14:28:05 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Соли оянда инқилоби театрӣ бояд шавад"…

Тайи ду сол аст, ки дар кишвар ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон бо номи "Нигоҳи нав" баргузор гардид. Дар ин озмун саҳнаҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки комилан аз тарафи ҷавонон омода гаштаанд. Ба ҳунари ҷавонони эҷодкори "Нигоҳи нав" маъруфтарин шахсиятҳои театрии кишвар баҳои сазовор додаанд.

shohjamshed_daler_11255Хонандаи "Рӯзгор" ҳам огоҳ ҳаст, ки дар сафҳаҳои рӯзнома ҳунармандони маъруфе чун Қурбони Собиру Ҳабибулло Абдураззоқов ва Хуршед Мустафоев намоишҳоеро, ки дар ин ҷашнвора-озмун рӯйи саҳна омада буданд, васф кардаанд. Барои огоҳии бештар ёфтан дар  мавриди Ҷашнвора-Озмуни театрии ҷавонон "Нигоҳи нав" ин ҳафта хабарнигори "Рӯзгор" сӯҳбате орост бо мутасаддиёни баргузории ин ҷашнвора Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Раззоқзода, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Мехостам дар бораи ҷашнвораи "Нигоҳи нав" маълумоти пурратар медодед. Ин ҷашнвора чӣ гуна ҷашнвора аст ва ҳадафи шумо аз баргузор кардани он дар чист? 

Далер: -Ин ҷашнвора-озмунест, ки бо даст додани имконият ҳамасола баргузор мегардад. Дар ҷашнвораи мо ҷавонони то 30-сола иштирок карда метавонанд. Ҳамаи намоишҳое, ки дар ҷашнвора-озмун иштирок менамоянд аз тарафи сарапарстони лоиҳа маблағгузорӣ мешаванд. Масалан, онҳо аз дилхох минтақаи кишвар барои иштирок дар ҷашнвора ба Душанбе даъват ва бо ҷойи хобу хурокпулӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин имсол маблағи ҳар ҷоизаи мо ҳудуди 200 доллари амрикоӣ буд.

Ҳадафи ниҳоии мо овардани тамошобини чавон ба театр тавассути намоишҳое, ки бо нигоҳи нав таҳия шудаанд ва талаботи тамошобини асри 21умро қонеъ карда метавонанд.

Шоҳҷамшед: -ҶОҶТҶ "Нигоҳи нав" сирф ҷашнвораи ҷавонон буда, мақсади асосии он сарҷамъ кардани ҷавонони эҷодкоре, ки ҳамаи онҳо як "дард" доранд, яъне - ТЕАТР. Ва дар мардум бедор кардани ҳисси театрравӣ ё, ки театрдӯстдорӣ.

-Шумо соли дуввум аст, ки дар кишвар ҷашнвора - озмуни ҷумхуриявии театрии ҷавононро бо номи "Нигоҳи нав" баргузор мекунед. Кай ғояи "Нигоҳи нав" ба сари Шумо омад ва аввалин қадаматон дар ин самт кадом буд???

Далер: -Дар бахши чоруми Донишкадаи санъат мехондам, ки ғояи ин лоиҳа дар андешаам пайдо шуд. Баъдан, соле қабл ба роҳбарияти донишкада лоиҳаро пешниҳод намудам. Дар аввал аз ҷониби собиқ роҳбари донишкада хуб қабул карда шуд. Аммо намедонам бо сабабҳои ба мо низ номаълум якбора аз дастгирии он даст кашиданд ва ҳатто монеаҳо низ эҷод намуданд, то ин лоиҳа роҳандозӣ нагардад.

Бар замми ин ҳама мо ҳамон сол даъватномаи баргузории нахустин ҷашнвора-озмунро ба роҳбарияти собиқи донишкада расонидем, аммо онҳо боз ҳам даъвати моро напазируфтанд. Хулоса, намедонам то ҳол бароямон муаммост, ки чаро бо мо чунин рафтор намуданд. Ҳамин буд талошҳои нахустинамон ва чун ноком шудем, сар халонидем ба дари идораҳои хориҷӣ.

