01:46:12 24-уми Октябри 2026 сол

БЕШ АЗ 100 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ИНТИЗОРИ ИХРОҶ АЗ РУСИЯ

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар Маскав дар ҳоли ихроҷ қарор доранд. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, 111 муҳоҷири тоҷик дар Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии рақами 1-и Раёсати умури дохилии Маскав замони ихроҷашонро аз Русия интизоранд.

/images/stories/2012/12/14_deport-141212.jpgДафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13-уми декабр иттилоъ дод, ки намояндаи ин хадамот, Азиз Халилов, рӯзи панҷшанбе аз маркази нигоҳдории рақами аввали умури дохилии Маскав боздид карда, бо вазъи шаҳрвандоне, ки боздошт шудаанд, шинос гардидааст. Далели ихроҷи аксари онҳо нақзи қоидаҳои ҳузур дар қаламрави Русия арзёбӣ мешавад.

Азиз Халилов бо чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин марказ ба сар мебаранд, ҳамсуҳбат шуда, муайян кардааст, ки онҳо бо ғизои севақта таъмин буда, дар ҳафта ду маротиба барои шустушӯ имконият доштаанд.

Алексей Смирнов, муовини раиси Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии рақами аввали Маскав, дар суҳбат бо намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат муҳоҷирони тоҷикро ба Ватан истирдод хоҳад кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854