми Октябри 2026 сол

УЗРХОҲИИ ГЕНЕРАЛ БАРОИ "БЕЭҲТИРОМӢ БА ҚУРЪОН"

Фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон барои "беҳтиромӣ ба Қуръон" аз мардуми афғон узр хост.

Генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, барои иддаое дар ин бора, ки нерӯҳои хориҷӣ арзишҳои исломӣ, аз ҷумла Қуръонро пос надоштаанд, узр пурсид. Аллен гуфт, вай дастур додааст, дар пойгоҳи Багром, ки нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар он ҷо мустақаранд, дар ин маврид расидагӣ анҷом диҳанд.

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром бештар аз ду ҳазор нафар афғон тазоҳуроти эътирозии ғазаболуд анҷом додаанд. Ин тазоҳурот баъди он сар шуд, ки гузоришҳое дар бораи оташ задани нусхаҳои Қуръон дар ин пойгоҳ пахш шуд.

Генерал Аллен барои ин кор самимона аз ҳукумат ва мардуми Афғонистон бахшиш пурсид. Аммо вай дар изҳороти худ гуфт, итминон медиҳад, ки ин кор барқасдона нашудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854