Шоҳҷамшед: -Ман низ дар ҳамон вохӯрие, ки Далер ғояи ин лоиҳаро ба собиқ роҳбари ДДСТ ба номи М.Турсунзода пешниҳод мекард, ҳузур доштам… Моҳи ноябр-декабри соли 2011 мо - донишҷӯёни шӯъбаи коргардонии донишкадаи мазкур барои пешвози соли нави мелодӣ тамрин доштем, ки Далер ба назди толори 2-ми донишкада омада, мехост варақаҳои эълониро часпонад. Ман ба ӯ кӯмаки худро дар самти пайдо кардани шеър ва оҳанги мувофиқ барои ГИМН, сабти аудио-видеоролики тарғиботии ҶОҶТҶ "Нигоҳи нав" пешниҳод кардам ва мо бо ҳамин корро якҷоя оғоз кардем.

-Дар як суҳбате, ки дар сомонаи "Рӯзгор" доштем, Шумо гуфтед, сарпарасти ин ҷашнвора Институти "Ҷамъияти Кушод"-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкории Швейтсария аст. Чаро созмонҳои хориҷӣ? Ба ниҳодҳои ватанӣ ва соҳибкорони кишвар муроҷиат кардеду рад шуд ё…

 Далер: -На, чаро хурсандем ки Вазорати фарҳанг аз ин лоиҳа ду сол инҷониб пуштибонӣ намуда истодааст. Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба миқдори кам ҳам бошад, моро дастгирии молиявӣ мекунад. Аммо, мо ростӣ ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва як мағозаи бузурги техникӣ мактуби ҳамкорӣ фиристодем, онҳо дастгирӣ накарданд. Хушбахтона, соли аввал аз ширкатҳои ватанӣ танҳо ширкати "Рухом" бо мо ҳамкорӣ намуд. Ҳамчунин ду сол боз ташкилоти ҷамъятии "Чавонони асри 21" бо Ҷашнвора-Озмуни "Нигоҳи нав" ҳамкории зич дорад, ки боиси зикр аст.

Шоҳҷамшед: -Дар масъалаи ҷалби соҳибкорони кишвар бошад, ҳоло таҷриба надорем, аммо аз тарафи дӯстон ва ҳамкорон ин маслиҳатро гирифта будем. Вале агар ягон саховатпешаи ватанӣ пайдо шавад ё пайдо кунему ҳамкорӣ пешниҳод кунанд, албатта бо ҷону дил қабул хоҳем кард. Ва фикр мекунам, ки вақти чунин ҳамкориҳо ҳам расидааст.

-Қурбони Собир дар як суҳбат гуфт, ки "Нигоҳи нав" ҷашнвораи хуб аст, аммо "онро чашми дидан надоранд". Кӣ шуморо чашми дидан надорад ва ба кадом далел?

Далер: -Хуб ин андешаи устод Қурбони Собир аст, ки мо ин нафарро эҳтиром мекунем, зеро яке аз аввалинҳост, ки лоиҳаро дастгирии маънавӣ намуда, дар паҳлӯи мо рост истод. Албатта, оғози кор бе камбудӣ намешавад ва ин камбудҳои моро атрофиён дида, баъзеяшон пинҳону бархеи дигар ошкор  эрод мегиранд.

Шоҳҷамшед: -Агар "чашми дидан" надошта бошанд, моро чи хел диданд?  (механдад) Агар аз шӯхӣ берун гап занем ин дида натавонистанҳо барои фоидаи кори мо ҳаст, зеро аз он "чашмҳо" мефаҳмӣ, ки дар куҷо хато кардӣ ё дуруст. Ва вақте ин ҳама ба фоидаи кор бошад, хавотир шудан ҳам нашояд.

-Ҳунармандони бузургсоли мо ҷашнвораи Шуморо чӣ гуна қабул карданд? Аз тарафи бархеи онҳо ҳам бадбинӣ буд?

