06:00:03 24-уми Октябри 2026 сол

БАРНОМАИ НАВИ КУМАКИ СБП БА ТОҶИКИСТОН

Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) тасмим гирифтааст, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон боз 30 миллион доллар кумак кунад. Аксел Шиммелпфенниг, намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул, имрӯз, 18-уми сентябр, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар бораи ин тасмим эълон кард.

 

Вай гуфт, барномаи кумаки навбатӣ пул баъд аз баррасии наҳваи иҷрои қарзҳои қаблан додаи ин созмон ба Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Шиммелпфенниг, дар соли оянда низ ироаи ду тарҳи кумаки молии Сандуқи байнулмилалии пул бо маблағи 100 миллион доллар ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Сандуқи байнулмилалии пул қаблан барои поин овардани сатҳи фақр дар Тоҷикистон ва дастгирии тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумати кишвар 116 миллион доллар ироа карда буд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854