“Танзими ҷашну маросим”
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои дин, танзими ҷашну маросими мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят дар 6 моҳи соли 2025 мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.
Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 182 адад комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин 1590 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросими ташкилоту муассисаҳо амал менамоянд.
Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти ин комиссияҳо нишон дод, ки дар ҳудуди вилоят ташкилоту муассисаҳое фаъолият мекунанд, ки то ба ҳол дар ин муассисаю ташкилотҳо комиссияи доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода нашуда, дар баъзе ҳолатҳо комиссия таъсисдода шуда бошад ҳам, вале умуман фаъолият намекунанд.
Чунончӣ, санҷиш дар Ҷамоати деҳоти “Золи-Зард”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян намуд, ки то ба ҳол комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода нашуда, ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур коре ҳам ба анҷом расонида нашудааст.
Бо ҳамин монанд қонунвайронкуниҳо дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои вилоят ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда амр ва пешниҳод ирсол карда шуд.
Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки аз ҷониби кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути воситаи ахбори омма ва дар коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ вохӯрию суҳбатҳо анҷом дода мешавад.
Новобаста аз корҳои анҷомдода то ба ҳол холатҳои аз ҷониби шахсони алоҳида риоя ва иҷро накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ба мушоҳида расида, дар ин давра аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 130 ҳолати вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор гардида, бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Аз шумораи 130 қонунвайронкуниҳои ошкоршуда, 4-адад барои ғайриқонунӣ баргузор намудани ҷашни зодрӯз, 3-адад маросими ҳаҷ, 4-адад набастани шартнома бо сарояндагон, 2-адад хатнасур, 11-адад маросими азодорӣ, 6-адад дар тӯи домодию арусӣ пошидани пул, 36-адад нагирифтани тавсиянома, 2-адад гусели арӯсу домод бо истифодаи бештар аз 4 автомошинаи сабукрав ва боқимонда 62-адад вобаста ба баргузории туйи домодию арусӣ риоя накардани ҷойи баргузорӣ, вақти баргузорӣ ва зиёда аз се соат, рост меояд, ки нисбати 54 нафар бо моддаи 481 қисми 1, 20-нафар қисми 2, 48-нафар қисми 3, 5-нафар қисми 4 ва нисбати 3-нафар қисми 5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.
Аз 130 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда, 1-нафар соҳибкор, 3-нафар сароянда, 4-нафар шахси мансабдор ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, боқимонда 122-нафар дар ягонҷо кор намекунанд ва нафақахур мебошад.
Дар давраи ҷамъбасти 6-моҳаи якуми соли равон ҷамъан 57 санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи санҷишҳо баҳри бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 128 пешниҳод, 45 амр унвони шахсони мансабдор ирсол карда шуда, бо санадҳои ғайриқонунӣ 11 эътироз оварда, нисбати 118 нафар истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, нисбати 130 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 2 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, оид ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунии ошкоршуда чораҳои судманд меандешад.
Азимзода А., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1