Далер: -Бадбинияшонро намедонам, то ҳол мушоҳида накардаем. Аммо, аз чӣ  бошад мо қисми зиёди онҳоро дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвора-Озмун дидему баъдан моро танҳо гузоштанд. Шояд мо ҷавобгӯи табъи онҳо намбудем.

Шоҳҷамшед: -Аз тарафи ҳунармандони бузургсол ба ғайр аз маслиҳату машварат ва роҳнамоӣ чизе набуд ва агар чунин ҳам шавад, фикр мекунам ин сад дар сад нодуруст хоҳад буд. Зеро мо ба тарбияи онҳо ниёз дорем на ба бадбинӣ.

-Хуршед Мустафоев мегӯяд, сатҳи "Нигоҳи нав" аз сатҳи "Парасту" баландтар аст. Ман ин гуна муболиғаро қабул надорам. Шумо чӣ? Оё воқеан аз дидгоҳи Шумо ҳам "Нигоҳи нав" аз "Парасту" дар сатҳи баландтар аст? Агар ҳа, ба кадом далел?

Далер: -Хуб мешуд ки ба ин суол аз худи Хуршед Мустафоев посух гиред, ки муболиға кардааст ё на. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки ин ҳунарманд, ҳамасола ба 4-5 ҷашнвораи театри хориҷ меравад ва онҳоро дида, муқоиса мекунад. Чун дар "Нигоҳи нав" аксаран ҷавонон фаъолият мекунанд ва табъу завқи Хуршед низ ба мо наздик аст. Шояд ба ин хотир бошад. Аммо "Парасту" бо ҳама каму костиҳои худаш мақом ва манзалати худро дорад. Бигзор фарқ нагузорем миёни ин ду ҷашнвора ва бигзор боз даҳҳо ҷашнвораҳои дигари театрӣ роҳандозӣ карда шаванд. 

Шоҳҷамшед: -Барои ҷавоби мушаххаси ин савол Шумо ба мутахассисони хирфавии соҳаи театрӣ муроҷиат кунед беҳ мешуд. Чунки мо ҳоло нав қадамҳои аввалини худро дар самти ҷашнворасозӣ монда истодаем ва ҳуқуқи чунин таҳлилҳоро надорем.

-Шумо "Парасту"-и имсоларо тамошо кардед? Чи чизро писандидед ва чиро на?

Шоҳҷамшед: -Аз ҳама писандидатарин барои ман дар ҷараёни баргузории ҷашнвораи "Парасту" ин сарҷамъии тамоми аҳли ҳунари театрҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки аз дидани дидори ҳамкасбон ва ҳамсабақон мешукуфанд. Сатҳи баланд ё паст будани намоишҳо бошанд ин фақат аз ду ё се ҷузъиёти ҳалшаванда вобаста аст. Ин маблағгузории кофӣ, коргардони хуб ва маводи баланд.

Далер: -Ман ба ҷуз ду намоиш аз ҳамаи чараёни "Парасту" дидан намудам. Сатҳи пасти аксари намоишҳо маро хуш наомад, ки ин ҳатто шармовар аст. Дар ин баробар намоиши Курбон Бобоҷонов "Ҷавонии Мушфиқӣ"-ро дӯст доштам. Сатҳи ташкилии "Парасту" хуб набуд, ки фикр мекунам ин низ ба маблағ вобастагии зич дорад. Бовар дорам, ки парвози "Парасту"-и оянда баландтар ва зеботар мегардад.

-Бархе аз ҳунармандони мо мегӯянд, дар "Нигоҳи нав" ҳунарманду коргардонҳои  касбӣ на, балки аксаран ҳаваскорон ҷамъ мешаванд, Шумо чӣ мегӯед???

Далер: -Ҳар нафар ҳаққи ибрози андешаро дорад, аммо ман намедонам, ки ба "аксар"-и Шумо киҳо ворид мешаванд. Чун ман бовар надорам, ки онҳо аҳли театр бошанд…Инро мехохам зикр намоям, ки дар ҷашнвораи "Нигоҳи нав" ҳамаи он ҷавононе, ки намоиши таҳия намудаашон талаботи моро қонеъ кунад, ҳуқуқи ишитрок карданро пайдо мекунанд.

