Султони қалбҳо дар ёди дӯстон
Дили нозук ва ашки резони падарам
10.07.2019 10:57
1345
Тақрибан моҳи март буд. Рӯзе дар хона бо падари ширинам нишаста будем, ки аз дар бародарам Субҳидинҷон даромаду бо падар ва модарам аҳволпурсӣ карду нишаст ва ногаҳон телфонашро аз ҷебаш бароварда ба сӯи падарам гуфт. Падарҷон оё шумо суруди Амирҷон Сабурӣ ...
Дидор дар қиёмат устод
10.07.2019 10:33
1104
Ҷашни арусӣ доштам… ва хостам ёрону назидкон шодишарики хонаводаи Расулзода бошанд. Чанд ҳафта қабл аз ҷашни арусӣ бо устод Султон Ҳамад суҳбат доштем ва таклиф намудам то дар ин ҷашн ширкат варзанд. Омаданд! Рӯзи арусӣ.
Бо шунидани номи падар бе ихтиёр аз чашмамон ашк мерезад
05.07.2019 11:23
1120
Дуруду салом ба хонандагони сомонаи «Рӯзгор». Соат ба 12-и шаб наздик мешуд. Ва ман бо ҷамъи хонавода, бо модару бародарҳову апаҳоям дар утоқи падар нишаста суҳбат мекардем, гоҳе мегиристему гоҳе аз рӯзгори ширине, ки падарҷонамон бо мо буд...
Шаҳр холӣ, кӯча холӣ, хона холист, Падарҷон!
01.07.2019 13:41
1236
Падарҷон, исматон ҳамеша рӯи лабҳост, меҳратон ҳамеше рӯи дилҳост. Салом ва дуруд ба руҳи покатон, эй падарҷони азизам, эй оромиши дили фарзандон.Акнун рӯз то рӯз диламон танг мешавад аз набудани Шумо ва дарди бепадарӣ аз худ ба мо дарак медиҳад.
Ҳоҷӣ Исмоили ПИРМУҲАММАДЗОДА: «Марги Султони Ҳамад фарҳангӣ буд»
01.07.2019 13:37
1180
Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода – олими барӯманд, шахсияти шинохта рӯзи марги устод Султони Ҳамадба манзили устодташриф оварданд, то соатеро бо пайвандони марҳум сипарӣ кунанд. Ин марди нуронӣ ва ин олими хушбаён ва сухандон ҳарфҳое ба забон оварданд, ки барои фарзандону дӯстони устод Ҳамад мояи ифтихор буд.
Тарҷумаи ҳоли Султони Ҳамад
01.07.2019 11:12
1224
Ҳамадов Султон (Султони Ҳамад) 3 – юми апрели соли 1952 дар ноҳияи Сангвори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ...
Исмоил Зарифӣ: Султони Ҳамад рафту дилам хун гашта...
22.06.2019 19:44
999
Султони Ҳамад бирафт аз олами дун,
Бо меъдаи пораю ба дарди афзун.
Бо дидаи чор дар раҳи омаданаш,
Биншаста тамоми дӯстонаш маҳзун.
Охарин маҳфили Аҳмад Зоҳир бо иштироки Султони Ҳамад
18.06.2019 18:46
1045
Кист Аҳмад Зоҳир, ки бо гузашти беш аз 40 сол аз маргаш бо овардани танҳо ёде аз ӯ қалбҳо ба дард меоянду ашкҳо аз чашмҳои дӯстонаш чун қатраҳои борон ҷорӣ мешаванд? Ӯ чӣ гуна инсон буд? Ӯ чӣ ҳунаре дошт? Чӣ афсуне кардааст онҳоро, ки наметавонанд фаромӯшаш кунанд?
Султони қалбам ту ҳастӣ, ту ҳастӣ, падарҷон!
17.06.2019 15:19
1090
Дуруд ба руҳи покат, эй нури дида, эй оромиши дили фарзандон, эй қиблагоҳи азиз! Падари ба ҷону дил баробарам. Лаҳзаҳо баробари сол мегузаранд ва ҳамоно интизорам, ки ҳамин ҳоло дар боз мешавад ва бо ҳамон чеҳраи кушоди нуронӣ, бо ҳамон лутфу меҳрубонӣ …
«ХОТИРАИ ДӮСТ ВА ТАРАННУМГАРИ АҲМАД ЗОҲИР»
17.06.2019 11:48
1094
Султони Ҳамад, чеҳраи мондагори фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва рӯзноманигори маъруфи миллат аст. Ҳамагӣ ду рӯз пеш бо ин шахсияти басо бузурги миллӣ ва ифтихори мардуми тоҷик дар мақомоти амниятии СССР-ин ватани азизу бузургамон дар тамос будам.
ДАР СӮГИ СУЛТОНИ ДИЛҲО - СУЛТОН ҲАМАД
16.06.2019 13:23
1000
Султон намон, ки хонаи ту ҷустуҷӯ шавад,
Султон нарав, ки боиси сад гуфтугӯ шавад.
Коре бикун, ки боз биёӣ ба ҷамъи мо,
Коре макун, ки дидани ту орзу шавад...
Олимпури сонӣ
15.06.2019 12:28
1246
Он қадар хотираю ҳамнишинӣ бо ин Марди Худо зиёд доштам, ки намедонам номаи ашколудамро бо чӣ оғоз намоям ва бо чӣ анҷом диҳам. То ҳанӯз ба марги ӯ боварам намеояд ва қалами дастонам намехоҳад ба ин бовар кунад.
ВАҚТЕ МУРҒОНИ ҲАВО МЕГИРЯНД...
14.06.2019 10:41
903
Назди равзанаи хонаи хоби Султони Ҳамад, он некроймарде, ки пайи чеҳраофариҳои мардони асил мегашт, ду тан мусичаеро дидам, ки минқор ба шишаи тиреза кубида, бо нағмаи ҳузнангезе навҳа доштанд.
ЁДҲО... ЁДҲО... ЁДҲО...
14.06.2019 10:21
1039
Устод Султони Ҳамад ҳам моро тарк кард. Мардони соҳибҳунар, инсонҳои хубу шоиста, донишмандони асил якояк аз маҳфили мо берун мешаванд ваморо дар ин гирудори зиндагӣ тани танҳо мегузоранд.
Ҳуриннисо Ализода: Падруд, ай инсони покизарӯзгор
13.06.2019 10:09
940
Султоне, ки инак барои охирин шаб меҳмони рӯйи замин асту дӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо муҳаббат " Султони қалбҳо"- яш хондаанд, аз бародарони соҳибэҳтироми мост.Дареғу сад дареғ, ки ин лаҳазот ӯ Султони ғамҳост, Султони андӯҳи дили мост.Султони журналистика, Султони пажӯҳишгар, Султони дӯст ...
















