15:43:16 23-уми Октябри 2026 сол

Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Имрӯз суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.

4 suhbati telefoni 65554455112Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири муҳтарами Покистон мубодилаи табрикотро ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр анҷом доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро иброз намуда,   ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.  

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Покистон бо изҳори қаноатмандӣ аз раванди афзоишёбандаи рушд ва тавсеаи робитаҳои ду кишвар ёдовар шуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатиро ҳамчун омили калидии пешбурди минбаъдаи шарикии ду кишвар таъкид карда, рӯзномаи мулоқотҳои сатҳи олӣ ва баланди дарпешистодаро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима карданд.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

president.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854