Новобаста аз он, ки онҳо донишҷӯянд ё ҳунарманди театри халқӣ ё касбӣ ва ё ҳаваскор… Баъдан, ҷашнвораи имсола дар ду самт баргузор гардид, яъне намоишҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ. Ман бо боварии комил метавонам гӯям, ки намоишҳои имсол дар озмуни мо ишитрок намуда талаботи театрҳои касбиро қонеъ карда метавонист. Инро на танҳо ман, балки ҳунармандон ва собиқадорони театр, ки шоҳиди воқеа буданд, метавонанд исбот кунанд.

Шоҳҷамшед: -Ҳамон ҳаваскорон соли гузашта намоишҳои "Модари аз тоқати таҳқир хаста" (дар таҳияи гуруҳи ҷавонони эҷодкор аз Конибодом, ки соҳиби Шоҳҷоиза ва се ҷоизаи дигар шуда буд), "Счастье" (театри русии Чкалов, ки соҳиби 2 ҷоиза шуда буд), "Хирс" (ДДСТ ба номи М.Турсунзода, ки соҳиби 2 ҷоиза), имсол бошад намоишҳои "Оҳ, агар зинда мебудам…" (гуруҳи ҷавонони эҷодкор  "Порс" аз Душанбе, ки соҳиби 4 ҷоиза шуда буд), "Бадният" (ДДХ ба номи Б.Ғафуров, соҳиби 3 ҷоиза), "Замоне барои ишқ" (гуруҳи "Само" аз Душанбе, соҳиби 2 ҷоиза) таҳия ва пешниҳод намуда буданд, ки аз тарафи ҳакамони ҳирфавӣ ба монанди Барзу Абдураззоқов, Раҷаб Ҳусейнов, Янтобте Мамадқулов, Тамара Махсумовна ва дигарон баҳои сазовор гирифта буданд.

-Шумо ба мақсаде, ки пеш аз роҳандозӣ кардани ин ҷашнвора пеши худ гузошта будед, расидед ё на???

Далер: -На…аммо қадамҳои нахустин гузошта шудаанд. Дигар роҳи бозгашт нест..

Шоҳҷамшед: -Ба фикрам баъди гузаронидани 1-2 ҷашнвора ба ҳадафи ниҳоӣ расидан амри маҳол аст. Ҳоло ҳамааш дар пеш.

ӣ бояд кард, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба театр бештар шавад ва оё "Нигоҳи нав" дар мавриди ҷалби тамошобин ба театр нақш гузошта метавонад?

Далер: -Таваҷуҳҳи чавононе, ки дар ин самт фаъолият мекунанд ё таҳсил ду сол боз аллакай ҷалб шудааст. Чун боз ҳам маблағ…ҷоизаҳои мо ки имсол маблағ дошт, довталабон зиёд шуданд ва агар маблағи зиёдтар бошад, боз ҳам сатҳи намоишҳо ва рақобати эҷодӣ бештар мешавад. Дар мавриди тамошобинон бошад то ҳол нақши бузург нагузоштааст. Ҳарчанд толори намоишҳои ҷашнвора-озмун пур буд. Аммо аз ҳисоби тамошобинони хосса ва тамошобинони қаторӣ… Яке аз мақсадҳои бузурги мо низ ҳамин аст, фикр мекунам мерасад он рӯзҳо низ.

Шоҳҷамшед: -Сатҳи хизматрасонӣ барои тамошобин дар театр бояд баланд бардошта шавад, оғоз аз чиптагир (билетёр), либосовезак (гардероб) то намоишҳои бо талаботи тамошобини муосир таҳияшуда, ки аз ҷиҳати ороиши саҳна, чароғ, ҷиҳози саҳна, либоси шинам ва мувофиқ ва ба даҳҳо талаботҳои дигари замони муосир ҷавобгӯй.

Зеро дар айни ҳол ё ба истилои дигар асри бистуяк кам тамошобине ёфт мешавад, ки аз хониши монологе, ҳатто олӣ бошад, дар ҳайрат монаду моту мабҳут шуда бошад. Ва айни замон фурсате расидааст, ки аз таҷҳизоту техникаи театрии нав истифода намуда намоишҳои худро ҷолибтар  гардонем. Ва яке аз роҳҳои дигари ҷалби тамошобин ин тарғиб тариқи ВАО аст, ки қариб дар навад дарсади ҳолатҳо, яъне баъди таҳия шудани намоши наве дида намешавад.

-Ҳабибулло Абдураззоқов ба он андеша аст, ки дар "Нигоҳи нав"-и имсола нигоҳи нав камтар буд… Шумо чӣ андеша доред?

Далер: -Камтар буд…ман низ розиам ба ин фикр, зеро ҳамагӣ ду намоиш як каме бо диди нав таҳия шуда буд, ки он ҳам бошад хело ноуҳдабароёна. Аммо ҳоло фурсати он аст, ки ҷавонони театрии мо огоҳ шаванд, ки "Нигоҳи нав" аз онҳо чӣ мехоҳад. Бовар дорам, ки дар ин ду сол онҳо то андозае инро дарк намуданд ва дар соли оянда инқилоби театрие бояд шавад.

Шоҳҷамшед: -"Нигоҳи нав" - ин боз ҳам ҳамон бозии ҳунармандон дар саҳна, аммо бозӣ неву зиндагӣ, ин ҳамон чароғ, аммо фақат аз 2-3 ранг истифода бурдан неву 20-30 ранг, ин ҳамон либоси саҳнавӣ, аммо бо дӯхти нав… ин ҳама мумкин ҷузъиёт бошад, аммо тамошобини оддӣ аз ҳама пеш ба ҳамин ҷузъиётҳо аҳамият медиҳад. Барои ман кам ё зиёд муҳим нест, муҳим он аст, ки буд ва ин одамро умеди нав мебахшад.

-Рост аст, ки дар чашнвораи имсола як театршиноси хоричи ба Шоҳҷамшед Умарӣ ва Далери Эмомалӣ маблаги калон такдим кардааст???

Далер: -Ростӣ дар аввал чунин иқдоме буд, баъдан ба таъхир гузошта шуд, ки ҳоло намедонам ҳа гӯям ё на… Зеро  ҳанӯз ҳам чиз муаммост ва норӯшан.

Шоҳҷамшед: -Натанҳо ба ману Далер, боз ба ду гуруҳи иштирокчии имсола чунин ваъда  дода шудааст. Ва ҳатман баъди ба даст гирифтани он маблағ бехабар нахоҳед монд.

-Намоишҳои ҷашнвораи Шуморо ба фестивалҳои хориҷ даъват накарданд?

Далер: -То ҳол на. Аммо чунин иқдомҳо роҳандозӣ шуда истодаанд, ки бовар дорам натиҷаҳои хуб медиҳаду аз он мо шуморо ҳатман огоҳ мекунем.

Шоҳҷамшед: -Аввал ин, ки ин кори саҳл нест ва дуввум мо бояд чунин намоишҳоеро таҳия кунем, ки ҷавобгӯи талаботҳои театрии ҷаҳонӣ ва сазовори даъватҳо шаванд. Ва гумон мекунам, бе кӯмаку дастгирии бузургсолон ва шахсони дахлдори соҳа ин кор мушкилтар аст.

-Нақшаҳоятон барои "Нигоҳи нав"-и соли оянда чӣ гуна аст?

Далер: -Нақшаҳо зиёданд, ҳатто беохир… аммо намешавад ҳамаи онро мо инҷо қайд намоем, зеро воқеан хело зиёд ва нақшаҳои бузурганд. Баъдан боз ҳам маблағ нақши асосиро мебозад, ки ҷашнвора соли оянда баргузор мегардад ё на.

Шоҳҷамшед: -Боз ҳам ба як зинаи дигар қадам мондан. Мо ҳамаи саъю кӯшишҳоро мекунем, ки иҷрокунандаи "нақши асосӣ"-ро ёбем ва Худо нахоҳаду "иҷрокунанда" ёфт нашавад аз ҳамаи хоҳишмандону онҳое, ки дар ин ду сол ба мо пайвастанд, хоҳиш мекунам, ки бо кадом як роҳе соли оянда боз ҳам дар маросими пӯшидашавӣ дасти ҳамдигар гирифта гӯем: "Ман, Ту, Вай… дар якҷоягӣ Мо МЕТАВОНЕМ!!".

-Барои баргузор кардани ҷашнвора чӣ қадар маблағ харҷ мешавад? Барои он мепурсам, ки шояд ягон хонандаи "Рӯзгор" сарпарастии "Нигоҳи нав"-ро ба уҳда бигирад…

Далер: -Э кош, чунин нафарон пайдо шаванд. Аммо ман бовар надорам, зеро ҳама маблағашро дар самте сарф мекунад, ки бозпас фоида бигирад. Театр бошад ба ҷуз фоидаи маънавӣ дигар чизе дода наметавонад… Ҷашнвораи имсола наздики 40 ҳазор доллар буҷа дошт, ки дар ҳамин ҳол ҳам камбудҳои зиёдеро мо ҳангоми роҳандозии лоиҳа ҳис намудем. Аммо барои дар сатҳи хуб гузаронидан, ки ақаллан талаботи ҷашнвораҳои Осиёро ҷавобгуй бошад моро буҷаи то 100 хазор доллара лозим аст. Боз ҳам мегӯям, умед надорам, ки мо чунин сарпараст пайдо намоем.

Шоҳҷамшед: -Далер рақами 100-ро дӯст медорад, барои ҳамин якбора чунин гуфт. Ба маблағи аз ин камтар ҳам баргузор карда мешавад, аммо баъди он сафи "ҳаваскоргӯяндагон" зиёд хоҳад шуд. Вале ман боварӣ дорам, ки сарпарастони инфиродӣ ҳатман ёфт мешаванд ва ин маънои онро надорад, ки як нафар бояд тамоми масрафҳои ҷашнвораро ба пуррагӣ ба уҳда бигирад. Мо ба дастгирии қисман ҳам розӣ ҳастем.

-Шояд суолеро интизор будеду ман напурсидам…

Далер: -Суол, ки на…гуфтание дорам. Албата, ҳамаи кор ва иқдом дар оғоз бе нуқсон намешавад. ҶОҶТҶ "Нигоҳи нав"- низ пур аз нуқсонҳост. Бовар дорам, ки дар оянда бо пайдо намудани сарпарастон ин ҳама роҳи ҳалли худро меёбад. Аммо нисбати гуруҳи тадорукоти лоиҳа дар атроф суханҳои ноҳақ зиёд гуфта мешаванд ва умед дорам, рӯзе он нафарон ноҳақ будани худро мефаҳманд. Ман аз ин минбари баланд мегӯям, ки чун дигар ҷавонони театрӣ аз ҳисоби волидайн мехӯраму мепӯшам ва моҳонае, ки аз ҳисоби лоиҳа мегирам, ҳамагӣ барои  семоҳа зиндагиям кифоя асту бас. Аммо барои он, ки театри муосири тоҷик чавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ гардад, ман шахсан омодаам ҳатто фарроши театр шавам.

Шоҳҷамшед: -Ман ҳам дар муддати 7 соли дар театр кор карданам гоҳо ба устохонаи театр сар мехалондаму гоҳо ҳамроҳи коргарони саҳна ё хамчун коргари саҳна бепул (табассум) кор мекардам. Ин ягон ҷои бадӣ надорад ё ман аз ин ягон чӣ бой надодам, барои ман муҳим он буд, ки дар театр будам. Дар бораи он, ки Далер гуфт, гӯё ҳаққи касеро хӯрда бошем, ҳатто сухане гуфтанӣ нестам, зеро ҳамаи масрафҳои ҷашнвора то дирами охирон ҳуҷҷат дорад.

Баҳман, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi